Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2024 ба фаъолияти соҳибкорӣ оид ба хариду фурӯши автомашинаҳои сабукрав машғул гашта, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Ленд Крузер Прадо-150»-ро ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, қисман маблағҳои пулиашро дода, 174 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, хонаи истиқоматиашро, ки ба номи бародараш буд, ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ фурӯхта, аз ин миқдор 22 ҳазору 500 сомонӣ маблағи пулиро тариқи нақдӣ ба даст оварда, онро ба манфиати худ сарф кардааст.
Баъдан гумонбаршаванда хонаи ба ҷабрдида фурӯхтаашро такроран ба ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ фурӯхта, аз ӯ 150 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи пулии соли 2019 аз ҷабрдида гирифтаашро барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















