Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024
Лоиҳа
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз _________соли 2021,
№ ____
Нақшаи
миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024
№ т/т Номгўи чорабиниҳо Муҳлати иҷро Иҷро-
кунандагон Шарикони иҷтимоӣ Сарчашмаи маблағгузорӣ Натиҷа
1. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ПЕШГИРИИ САВДОИ ОДАМОН
1. Баргузор намудани ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва комиссияиҳои ҳудудии он бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ 2022-2024 КБ, КҲ ва ИҶ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Дар ҷаласаҳои комиссияҳо масъалаҳои марбут ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон баррасӣ карда мешаванд
2. Гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғон, ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади огоҳонидани шаҳрвандон вобаста ба оқибатҳои савдои одамон Мунтазам ККҶВ, КРС, ККЗО СБМ, ТБМ, САҲА, ИҶ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Сатҳи маълумоти аҳолӣ оид ба зуҳуроти савдои одамон баланд мегардад.
Қисми муайяни ноболиғон, ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои марбут ба савдои одамон огоҳонида мешаванд
3. Баргузор намудани муколамаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо иштироки намояндагони Маркази муқовимат ба савдои одамони ВКД, Маркази таълимии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ВТҲИА ва ташкилотҳои ҷамъиятии шабакаи «Умед»
Давра ба давра КБ, КТР, ВКД
ДМТ, ВТҲИА Ташкилотҳои ҷамъиятии шабакаи «Умед» Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Савияи дониши аҳолӣ дар самти муқовимат ба савдои
одамон ва оқибатҳои он баланд бардошта мешавад
4. Баргузор намудани «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо зери унвони «Нест бод савдои одамон!» ҳар сол моҳи май КБ, ККҶВ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида Сатҳи маълумот-нокии 50000 иштирокчии дави миллӣ оид ба оқибатҳои савдои одамон баланд мегардад
5. Ташкил ва гузаронидани тренингҳо вобаста ба масъалаи савдои одамон барои шаҳрвандоне, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карданро доранд 2022-2024 КБ, ВММША, ККҶВ СШМА,
АШМАРБ,
СБМ, ТБМ,
САҲА,
БРСММ,
ХКСММ, РСММММҶ,
НИА,
ИҶ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Сатҳи дониш ва маълумотнокии иштирокчиёни тренинг баланд мегардад.
Ба онҳо барои банақшагирӣ ва машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ кӯмак мерасонад
6. Тайёр ва баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии шахсони масъули муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон:
1) омўзонидани ҳайати шахсии воҳидҳои сарҳадоти КДАМ дар самти айнияткунонии қурбонии савдои одамон;
2) омўзонидани кормандони риштаи дахлдори соҳаи тиб (равоншиносон, асабшиносон) дар самти айнияткунонӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба қурбониёни савдои одамон;
3) омўзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбӣ оид ба ошкор ва тафтиши савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд;
4) омўзонидани мутахассисони мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки масъули расонидани кумак ба қурбониёни савдои одам мебошанд;
5) тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби донишҷуёни факултети гуманитарии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон;
6) омўзонидани донишҷуёни гирандаи дараҷаи магистр дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон тавассути курси махсус;
7) омўзонидани мутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти огоҳонӣ ва пешгирии меҳнати маҷбур;
8) омўзонидани судяҳо ҷиҳати баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба савдои одамон;
9) омӯзонидани рӯзноманигорони васоити ахбори омма оид ба риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон;
10) омўзонидани кормандони дипломатӣ ва консулгарӣ тавассути гузаронидани дарсҳои онлайнӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
2022-2024 ВМИ, ВММША, ВТҲИА, ВКД, ВКХ, КДАМ, АИДП, СО
(дар мувофиқа)
СБМ, ТБМ, САҲА,
ИҶ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Дар самти муқовимат ба савдои одамон мутахассисон омода карда мешаванд
7. Ташкил ва гузаронидани семинарҳо ҷиҳати инкишоф додани малакаи касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аъзои комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар самти пешгирии савдои одамон
2022-2024 КБ, ВТҲИА, МИҲД, ДМТ,
ВММША СБМ, ТБМ, САҲА,
ИҶ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Малакаи касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аъзоёни комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар самти пешгирии савдои одамон инкишоф дода мешавад
8. Коркард ва амалӣ намудани барнома оид ба омўзонидани адвокатҳое, ки ба қурбониёни савдои одамон кумаки ройгони ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашударо мерасонанд 2022-2024 КБ, ВА (дар мувофиқа бо Иттифоқи адвокатҳо) СБМ, ТБМ, САҲА,
ИҶ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Малакаи касбии адвокатҳое, ки ба қурбониёни савдои одамон кумаки ройгони ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда-ро мерасонанд, тақвият дода мешавад
9. Дар барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар барномаву нақшаҳои соҳавӣ пешбинӣ намудани маблағгузорӣ (додани қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва дигар имтиёзҳои меҳнатӣ ва ташкили соҳибкории хурду миёна) ҷиҳати бо кор таъмин намудани қурбониёни савдои одамон
2022-2024 КБ, ВММША, ККҶВ, ККЗО, МИҲД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Дар барномаву нақшаҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудани қурбониёни савдои одамон маблағгузорӣ пешнибӣ карда мешавад
10. Омўзиш ва баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории ҷорӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2022-2024 КБ, ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН, ХГ, ВМИ, ММҚ, МИҲД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад
11. Гузаронидани мизи мудаввар дар мавзуи «Хавфнокӣ ва оқибатҳои савдои одамон» 2022 КБ, ВФ, ККЗО, МИҲД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Сатҳи дониш ва маълумотнокии иштирокчиёни мизи мудаввар баланд мегардад
12. Намоиши силсилафилмҳои иттилоотӣ дар мавзўи «Пешгирии савдои одамон»
2022-2024 КБ, ВФ, КТР САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Сатҳи маълу- мотнокии аҳолӣ баланд мегардад
13. Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-бадеӣ: спектаклҳо;
- намоишномаҳо; консертҳо;
оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон
2022-2024 КБ, ВФ, КТР САҲА, СБМ, ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Маълумотноки иштирокчиёни чорабиниҳои зикршуда баланд мегардад
14. Ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии расм ва суратҳо ҷиҳати пешгирии савдои одамон ва баланд бардоштани воқифияти аҳолӣ оид ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд
2022-2024 КБ, ВФ, КТР САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Сатҳи маълу мотнокии аҳолӣ баланд мегардад
15. Ҷоннок ва дастгирӣ намудани фаъолияти сомонаи интернетии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва субъектҳои муқовимат ба савдои одамон
2022-2024 КБ, ВКД, ПГ, КДАМ, АНМН, ХГ, ВА, ВКХ, ВМИ, ВММША, ВТҲИА, ККЗО, ККҶВ, КРС, МИҲД
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ Фаъолияти сомонаи интернетии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва субъектҳои муқовимат ба савдои одамон
ҷоннок мегардад
16. Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба рўзи байналмилалии «Мубориза бар зидди савдои одамон»
(30 июл) 2022-2024 КБ, ВФ, КТР САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Маълумотнокии иштирокчиёни чорабиниҳо баланд мегардад
17. Иттилоотонии кӯдакон, ҷавонон ва падару модарон оид ба оқибатҳои ногувори савдои одамон ва истисмори меҳнати кўдакон
2022-2024 ВММША,
ККҶВ, ВМИ, ККЗО САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Маълумотнокии кўдакон, ҷавонон ва падару модарон баланд мегардад
18. Расонидани кумак ва дастгирии ятимон-хатмкунандагони интернатҳо барои идомаи таҳсили тахассусӣ ва бо кор таъмин кардани онҳо (қурбонии эҳтимолии савдои одамон)
2022-2024 КБ, ВММША, ВМИ, ККҶВ, МИҲД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Ба ятимон-хатмкунандагони интернатҳо барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва олии касбӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
-Ятимон-хатмку-нандагони интернатҳо бо ҷои кор таъмин карда мешаванд
19. Гузаронидани санҷишҳо дар муассисаҳои дорои иҷозати пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар мавриди ошкоркунии вайронкунии қонунгузории амалкунанда хабардор намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Мунтазам ВТҲИА, ПГ, ВКД, КДАМ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
-Дар муассисаҳои дорои иҷозати пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон вайронкунии Қонун пешгирӣ карда мешавад.
Дар сурати ошкор намудани вайронкуниҳо чораандешӣ карда мешавад
20. Таҳия, чоп ва паҳн намудани овезаҳо, навиштаҷотҳои таблиғотӣ, тақвимҳо, китобчаҳо, дигар маводи тақсимотии хусусияти иттилоотии таблиғотӣ ва маърифатидошта оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
2022-2024 ККҶВ, ККЗО, КРС, ВКД, ВМИ, ВТҲИА, ХГ, МИҲД, ФИК САҲА, СБМ ва дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Сатҳи дониш ва маълумотнокии аҳолӣ баланд мегардад
21. Омўзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки мунтазам ба Фонди давлатии кумак ба қурбониёни савдои одамон маблағҳо мегузаронанд, барои баргардонидани қурбониёни савдои одамон ба ҷомеа мусоидат менамоянд. Дар ҳамин хусус омода намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор
2022 КБ, ВМИ, ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН, ХД
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти ҳавасманд-гардонии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба Фонди кумак ба қурбониёни савдои одамон маблағгузарон омӯхта мешавад.
Оид ба тартиб ва тарзи ҳавасмандгардо-нии ин санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда мешавад
22. Тайёр намудани кадрҳои донандаи усулҳои муосири равонӣ, руҳӣ ва омузгорӣ дар субъектони муқовимат ба савдои одамон барои муошират бо қурбониёни савдои одамон.
Таъмини бомувозинати раванди нигоҳдорӣ ва азнавкунонии таркиби миқдор, сифатии кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо 2022-2024 СМСО САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Дар субъектони муқовимат ба савдои одамон кадрҳои донандаи усулҳои муосири равонӣ, руҳӣ ва омузгорӣ тарбия карда мешаванд.
Баҳри нигоҳдорӣ ва азнавкунонии таркиби миқдорӣ ва сифатии кадрҳо чораандешӣ карда мешавад
23. Идома додани таъмини риояи манъи истифодаи меҳнати маҷбурии кӯдакон дар корҳои саҳроӣ, алалхусус ҳангоми чамъоварии пахта тавассути гузаронидани санҷишҳои муштарак
Мунтазам КБ, ВКД, ВМИ, ПГ, ВММША, МИҲД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Ба ҷалби ғайриқонунии мактаббачагон ва донишҷўён ба меҳнати маҷбурӣ роҳ дода намешавад.
Дар сурати ошкор кардани вайронкунии қонун нисбати шахсони алоҳида чораандешӣ карда мешавад
24. Таҷдиди назар кардани барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон, инчунин баргузор намудани курсҳои таълимӣ бо омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва марказҳои бозомўзии калонсолон дар самти муқовимат ба савдои одамон 2022-2024 ВМИ, ВММША, ВТҲИА, ДИП САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода мешавад.
Малакаи касбии қисми муайяни омўзгорон вобаста ба аз бар кардани донишҳои муосир дар самти муқовимат ба савдои одамон баланд бардошта мешавад
25. Гузаронидани конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» Сентябр октябри соли 2023 КБ, ВМИ, ВММША, ВТҲИА, ПГ, ВКД, ХГ, КДАМ, КТР САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Сатҳи дониш ва маълумотнокии иштирокчиёни конфронс ва қисми муайяни аҳолӣ баланд мегардад
26. Таҳия ва нашри воситаи таълимӣ оид ба масоили муқовимат ба савдои одамон барои муассисаҳои таҳсилотӣ (ибтидоӣ, асосӣ, миёна, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ)
2022 ВМИ, ДМТ, ВММША, САҲА, СБМ ва дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Дониш ва малакаи касбии хонандагону донишҷуён баланд бардошта мешавад
27. Гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ-криминологӣ оид ба масъалаҳои ба савдои одамон алоқаманд ва раванди расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, минбаъд муҳокимаи натиҷаи он дар ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон 2023 ВКД, ДМТ, ПГ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Таҳқиқоти иҷтимоӣ-криминологӣ оид ба масъалаи ба савдои одамон алоқаманд ва раванди расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон гузаронида мешавад
28. Ҷоннок намудани фаъолияти шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои электронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҷой додани чорабиниҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба иттилоот дар ин самт
2022-2024 СМСО САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Иттилоотнокии аҳолӣ дар ин самт беҳтар гардонида мешавад
29. Ба номгӯи мавзуҳои рисолаҳои дипломӣ ва хатмкунӣ ворид намудани масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон барои донишҷўён ва магистрҳои муассисаҳои таълимӣ
2022-2024 ВМИ, ВММША, ВТҲИА, АИД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ба номгўи мавзуҳои рисолаҳои дипломӣ ва хатмкунии донишҷўён ва магистрҳои муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ворид карда мешавад
30. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ, варзишӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳо ва конфронсҳо бо мақсади пешгирӣ намудан, рафъ ва огоҳонидани аҳолӣ аз хатарҳо ва оқибатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд
2022-2024 КБ, ВКД, КДАМ, ПГ, ВММША, ККҶВ, ВМИ, КТР
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Сатҳи дониш ва маълумотнокии иштирокчиёни конфронс ва қисми муайяни аҳолӣ баланд мегардад
31. Такмил додани ҳисоботи оморӣ ва ҷамъоварии мутамаркази иттилоот, аз ҷумла баррасӣ ва такмил додани шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи оморӣ, ки дар онҳо оид ба савдогарони одамон ва қурбониёни савдои одамон маълумот дода мешаванд ва ҷамъоварӣ намудани иттилооти муносиб ва мавриди истифода бурдани онҳо ҳангоми таҳия ва амалӣ намудани стратегияву барномаҳои соҳавӣ
2022-2024 КБ, ВКД, ПГ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст. Ҳисоботи оморӣ ва ҷамъоварии мутамаркази иттилоот, аз ҷумла шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи оморӣ оид ба савдогарони одамон ва қурбониёни савдои одамон такмил дода мешаванд.
32. Таҳлили раванди аз ҷониби иҷрокунандагон иҷро кардани чорабиниҳои пешбининамудаи Нақшаи
милли муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 ва андешидани чораҳо ҷиҳати таъмин намудани иҷрои саривақтӣ ва босифатии он
Ҳар нимсола ДИП САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Раванди аз ҷониби иҷрокунандагон иҷро кардани чорабиниҳои пешбининамудаиНақшаи
мазкур таҳлил ва барои таъмин намудани иҷрои саривақтӣ ва босифати он чораандешӣ карда мешавад
33. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи сеюми соли 2024 КБ, ПГ, ВКД, ДМТ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои минбаъда таҳия ва тасдиқ карда мешавад
2. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҲИМОЯИ ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ
ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ КУМАК БА ОНҲО
34. Таҳия ва тасдиқи рӯйхати индикаторҳо барои мусоидат ба муайян кардани қурбониёни савдои одамон
2022-2023 ПГ, ДМТ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Руйхати индикаторҳои муайян кардани қурбониёни савдои одамон таҳия ва тасдиқ карда мешавад
35. Ташкил ва гузаронидани курсҳои омўзишӣ барои кормандони субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, оид ба масъалаҳои айнияткунонии қурбонии савдои одамон
2022-2024 КБ, ПГ, ВКД, КДАМ, ХГ, АНМН, ДМТ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Дар субъектони бевоситаи муқовимат ба савдои одамон дар самти айнияткунонии қурбонии савдои одамон мутахассисон омода карда мешаванд
36. Айнияткунонии қурбониёни савдои одамон тавассути хатти оҷилӣ; расонидани кумак ба қурбониён ва хешовандони онҳо; бозравонии қурбониён ба муассисаҳои дахлдор
2022-2024 КБ, СМСО
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Қурбонии савдои одамон тавассути хатти оҷилӣ айният карда мешавад.
Ба қурбонӣ ва хешовандони ў саривақт кумак расонида мешавад.
Қурбонӣ барои бозравонӣ ба муассисаи дахлдор ҷойгир карда мешавад
37. Тавассути хатти оҷилӣ айнияткунонӣ, бозравонӣ ва расонидани кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия дар вазъияти мураккаб қарор дошта, эҳтимоли қурбонии савдои одамон шудан доранд
2022-2024 ВММША, ВКД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия дар вазъияти
мураккаб қарор дошта, аз эҳтимол дур нест, ки қурбонии савдои одамон гарданд, айният ва бозравонӣ карда, ба онҳо кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ дода мешавад
38. Расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, моддӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ ба қурбониён ва қурбониёни эҳтимолии савдои одамон, ки давлат кафолат додааст 2022-2024 ВТҲИА, ВММША, ВА, ПГ, ВКД, КДАМ, ХГ, АНМН САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Қурбониёни савдои одамон бо маҷмўи ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешаванд
39. Мусоидат кардан ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани қурбониёни савдои одамон, ки дар ҷустуҷўи ҷои кор мебошанд
2022-2024 ВММША САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Шумораи муайяни қурбониёни савдои одамон, ки дар ҷустуҷўи ҷои кор мебошанд, бо ҷои кор таъмин карда мешаванд
40. Пешниҳод намудани ҳимояи иҷтимоӣ ба қурбонии савдои одамон дар мавриди бекормониашон тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-2024 ВТҲИА, ВММША САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Шумораи муайяни қурбониёни савдои одамон ба ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд
41. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, расонидани кумакҳои моддӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ба меҳнат фаро гирифтани қурбониёни савдои одамон
доимӣ КБ, ВММША, ВТҲИА, ККЗО, ККҶВ,
МИҲД,
КДТАҶМ
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, кумакҳои моддӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ба меҳнат фаро гирифтани қурбониёни савдои одамон ҳамкорӣ густариш дода мешавад
42. Ба касбомўзӣ фаро гирифтани қурбониёни савдои одамон
доимӣ ВМИ, ВММША САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Шумораи муайяни қурбониёни савдои одамон ба тайёрии касбӣ ва касбомўзӣ фаро гирифта мешаванд
43. Андешидани чораҳо ҷиҳати ташкил додани Фонди давлатии расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
2022 КБ, ВКД, КДАМ, ПГ, ВМ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст
Ба қурбониёни савдои одамон Фонди махсус ҷудо карда мешавад
44. Бознигарии фаъолияти телефони боварӣ ва хати оҷилӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон 2022 СМСО САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Фаъолияти телефони боварӣ ва хати оҷилӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷоннок карда мешавад
45. Ба амал баровардани назорати саривақтӣ ва қонунии баррасии муроҷиатҳои қурбониёни савдои одамон, инчунин риояи асосҳо ва тартиби иҷрои расмиёти ихтиёрӣ ва бехавфи фиристодани шахс ба давлати тавлид ва ё қабули дигар қарори қонунӣ оид ба масъалаҳои ҷой, муҳлат ва шароити будубоши чунин шахсон
2022-2024 ПГ, ВКХ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Назорат ҷиҳати сари вақт ва қонунии баррасӣ намудани муроҷиатҳои қурбониёни савдои одамон ва қабули қарори дахлдор
дуруст ба роҳ монда мешавад
46. Мониторинг ва табодули маълумот байни мақомоти ваколатдор нисбати эълонҳо ва маводи иттилоотӣ дар васоити ахбори омма ва интернет марбут ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, инчунин бавуҷуд оварандаи талабот ба чунин хизматрасониҳо
2022-2024 ПГ, ВКД, ХА САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Байни мақомоти ваколатдор оид ба эълонҳо ва маводи иттилоотӣ дар васоити ахбори омма ва интернет марбут ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд табодули маълумот ба роҳ монда мешавад
47. Ташкил ва гузаронидани санҷишҳои ногаҳонӣ ва ғайринақшавӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати риояи қонунгузории меҳнат, инчунин пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон дар ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон
2022-2024 ВММША, ПГ, ВКД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ҷиҳати риояи қонунгузории меҳнат, пешгирӣ ва ошкор намудани савдои одамон дар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон мунтазам санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида мешаванд
48. Ташкил ва гузаронидани мониторинги иҷрои нақшаи барқарорсозии шахсоне, ки мақоми қурбонии савдои одамонро гирифтаанд
2022-2024 ПГ, ДМТ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Иҷрои нақшаи барқарорсозии шахсони мақоми қурбонии савдои одамон таҳлил карда мешавад
3. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТИИ САВДОИ ОДАМОН
49. Гузаронидани таҳлил ва ҷамъбасти қонунвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва баррасии масъалаи мазкур дар ҷаласаҳои Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-2024 КБ, ПГ, ВКД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Қонунвайронкуни-ҳо дар самти савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд таҳлил ва ҷамъбаст карда шуда, натиҷаи он дар ҷаласаҳои Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
баррасӣ карда мешавад
50. Амалӣ намудани иштироки операторон ва провайдерҳои шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернет дар андешидани чораҳо ҷиҳати истифодаи бехавфи интернет 2022-2024 ХА
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Иштироки операторон ва провайдерҳои шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернет дар истифодаи бехавфи интернет таъмин карда мешавад
51. Таҳияи дастурамал оид ба нақши прокурор дар фардикунонии ҷазо барои содир намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд 2022 ПГ, ДМТ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Оид ба нақши прокурор дар фардикунонии ҷазо барои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд дастурамал таҳия ва қабул карда мешавад
52. Таҳияи дастурамал оид ба айнияткунонӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд аз ҷониби кормандони воҳидҳои сарҳадоти КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022 КДАМ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Оид ба айнияткунонӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд аз ҷониби кормандони воҳидҳои сарҳадоти КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамал таҳия ва қабул карда мешавад
53. Андешидани чораҳо ҷиҳати ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд 2022-2024 Субъектони дахлдори МСО САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ҷиҳати ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд чораандешӣ карда мешавад
54. Давра ба давра ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва амалиёти махсус, қабл аз ҳама:
1) зери назорати оперативӣ қарор додани фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва терминалҳои мусофирбарӣ бо мақсади муайян ва ошкор намудани гумонбарон ва қурбониёни савдои одамон;
2) оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятие, ки ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд машғуланд;
3) оид ба баланд бардоштани самаранокии ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳо, ҷустуҷўи ҷинояткорон марбут ба савдои одамон, ошкор намудани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаи онҳо, саривақт баррасии ин қабил парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳо;
4) оид ба пешгирӣ ва ошкор кардани сомонаҳои интернетие, ки тавассути онҳо шаҳрвандон метавонанд қурбонии савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд гарданд
2022-2024 ВКД, КДАМ, АНМН, ХГ, ПГ, ВН, СО (дар мувофиқа) САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Қисмати зиёди мусофирон оид ба хатар ва оқибатҳои
савдои одамон огаҳӣ пайдо мекунанд
55. Пурзўр намудани назорати фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва бо кор таъминкунанда, инчунин миёнаравии издивоҷи байналмилалӣ ва тиҷоратии амсилавӣ (моделӣ) бо мақсади пешгирӣ намудани истифодаи имконияти онҳо дар содир намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд 2022-2024 ПГ, ВКД, ВММША, КРС САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва бо кор таъминкунанда, инчунин миёнаравии издивоҷи байналмилалӣ ва тиҷорати амсилавӣ (моделӣ) зери назорати доимӣ қарор дода мешаванд
56. Ҷамъбаст намудани таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ оид ба савдои одамон, ҷиноятҳои ба он алоқаманд ва таҷдиди назар кардани қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба хариду фурўши одамон ва хариду фурўши ноболиғон» аз 23 декабри соли 2011
2022-2024 ПГ, ВКД, СО (дар мувофиқа) САҲА, СБМ,
дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ оид ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд таҳлилу ҷамъбаст карда мешавад.
Ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба хариду фурўши одамон ва хариду фурўши ноболиғон» аз 23 декабри соли 2011 тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад
4. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ КӮДАКОН
57. Таҳия ва тасдиқи дастурамал оид ба тартиби гузаронидани пурсиши кӯдакон-қурбонии савдои одамон 2022-2023 КБ, ПГ, ДМТ, ВКД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Вобаста ба тартиби гузаронидани пурсиши кӯдакон-қурбонии савдои одамон дастурамал таҳия ва тасдиқ карда мешавад
58. Гузаронидани санҷишҳо оид ба риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаи фарзандхондӣ бо мақсади аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, инчунин аз байн бурдани имконияти сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳои онҳо
2022-2024 ПГ, СО (дар мувофиқа) Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Риояи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ҳангоми фарзандхондӣ, роҳ надодан ба сохтакории ҳуҷҷатҳои кӯдакон мунтазам мавриди санҷиш қарор дода мешавад
59. Ба роҳ мондани назорати дахлдор аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати роҳ надодан ба истифодаи меҳнати кӯдакон 2022-2024 ВММША Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ҷиҳати роҳ надодан ба истифодаи меҳнати кӯдакон назорати дахлдор аз ҷониби кормандони ВММША ба роҳ монда мешавад
60. Таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кўдак, пешгирии истисмори меҳнатии кўдак ва шаклҳои бадтарини он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти шароити Тоҷикистон
2022 ВММША САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Қонунгузории ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кўдак, пешгирии истисмори меҳнатии ў такмил дода шуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
61. Мунтазам таҷдиди назар намудани рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони аз 18-сола хурд.
Дар ҳамин замина:
1) таҳия намудани тавсияҳои методӣ оид ба истифода ва таҷдиди мунтазами рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони аз 18-сола хурд
2) гузаронидани семинарҳои омўзишӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ вобаста ба азхудкунии тавсияҳои методӣ;
3) ташкил ва гузаронидани санҷишҳо вобаста ба ин масъала
2022-2024
2022
2022
2022-2024 ВММША САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони аз 18-сола хурд мунтазам таҳлил карда мешавад.
Оид ба истифода ва таҷдиди мунтазами рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок тавсияҳои методӣ таҳия карда мешавад.
Бо кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ вобаста ба азхудкунии тавсияҳои методӣ семинарҳо гузаронида мешаванд
62. Гузаронидани тадқиқот оид ба масоили муқовимат ба савдои кӯдак ва баррасии натиҷаи он дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон
2023 ПГ, ДМТ, ВКД, КККҶВ, ВММША
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Оид ба масоили муқовимат ба савдои кӯдак тадқиқот гузаронида мешавад.
Натиҷаи тадқиқот дар ҷаласаи КБ баррасӣ карда мешавад
63. Омӯзиш ва мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар самти истифодаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба маҳдудияти дастрасии кўдакон ба маълумоти паҳнгардидаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ, ки ба саломатӣ, инкишофи маънавӣ ва руҳии онҳо зарар мерасонанд
Мунтазам ВМИ, ВТҲИА, ВА, ХА, ВКД САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Барномаҳои дахлдори компютерӣ таҳия карда мешаванд.
Кўдакон аз маълумоти паҳнгардидаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ, ки ба саломатӣ, инкишофи маънавӣ ва руҳии онҳо зарар мерасониданд, ҳифз карда мешаванд
64. Таҳия намудани санади меёърии ҳуқуқӣ, ки маҷмуи ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоиро барои кудакон-қурбониёни савдои одамон муқаррар менамояд
семоҳаи дуюми 2022
ВТҲИА, МИҲД, ВКД, ВМИ, ВРИС
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Санади меъёрии ҳуқуқие, ки маҷмўи ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоиро барои кӯдакон-қурбониёни савдои одамон муқаррар менамояд, таҳия ва қабул карда мешавад
5. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН
65. Тақвият бахшидан ва самаранок ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ дар самти муқовимат ба савдои одамон, муайян намудани ҷойи будубоши савдогарони одамон, боздошт намудан ва супоридан (экстрадитсия)-и онҳо ба давлати зист
2022-2024 ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН, ХГ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ дар самти муқовимат ба савдои одамон, муайян намудани ҷои будубоши савдогарони одамон, боздошт намудан ва супоридан (экстрадитсия)-и онҳо ба давлати зист ҳамкориҳо тақвият дода мешавад
66. Идома додани фаъолияти кормандони намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва табодули таҷриба бо кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати муайян кардан ва сари вақт расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар хориҷи кишвар, таъмини бехатарӣ, ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, инчунин оҷилан ба Ватан баргардонидани онҳо
2022-2024 ВКХ, ВКД, ВММША САҲА, СБМ ва дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Фаъолияти кормандони намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон
бо кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати сари вақт муайян кардан ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, ҳимояи ҳуқуқ озодӣ ва манфиатҳо, таъмини бехатарӣ ва ба Ватан баргардонидани онҳо тақвият дода мешавад
67. Табодули таҷрибаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, васоити методӣ, маълумоти оморӣ ва дигар иттилоот, инчунин натиҷаи таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо мақомоти ҳифзи ҳуқук ва судии давлатҳои аъзои ИДМ
2022-2024 КБ, ВКХ, ПГ, ВКД, ВМИ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Таҷрибаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, васоити методӣ, маълумоти оморӣ, дигар иттилоот, тафтишотӣ-судӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои ИДМ табодули назар карда мешавад
68. Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои транзитӣ ва таъинотии савдои одамон 2022-2024 ПГ, ВКД, ВКХ, КДАМ. САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои транзитӣ ва таъинотӣ дар самти савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд тақвият бахшида мешавад.
69. Пешбурди таҷрибаи ташкили гурӯҳҳои умумии тафтишотӣ вобаста ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманди давлатҳои аъзои ИДМ 2022-2024 ПГ, ВКД, КДАМ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Вобаста ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд бо давлатҳои аъзои ИДМ гурӯҳҳои тафтишотӣ таъсис дода мешавад
70. Бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва амалиёти махсуси маҷмуӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон 2022-2024 ВКД, КДАМ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва амалиёти махсус ба нақша ва амалӣ карда мешаванд
71. Такмил додани шартномаҳои байналмилалӣ дар хусуси ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҷустуҷў, дастгир намудан ва истирдод (экстрадитсия)-и айбдоршавандагони ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқаманд ва содирнамудаи аз тафтишоти суди дар ҳудуди давлатҳои онҳо пинҳоншуда
2022-2024 КБ, ПГ, ВКД, ВКХ, КДАМ, АНМН САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои таъқиб ва истирдоди савдогарони одамон бо давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҷустуҷў, дастгир намудан ва додани айбдоршаванда-гони ин ҷиноятҳоро содирнамудаи аз тафтишот ва суд дар ҳудуди давлатҳои онҳо пинҳоншуда такмил дода мешавад
72. Таҳким бахшидани фаъолият оид ба ҳамкориҳои дутарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти расонидани ёрии техникӣ ё дигар намудани ёрӣ барои дастгирии мақомоти давлатӣ, марказҳои таҳлилӣ-таълимӣ ва марказҳои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон 2022-2024 КБ, ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН, ДМТ САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ҳамкориҳои дутарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти расонидани ёрии техникӣ ё дигар намудани ёрӣ барои дастгирии мақомоти давлатӣ, марказҳои таҳлилӣ-таълимӣ ва марказҳои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон тақвият дода мешавад
73. Васеъ ва самаранок гардонидани ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон 2022-2024 КБ, ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба роҳмонда шуда, тақвият дода мешавад
74. Таъмини иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва марказҳои таҳлилӣ-таълимии муқовимат ба савдои одамон дар курсҳо, семинарҳо, тренингҳо, муколамаҳои даврӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ бо мақсади мубодилаи таҷриба ва такмил додани дараҷаи тахассусӣ ва малакаи касбии онҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
2022-2024 КБ, ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН, ХГ, ДМТ,
СО (дар мувофиқа) САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва марказҳои таҳлилӣ-таълимии муқовимат ба савдои одамон дар курсҳо, семинарҳо, тренингҳо, муколамаҳои даврӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ бо мақсади мубодилаи таҷриба ва такмил додани дараҷаи тахассусӣ ва малакаи касбӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
таъмин карда мешавад
75. Ҷоннок намудани фаъолияти Маркази муқовимат ба савдои одамони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази таҳлилӣ-таълимии муқовимат ба савдои одамони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зўроварӣ дар оилаи ВТҲИА, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида васеъ намудани ҳамкории Маркази таҳлилӣ-таълимии муқовимат ба савдои одамони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо ташкилоту муассисаҳои ҳамшабеҳи кишварҳои хориҷӣ
2022-2024 КБ, ВКД, ДМТ, ВКХ, ВМИ, ВТҲИА
САҲА, СБМ, дигар ТБ, ИҶ, ТҒ Дар доираи маблағҳои пешбинигардида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст Фаъолияти Маркази муқовимат ба савдои одамони РМЗҶМ ВКД ҶТ ва маркази миллии таълимӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ҷоннок карда мешавад.
Ҳамкориҳои байналмилалии Маркази таҳлилӣ-таълимии ДМТ оид ба муқовимат ба савдои одамон рушд меёбанд
ШАКЛИ ПУРРАИ КАЛИМАҲОИ МУРАККАБИ ИХТИСОРШУДА:
АИД – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АНМН – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АШМАРБ – Агентии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ
БРСММ – Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид
ВА – Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВКД – Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВКХ – Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМ – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМИ – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВММША – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВН – Вахорати нақлиёти Тоҷикистон
ВРИС – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВТҲИА – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВФ – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДИП – Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДМТ – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ИҶ – Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
КБ – Комиссияи байниидоравӣ
КДАМ – Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
КДТАҶМ – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ККЗО – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ККҶВС – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КРС – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КТР – Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КҲ – Комиссияҳои ҳудудӣ
МИҲД – Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
ММҚ – Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПГ – Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
РСММММҶ – Раёсати Созмони Миллати Муттаҳид оид ба маводи муходдир ва ҷинояткорӣ
САҲА – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
СБМ – Созмони байналмилалии муҳоҷират
СМСО – Субъектҳои муқовимат ба савдои одамон
СО – Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
СШМА – Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка
ТБ – Ташкилоти байналмилалӣ
ТБМ – Ташкилоти байналмилалии меҳнат
ТҒ – Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
ХКСММ – Хазинаи кӯдакони созмони миллали муттаҳид
ХА – Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХГ – Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФИК – Федератсияи иттифоқҳои касаба