Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
2-юми июли соли 2025, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-СИЕЛО», Қарабеков Бахтиёрҷон Туйғунович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Панҷакент-Айнӣ», дар назди беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо дучархаи «Скутер» таҳти идораи Тағоев Ином Илҳомович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи дучархаи «Скутер» Тағоев И.И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
3-юми июли соли 2025, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Атеко», Расулов Шоҳрух Норимқулович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар километри 14-уми шоҳроҳи «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, ба ҷарии тахминан 100 метр сарозер гардида, ба дохили дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Расулов Ш.Н. бо гирифтани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гашта, мусофири автомашинаи мазкур Ҳақдодов Бахтовар Ниятқулович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.