Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарор

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «5» апрели с. 2005 № 137 

тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ
адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи
мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ин Низомнома тартиб ва шароити адои хизматро дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии кормандони ин мақомотро муайян мекунад.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

1. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар вазифаҳoи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта, бо тартиби муайяннамудаи ин Низомнома ба онҳо рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои тасдиқи ваколаташон шаҳодатномаи хизматӣ ва нишонҳои махсус бо рақами шахсӣ дода мешавад, ки намунаи онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ либоси расмӣ ва нишонҳoи дараҷаҳо муқаррар карда мешаванд, ки намунаи онҳoро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баъди гузаштани тайёрии дахлдор барои доимӣ гирифта гаштан ва нигоҳ доштани яроқи оташфишони табелӣ ва воситаҳои махсус ҳуқуқ пайдо мекунанд. Тартиби додан, гирифта гаштан ва нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва воситаҳои махсусро Вазири корҳои дохилӣ муайян менамояд ва инчунин аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва «Дар бораи яроқ» ба танзим дароварда мешавад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, вазифадор аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо, амру фармоишҳо ва дигар санадҳои меъёрие, ки аз вазифаҳои функсионалӣ бармеояд, риоя намояд.
Роҳбарии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳайати мушовараи (коллегияи) Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ, муовинони ӯ, ҳайати раёсати корҳои дохилӣ, сардорони хадамоти раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.
Назорати иҷрои якхела ва дақиқи қонунҳои танзимкунандаи тартиб ва шароити адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеи он анҷом медиҳанд.

3. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- қонуният;
- ягонагии сохтори мақомоти милитсия, мутамарказ будани идоракунии он;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;
- пинҳонкорӣ, истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;
- яккасардорӣ;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
- ғайриҳизбият.
4. Асосҳои ҳуқуқии хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи яроқ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Дар бораи қӯшунҳои дохилӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ваколати худ қабул намудааст, иборат мебошанд.

5. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифаашро мувофиқи бандҳои 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», аз рӯи қонунгузории ҷорӣ, Савганд, ин Низомнома ва қарордод иҷро менамояд.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти оперативӣ-гумоштавиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» анҷом медиҳад.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад яроқи табелӣ ва воситаҳои махсусро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад.
Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди мақомоти корҳои дохилӣ метавонад аз яроқи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тамоми ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳо буда, инчунин ӯҳдадориҳои шаҳрванди ҷумҳуриро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда кафолат додаанд, ба ӯҳда доранд.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳеҷ шахс ғайр аз мақомот ва шахсони мансабдор, ки қонун ваколатдор намудааст, ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди мақомоти корҳои дохилӣ дахолат карданро надорад.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти хизматии худ аз рӯи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои вайрон кардани қонуният, сӯиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонунӣ, иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад:
а) бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯро аз рӯи вазифаҳои ишғолкарда муайян менамояд, меъёри арзёбии хизмат ва шароити пешравӣ дар вазифа, инчунин дигар шартҳои барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарур шинос гардад;
б) аз рӯи тартиби муқарраршуда маълумот ва маводҳои барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарур бударо гирад;
в) оид ба такмилдиҳии хизмат ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда таклифҳо пешниҳод намояд;
г) қарорҳо қабул намуда, мувофиқи вазифаҳои хизматӣ дар омодагии онҳо иштирок намояд;
д) барои таъин шудан ба вазифаи холӣ бо хоҳиши худ дар озмун (конкурс) иштирок намояд;
е) бо дарназардошти натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва дараҷаи ихтисос ба вазифаи баландтар таъин шавад;
ж) бо маводҳои парвандаи шахсии худ ба истиснои қисми бойгонӣ (архив) ва маводҳои тафтишоти махсус, фикру мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти худ ва дигар ҳуҷҷатҳо то дохил намудан ба парвандаи шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баёноти худ, ки ба парвандаи шахсӣ ҳамроҳ карда шудаанд, шинос шавад;
з) бо тайёрии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
и) аз ҷиҳати молиявӣ, моддӣ ва иҷтимоӣ бо дарназардошти мӯҳлати хизмат, собиқаи корӣ ва ҳолати саломатӣ таъмин гардад;
к) гузаронидани тафтишоти хизматиро барои рад намудани маълумотҳое, ки шаъну эътибори ӯро доғдор менамояд, талаб кунад;
л) ба ҳифзи меҳнат ва саломатӣ.
Истифодаи ҳама ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ва ин Низомнома эътироф намудаанд, бидуни табъиз бе ягон асос, ба монанди ҷинс, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, аққалияти миллӣ, вазъи иҷтимоӣ, адовати шахсӣ, ҷои таваллуд ё дигар мавридҳо бояд таъмин карда шавад.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад барои ҳалли баҳсҳои вобаста ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ба мақомоти болоии корҳои дохилӣ (раёсате, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ барои ҳалли масъалаҳои риоя накардани ҳуқуқи инсон ваколатдор карда шудааст) ё суд муроҷиат намояд.
Ба сардорон (командирон) додани фармон ва фармоишҳое, ки бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ алоқаманд нестанд ё худ муқобили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ аст.
Сардорон (командирон), ки фармон ва фармоишҳои мазкурро додаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бекор намудан ё тағйир додани қарори қабулкардаи корманд, ҳангоми иҷрои вазифаҳо худ аз худ сабаби ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ намешавад, ба шарте, ки онҳо сабаби қасдан вайрон кардани қонун нагардида бошанд.
Барои ҳалли супоришҳои махсус оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муваққатан ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои хизмат ҷалб карда шуданашон мумкин аст (ба истиснои ҳайати доимӣ ва ивазшавандаи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Бинобар зарурати таъмини иҷрои самарабахши вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо розигии онҳо метавонанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ки дигар ташкилотҳо фиристода шаванд.
6. Номгӯҳои вазифаҳои ҳайати қаторӣ, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда ва рутбаҳои махсуси ба ин вазифаҳо мувофиқаткунанда аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Номгӯи мансабҳое, ки полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Талаботи тахассусӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
7. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда таъин гардидаанд, рутбаҳои зерини махсус, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, дода мешаванд:
а) ҳайати қаторӣ:
милитсияи қаторӣ, қатории хизмати дохилӣ
б) ҳайати хурди роҳбарикунанда:
сержанти хурди милитсия, сержанти хурди хизмати дохилӣ;
сержанти милитсия, сержанти хизмати дохилӣ;
сержанти калони милитсия, сержанти калони хизмати дохилӣ;
старшинаи милитсия, старшинаи хизмати дохилӣ;
прапоршики милитсия, прапоршики хизмати дохилӣ;
прапоршики калони милитсия, прапоршики калони хизмати дохилӣ;
в) ҳайати миёнаи роҳбарикунанда:
лейтенанати хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ;
лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ;
лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохилӣ;
капитани милитсия, капитани хизмати дохилӣ;
г) ҳайати калони роҳбарикунанда:
майори милитсия, майори хизмати дохилӣ;
подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ;
полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ;
д) ҳайати олии роҳбарикунанда:
генерал-майори милитсия, генерал-майори хизмати дохилӣ;
генерал-лейтенанти милитсия, генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ;
генерал-полковники милитсия, генерал-полковники хизмати дохилӣ.

Рутбаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба ғайр аз мавридҳои дар ин Низомнома пешбинишуда якумра мебошанд. Ҳангоми ба охир расидани хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ба рутбаи махсуси мавҷуда калимаҳои «дар захира» ё дар «истеъфо» илова карда мешаванд.
Рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити замони ҷанг ва ҳангоми ба нафақа баромадан, ба захира ё истеъфо рафтан бо рутбаҳои ҳарбӣ баробар эътироф карда мешаванд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба захираи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат шудаанд, рутбаи ҳарбӣ бо тартиби аттестатсия бо дарназардошти ихтисоси қайди ҳарбӣ ва рутбаҳои махсус доштани онҳо аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба истеъфо рухсат шудаанд, ба қайди ҳарбӣ гирифта намешаванд. Додани рутбаи ҳарбӣ низ ба онҳо бо тартиби аттестатсияи такрорӣ гузаронида намешавад.
8. Бо мақсади таъмин намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо мутахассисони баландихтисос Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилиро анҷом медиҳад, ки дар худ таълими ибтидоии махсус, тайёрии махсуси ҷангию ҷисмонӣ, тафтиши мунтазами корманд барои коршоямӣ ба амалиёт дар шароити вобаста бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, яроқи оташфишон, тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ такмили ихтисос ва дониши кормандонро дарбар мегирад.
Мутахассисони касбиро барои мақомоти корҳои дохилӣ муассисаҳои таълимии омӯзиши касбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, таҷдид ва барҳам дода мешаванд, тайёр менамоянд.
Шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии омӯзиши касбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати роҳбарикунанда ва профессорон-омӯзгорон, ки рутбаи махсуси корманди мақомоти корҳои дохилӣ дошта, кормандони мақомоти корҳои дохилиро мутобиқи рӯйхати мансабҳо, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, тайёр менамоянд, иҷрокунандаи вазифаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб мераванд.
Низомномаи (Оинномаи) муассисаи таълимии омӯзиши касбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимӣ бо тартиби муқарраршуда тасдиқ карда мешаванд.
Тарзи ташкил ва тартиби тайёрии касбиро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Боби 2. Қабули кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
ба хизмат ва ба вазифаи дигар гузаштани онҳо

9. Ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 сола то 35 сола мебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, таҳсилот, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ё доштани билети (дафтарчаи) ҳарбӣ (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин занҳо) дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
Барои омӯзиш дар муассисаи таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони синни аз 17 то 25 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат накардаанд ва маълумоти миёнаи умумӣ ё маълумоти миёнаи касбӣ доранд, қабул шуда метавонанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин шахсоне, ки рутбаҳои махсус бо иловаи «дар эҳтиёт» ё «истеъфо» доранд, ҳангоми маҳкум шудан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, бо ҳукми суд аз рутбаи махсус маҳрум гардиданашон мумкин аст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои иҷрои вазифаи махсус ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё дигар ташкилотҳо фиристода шудаанд, дар ҳамон ҷо адои вазифа намуда, дар ҳайати кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонанд.
Ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда шаҳрвандоне, ки маълумоти олии касбӣ ё миёнаи махсус доранд, қабул карда мешаванд. Ба мансаби миёнаи роҳбарикунанда ба таври истисно метавонанд шаҳрвандоне, ки маълумоти касбии миёна доранд, қабул карда шаванд.
Ишғол намудани мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси озмун бо роҳи бастани шартномаи инфиродӣ (қарордод), инчунин бо тарзи таъин намудан ба вазифа сурат мегирад.
Қабули кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат бо фармони сардори дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқи салоҳияташ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ эълон карда мешавад.
Шахсони бори нахуст ба хизмати мақомоти корҳои дохилӣ қабулшаванда ҳатман тайёрии махсуси касбиро мегузаранд.
Маҳдудияти синну сол барои шаҳрвандоне, ки пештар аз хизмати мақомоти корҳои дохилӣ сабукдӯш шуда, боз ба хизмат қабул мегарданд, инчунин аз хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар дигар вазорату ташкилотҳое, ки дар онҳо барои ҳайат рутбаҳои махсус муқаррар гардидаанд, тибқи талаботи бандҳои 9, 50 ин Низомнома муайян карда мешаванд.
10. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда намешаванд:
а) шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд (сарфи назар аз мӯҳлати адои ҷазо, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд);
б) мувофиқат накарадан бо шартҳое, ки дар банди 9 ин Низомнома пешбинӣ шудааст;
в) мавҷуд будан ва эътибори қонунӣ доштани ҳукми суд оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ);
г) вуҷуд доштани тасдиқи хулосаи муассисаи тиббӣ оид ба беморие, ки барои адои вазифаҳои хизматӣ монеъ шуда метавонад;
д) саркашӣ намудан аз тафтишоти махсус ва ба расмият даровардани иҷозатнома барои кор бурдан бо маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумотҳои аз тарафи қонун ҳифзшаванда;
е) мавҷудияти хешии наздик ё қудогӣ (волидайн, бародарон, ҳамсарон, хоҳарон, писарон, духтарон, инчунин бародару хоҳарони волидайн ва фарзандони ҳамсарон) бо корманд, агар хизмати онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ бо тобеият ва таҳти назорати бевосита будани яке ба дигаре алоқаманд бошад;
ж) мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷозат ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси ризоияти дуҷониба бо созишномаҳои байнидавлатӣ ба танзим дароварда шуда бошад;
з) саркашӣ намудан аз гузаштани қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»;
и) дар бораи худ ва хешовандон ба дастгоҳи кадрҳо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои баръало бардурӯғ;
к) бо қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд ғайри қобили амал ё маҳдудан қобили амал дониста шудани шаҳрванд;
л) саркашӣ аз супоридани меъёрҳо доир ба тайёрии ҷисмонӣ ё номувофиқии натиҷаҳои санҷишӣ ба меъёрҳои муқарраршуда.

11. Қарордод дар бораи хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмат дар ин мақомот дохил мешавад ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти сардори мақомоти дахлдор, ки ваколатҳои лозимиро дорост, баста мешавад.
Ҳангоми ба мансаби нав таъин гардидан ё ба минтақаи дигар ба хизмат фиристодани корманди мақомоти корҳои дохилӣ, мувофиқи нишондоди бандҳои 44 ва 45 ин Низомнома, бо ӯ бар ивази қарордоди қаблан басташуда (нисбати вазифаи пештарааш) қарордоди нав аз номи сардори дахлдор баста мешавад.
Мувофиқи қарордод дар бораи хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, шаҳрванд (корманд) ӯҳдадор аст вазифаҳои хизматии ба зиммаи ӯ вогузоршударо иҷро намояд, талаботи ин Низомнома, инчунин Савганд ва тартиботи дохилиро риоя намояд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи дахлдори хокимияти давлатӣ бошад аз ҳисобе, ки ин вазифа маблағгузорӣ мешавад, вазифадор аст тамоми намудҳои таъминоташро, инчунин ҳуқуқ, имтиёз, кафолатҳояшро қонеъ гардонида, мувофиқи нишондоди ин Низомнома, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордод барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ шароит муҳайё намояд.
Дар қарордод оқибатҳои ҳуқуқӣ, инчунин ҷавобгарии моддӣ, ки аз сабаби иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи тарафайн фаро мерасад, дар назар дошта мешаванд.
Иҷро нагардидани ӯҳдадории ба зимма гирифта аз ҷониби яке аз тарафҳo барои бекор гардидани қарордод бо ташаббуси ҳар кадоме аз тарафҳo асос шуда метавонад. Далели талаботи қарордодро иҷро накардани тарафҳo (асоснокии бекор намудани қарордод, пеш аз адои мӯҳлати эътибор) бояд аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ тафтиш карда шавад.
Қарордод танҳо дар шакли хаттӣ баста шуда, шартҳои он, вазъи хизматӣ ва иҷтимоии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашудаи корманди мақомоти корҳои дохилиро набояд бад кунад.
Қарордод дар бораи хизмат бо шаҳрвандони (кормандони мақомоти корҳои дохилӣ) ба мансаби ҳайати қаторӣ, хурд ва миёнаи роҳбарикунанда таъиншаванда, ба мӯҳлати на камтар аз се сол баста мешавад.
Баъди расидан ба синну соли ниҳоии хизмат кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, метавонанд хизмати худро дар мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси қарордоди меҳнатии мӯҳлатнок давом диҳанд.
Барои шахсоне, ки ба муассисаҳои таълимии омӯзиши касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои омӯзиши касбӣ бо пардохти маблағи таҳсил дохил шудаанд, бояд дар қарордод мӯҳлати хизмати онҳо баъди хатми муассисаҳои мазкур на камтар аз 3 сол дар назар дошта шаванд.
Қарордод барои таъин шудани шаҳрванд (корманди мақомоти корҳои дохилӣ) ба мансаб ҳамчун асос ба шумор меравад. Агар касе аз тарафҳo дар муддати ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати эътибори қарордод оид ба бекор кардан ё тағйир додани шарти он эълон накунанд, қарордод ба мӯҳлати муайян дарозшуда ба ҳисоб меравад.
Дар ҳолати зарурати хизматӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои адои вазифаҳое, ки дар қарордод нишон дода нашудааст, ба мӯҳлати то як моҳ бо пардохти на камтар аз маоши муайянгардидаи вазифаи ишғолкардааш ҷалб карда мешавад. Чунин ҷолибият барои бартараф ё барҳам додани офати табиӣ, садама, бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои террористӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ва инчунин барои иваз намудани корманди ҳузурнадошта амалӣ мегардад.
Қарордод дар бораи хизмат дар асоси бандҳои 47-48 ин Низомнома қатъ мегардад.
Шаклу мундариҷаи қарордод аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Қарордод дар бораи хизмат бо шаҳрванде, ки ҳангоми дохил шудан ба кор дар мақомоти корҳои дохилӣ таҳсил менамояд, баъд аз гузаштани мӯҳлати омӯзиш, ки барои ӯ муқаррар шудааст, баста мешавад.
12. Барои шахсони бори аввал ба хизмати мақомоти корҳои дохилӣ дохилшаванда, мӯҳлати омӯзиш аз се то шаш моҳ муқаррар карда мешавад. Барои шахсони бори аввал ба хизмати милитсия қабулшаванда мӯҳлати санҷишӣ ҳатмист.
Дар вақти мӯҳлати санҷишӣ коромӯз вазифаашро аз рӯи мансаби ишғолкардааш иҷро намуда, ҳуқуқи корманди мақомоти корҳои дохилиро истифода мебарад.
Ҳангоми мӯҳлати санҷишӣ ва дар асоси доимӣ корманд вазифадор аст:
санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад, омӯзад;
сатҳи кордонӣ ва таҷрибаашро баланд бардорад;
ҳуҷҷатҳои асосиро дар бораи ҳуқуқ ва озодии асосии инсон ва шаҳрванд омӯзад;
хислати маънавии худро, ҳамчун кормандони мақомоти корҳои дохилӣ инкишоф диҳад;
мартабот ва талаботи оинномаро риоя намояд;
меъёрҳои муқарраршуда ва одоби рафторро дар ҷамъият риоя намояд;
дигар кормандон, коллектив ва ҳамватанонро эҳтиром намояд;
сирре, ки ҳангоми кор ба ӯ маълум мегардад пинҳон дорад;
сари вақт ӯҳдадориҳои вазифавиашро иҷро намуда, дар доираи фаъолияти худ ташаббускор бошад.
Бо ин мақсад ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки мӯҳлати санҷишро адо менамояд (адо намудааст), сардорон кӯмаки ҳаматарафа ва ёрии лозимӣ мерасонанд. Дар вақти мӯҳлати санҷишӣ ба корманд ҳатман корманди болаёқат ё роҳбаре, ки таҷрибаноктар буда худро аз ҷиҳати мусбӣ нишон додааст, вобаста карда мешавад.
Шахсоне, ки мансаби ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаро ишғол мекунанд, баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш, барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ на камтар аз се сол ӯҳдадории хаттӣ медиҳанд. Агар ба муддати то ду моҳ, пеш аз мӯҳлати анҷоми эътибори ӯҳдадорӣ шахси ҳайати қаторӣ ё хурди роҳбарикунанда оид ба қатъ намудани фаъолияти хизматӣ арз нанамояд, ӯҳдадорӣ давомдодашуда ба ҳисоб меравад. Барои ихтиёран корро монда рафтан то анҷоми эътибори ӯҳдадорӣ, корманд ҳамчун вайронкунандаи интизом сабукдӯш карда мешавад.
Ҳангоми ба анҷом расидани мӯҳлати санҷиш, корманд аз санҷиш гузашта ҳисобида шуда, минбаъд сабукдӯш намудани ӯ танҳо бо яке аз асосҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешбинишуда ба амал бароварда мешавад. Рутбаи махсуси аввалин ба чунин шаҳрванд бо риояи шартҳои умумии додани рутбаи махсус, бо нишондоди боби 3 ин Низомнома дода мешавад.
Мӯҳлати санҷишӣ ба собиқаи хизмати дарозмуддат дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳамроҳ карда мешавад, ки барои пардохти фоизи иловагӣ барои собиқаи меҳнатӣ ва дигар пардохтҳои иловагӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ медиҳад.
Барои шахсоне, ки ба мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ таъин карда мешаванд, барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба хизмат аз рӯи тақсимот дохил мешаванд, инчунин ҳангоми озмун (конкурс) ба мансаб таъин мегарданд, мӯҳлати санҷишӣ муқаррар карда намешавад.

13. Номгӯи мансабҳоро дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба тариқи озмун ишғол карда мешаванд, инчунин тартибу шартҳои таъин намудан ба вазифа аз рӯи озмун аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

14. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони мақомоти корҳои дохилии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ба вазифа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.

15. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мазмуни зайл Савганд ёд мекунанд, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.
«Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда, Савганд ёд намуда ботантана қасам мехӯрам, то охир ба халқи худ, Сардори Давлат, Ватан ва коре, ки пеша кардаам содиқ бошам, ҳамеша корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, мардонавор ва боинтизом бошам, дар хизмат намунаи ибрат буда, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, сирри давлатӣ ва хидматиро пинҳон дорам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми вазифаҳои ба дӯши ман вогузошта, талаботҳои оинномаҳо ва фармонҳоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, қуввату тавоноии худ ва ҳатто дар мавриди зарурӣ, ҳаёти худро барои муҳофизати сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳама шаклҳои моликият, шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон дареғ намедорам.
Агар, ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҷумҳурӣ қотеъона ҷазо бинам».
16. Ба вазифаи дигар гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба таври зерин амалӣ мегардад:
Шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда:
а) ба мақомоти болоӣ бо тартиби пешбарӣ намудан ба вазифа;
б) ба мансабҳои баробар (якхела) - ҳангоми зарурати пурра намудани дигар мансабҳо, аз рӯи нақша гузаронидани ивазкунӣ ва ротатсия дар маҳалҳо бо мӯҳлати маҳдуди хизмат, инчунин барои нисбатан мақсаднок истифода бурдани шахсони ҳайати роҳбарикунанда бо дарназардошти сифатҳои шахсӣ ва хизматӣ, вазъи саломатӣ, аз рӯи тайёрии гирифтаашон дар ихтисоси нав ва синну сол;
в) бо сабаби дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ ва барои таҳсил бо озод кардан аз вазифаи ишғолкардаашон, инчунин таъин намудан ба вазифа баъд аз хатми таҳсил;
г) ба мансабҳои хурд дар асоси пешбининамудаи зербанди «в» банди 45 ин Низомнома.
Болоравии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар хизмат мувофиқи сифатҳои ахлоқӣ ва кордонии онҳо, ки дар фаъолияти таҷрибавии онҳо аён гардидааст, амалӣ мегардад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми гузаштан аз як кор (воҳиди сохторӣ) ба кори дигаре, ки барои ҳайати шахсӣ рутбаи махсуси дигар муайян шудааст, чунин рутбаҳо бо тартиби дар бобҳои 3 ва 5 ин Низомнома пешбинишуда дода мешавад. Дар як вақт рутбаи нави махсус аз рутбаи махсуси доштаи корманд на бояд паст бошад.
Рутбаи махсуси корманде, ки дорои сифатҳои зарурӣ барои болоравӣ дар хизмат мебошад, барои таъин шудани ӯ ба вазифае, ки бояд шахси рутбаи махсуси аз ӯ баландтар дошта иваз намояд, монеъ шуда наметавонад.
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки худро дар корҳои амалӣ сазовори болоравӣ дар вазифа нишон додаанд, ба захираи кадрҳои пешбаришаванда дохил карда мешаванд.
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки аз сабаби вазъи саломатӣ ё саломатии аъзои оилаашон мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ барои иваз намудани ҷои кор (истиқомат) эҳтиёҷ доранд, аз рӯи хизмат бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи дигар ба кор фиристода мешаванд.
Иваз намудани ҳайати роҳбарикунанда аз мақомоти болоӣ ба мансаби поёнтар дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
а) ҳангоми ихтисори мансабҳо (штатҳо);
б) бо сабаби вазъи саломатӣ мувофиқи хулосаи комиссияи ҳарбии тиббӣ;
в) бо тартиби аттестатсионӣ;
г) бо тартиби ҷазои интизомӣ, мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фармони ҳайати шахсӣ оид ба ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда аз мансабҳои болоӣ ба поёнӣ сабаби он нишон дода мешавад.
Шахсони ҳайати олии роҳбарикунандае, ки ба мансабҳои поёнӣ гузаронида шудаанд, дар оянда метавонанд бо тартиби аттестатсионӣ ба вазифаи болотар пешбарӣ шаванд.
Шахсони ҳайати олии роҳбарикунанда, ки бо сабаби ихтисор шудани штатҳо аз мансабҳои болоӣ ба поёнӣ гузаронида шудаанд ва ба талаботҳои зарурии гузариш ба мансабе, ки бо мансаби ихтисоршуда баробар аст, ҷавобгӯ мебошанд, ҳуқуқи имтиёзноки болоравӣ дар хизмат доранд.
Ҷойивазкунии шахсони ҳайати роҳбарикунанда аз тарафи сардорони дахлдор дар доираи ҳуқуқе, ки барои таъин намудан ба мансаб ба онҳо дода шудааст, амалӣ мегардад.

17. Баҳои кордонӣ ва хусусиятҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба вазифаи ишғолкардаашон, имконияти болоравиашон дар хизмат ва инчунин ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба гузариш дар мақомоти корҳои дохилӣ ба тарзи аттестатсионӣ амалӣ мегардад.
Аттестатсияи шахсони миёна, калон ва олии ҳайати роҳбарикунанда дар чор сол як маротиба, шахсони ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда бошад, дар се сол як маротиба амалӣ мегардад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ инчунин ҳангоми пешниҳод шудан ба мансаби болоӣ, гузаронидан ба вазифаи поёнӣ ва аз кор дар мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудан ба истиснои озод намудан аз кор вобаста ба синну сол, собиқаи меҳнатӣ ва вазъи саломатӣ, аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
Шунавандагон (адъюнктон) ва курсантҳои муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумлаи ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда баъди ба охир расонидани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ (адюнктураҳо) аттестатсия карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар вазифаи ишғолкардаашон камтар аз як сол кор кардаанд, инчунин кормандон-занҳо, ки дар вақти ҳомиладорӣ ва нигоҳубини фарзандон дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштанд, аз аттестатсия гузаронида намешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи сардорони бевоситаи худ бо дарназардошти хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ дар асоси ба ҳама ошкоро аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
Тартиби ташкил ва тасдиқи аттестатсияҳо нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин амалӣ намудани хулосаҳо оид ба аттестатсияҳо аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

18. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд ба мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ, инчунин вазорату идораҳо ё корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иҷрои вазифаҳои махсус бо боқӣ мондан дар ихтиёри кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба ташкилотҳо равон карда шудаанд, адои хизматашонро бо тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома, агар ҳолати дигареро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накарда бошад, мегузаронанд.
Таъин намудан ба мансаб ва иваз намудани вазифаи шахси ҳайати роҳбарикунанда, ки дар сархати аввали банди 14 ва16 ин Низомнома нишон дода шудаанд, бо мувофиқаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои дахлдор амалӣ мегардад.
Ба вазифаи дигар гузаштани ин шахсон дар доираи вазифаҳое, ки аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи ин ташкилот ишғол карда мешаванд, амалӣ мегардад.
Шахсони ҳайати роҳбарикунанда метавонанд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳое, ки ин Низомнома барои шахсони ҳайати роҳбарикунанда муайян намудааст, инчунин аз дигар санадҳои дохилиидоравӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони дар ин мақомот адои хизмат карда истодаро ба танзим медарорад, бархурдор ҳастанд. Тамоми намуди таъминоти муқарраршуда, инчунин таъминоти пулӣ ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Аз кор озод намудани шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки ба ташкилотҳо равон карда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи банди 48 ин Низомнома бо пешниҳоди роҳбарони ташкилотҳои дахлдор амалӣ мегардад.
Шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки ҳангоми сабукдӯш гардидан аз хизмат ба ташкилотҳо равон карда шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо дар баробари шахсоне, ки бевосита аз мақомоти корҳои дохилӣ сабукдӯш шудаанд ва оилаҳои онҳо аз ҳуқуқу имтиёзҳо истифода мебаранд.
Тартиби равон кардани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вакил интихоб шудаанд, бо мондан дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адои хизмат аз тарафи онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
Ба кори дигар гузаронидани шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда аз мақомоти корҳои дохилӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилӣ, инчунин ба дигар қисмҳои ҳарбикунонидашуда, ки мувофиқи қонунгузорӣ ташкил карда шудааст, бо сабаби муайян намудани онҳо бо тартиби инфиродӣ ба хизмати ҳарбӣ, бо мувофиқаи идораи дахлдори ҳарбӣ ва бо дарназардошти хоҳиши шахсони ҳайати роҳбарикунанда метавонад амалӣ гардида, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шавад.
Ба афсарони эҳтиётӣ ҳангоми дохил шудан барои хизмат дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои махсус бо рутбаҳои ҳарбии эҳтиётӣ баробар дода мешаванд
Ҳангоми таъин намудани шаҳрванд ба ҳайати мансаби роҳбарикунанда, ки пештар дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардааст, ӯро ба кадрҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси дар истеъфо дохил мекунанд, агар тамоми муддати дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ба ӯ рутбаи дигари баландтари ҳарбӣ надода бошанд.
Ҳангоми таъин намудани шаҳрванд ба ҳайати роҳбарикунанда, ки пештар дар вазораҳо ё ташкилотҳо кор карда, дар онҳо ба ӯ рутбаи махсус пешбинӣ шуда бошад, ба ӯ рутбаи махсуси корманди мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад, ки ба рутбаи додашудаи вазорат ё ташкилоте, ки ӯ дар он ҷо кор кардааст, баробар мебошад.
19. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, шахсони ба кор дар мақомоти корҳои дохилӣ қабулшуда, аз он ҷумла шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсус, ки барои мақомоти корҳои дохилӣ корманд тайёр мекунанд, аз қайди ҳарбӣ бо тартиби муқарраршуда бароварда, ба қайди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Боби 3. Тартиби додани рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва
роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ

20. Рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабулшуда бо дарназардошти мансаби ишғолкардаашон, сифатҳои касбӣ, маълумот ва дигар шартҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва ин Низомнома, ба шахсони ҳайати афсарии захиравӣ бошад мувофиқи рутбаи ҳарбии доштаашон дода мешавад.
Дар як вақт додани рутбаҳои махсус пеш аз мӯҳлат ва ба як зина боло аз рутбаи махсуси аз рӯи вазифаи штатии ишғолкарда пешбинишуда мумкин нест.
Рутбаҳои махсуси аввалин ва навбатии ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда (аз ҷумла пеш аз мӯҳлат ё ба як зина боло) аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Мӯҳлати собиқаи хизмат дар рутбаи махсус аз рӯзи имзо шудани фармон оид ба додани рутба, ҳисоб карда мешавад.
Шахсе, ки пешниҳоди кормандро барои додани рутбаи махсуси навбатӣ бе ягон асос боздоштааст, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои олии махсус аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба афсарони эҳтиётӣ ҳангоми дохил намудани онҳо ба кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи рутбаи ҳарбии доштаашон, рутбаҳои махсус дода мешаванд.
Ба афсарони алоҳидаи эҳтиётӣ, ки тайёрии баланд ва таҷрибаи бои онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ истифода шудааст, ҳангоми дохил намудан ба кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба таври истисно ба онҳо рутбаҳои махсус ба як-ду зина боло нисбати рутбаи доштаашон, вале на болотар аз рутбаи мансаби пешбинишавандае, ки онҳо таьин шудаанд, дода мешаванд.
Ба шахсоне, ки ба мансаби ҳайати калони роҳбарикунанда қабул шудаанд, рутбаи махсуси аввалин на баландтар аз майори милитсия ё майори хизмати дохилӣ дода мешавад, ба истиснои шахсоне, ки аз рӯи эҳтиёт рутбаи нисбатан баландтари мувофиқи афсарӣ доранд.
Шахсоне, ки дараҷаи илмӣ ё унвони илмӣ дошта барои таъин шудан ба вазифаи илмӣ ё омӯзгорӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, аввалан чунин рутбаи махсус дода мешавад:
а) номзадҳои илм ва профессорон-майори милитсия, майори хизмати дохилӣ;
б) докторони илм ва профессорон-подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ, полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ;
в) аъзо-корреспондентҳо, академикҳо-полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ.
Рутбаи махсуси навбатии ҳайати роҳбарикунанда ба тарзи мураттаб мувофиқи рутбаи нав ба рутбаи пешбинишудаи вазифаи ишғолнамуда баъди гузаштани мӯҳлати муайяни собиқаи корӣ дар рутбаи пешина бо мавҷудияти натиҷаи мусбии аттестатсия дода мешавад.
Шахсони ҳайати роҳбарикунанда барои гирифтани рутбаи махсус аз тарафи сардорони бевоситаи худ пешниҳод карда мешаванд.
Пешниҳоди шахсони ҳайати роҳбарикунанда ба рутбаҳои махсуси навбатӣ, ки дар адои хизмат, фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ ва рафтори шахсӣ, камбудиҳои ҷиддӣ доранд ва ҳарчанд ба шартҳои дигар ҷавобгӯ бошанд ҳам, то ислоҳи он норасогиҳо додани рутбаи навбатӣ амалӣ намегардад. Қарор дар бораи мавқуф гузоштани пешниҳодот аз тарафи сардорони бевосита, сардори ШКД шаҳру ноҳияҳо ва шахсони ба онҳо баробар ва боло қабул карда мешавад.
Сабабҳое, ки ба қабули чунин қарор асос шудаанд, ба маълумоти шахси ҳайати роҳбарикунанда расонида мешавад.

21. Дар рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ чунин мӯҳлати собиқа муқаррар карда мешаванд:
дар рутбаи сержанти хурди милитсия, сержанти хурди хизмати дохилӣ – 1 сол;
дар рутбаи сержанти милитсия, сержанти хизмати дохилӣ – 2 сол;
дар рутбаи сержанти калони милитсия, сержанти калони хизмати дохилӣ – 3 сол;
дар рутбаи старшинаи милитсия, старшинаи хизмати дохилӣ – 3 сол;
дар рутбаи прапоршики милитсия, прапоршики хизмати дохилӣ – 4 сол;
мӯҳлати собиқа дар рутбаҳои милитсияи қаторӣ, қатории хизмати дохилӣ, прапоршики калони милитсия, прапоршики калони хизмати дохилӣ муқаррар карда намешавад.

22. Дар рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, чунин мӯҳлати собиқа муқаррар карда мешавад:
дар рутбаи лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ – 1 сол;
дар рутбаи лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ – 2 сол;
дар рутбаи лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохилӣ – 3 сол;
дар рутбаи капитани милитсия, капитани хизмати дохилӣ – 3 сол;
дар рутбаи майори милитсия, майори хизмати дохилӣ - 4 сол;
дар рутбаи подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ – 5 сол;
Дар рутбаи полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ ва инчунин дар рутбаҳои олӣ, мӯҳлати собиқа муқаррар карда намешавад.
Барои шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олиро хатм намудаанд, мӯҳлати собиқа дар рутбаи лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ 1 сол муқаррар карда мешавад.

23. Рутбаи махсуси ибтидоии ҳайати хурди роҳбарикунанда дода мешавад:
а) аввалин рутбаи махсуси ҳайати хурди роҳбарикунанда ба шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба кор қабулшуда, ё барои хондан ба муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд ва инчунин бо баробари таъинот ба вазифа доштани рутбаи ҳарбии захиравӣ дода мешавад. Зимнан ба онҳо аввалин рутбаи махсуси ҳайати хурди роҳбарикунанда бо мувофиқати рутбаи ҳарбии захиравӣ баробар, дода мешавад;
б) ба шахсоне, ки дар вақти адои хизмати ҳарбӣ ва ҳангоми таъин шудан ба мансаби ҳайати хурди роҳбарикунанда рутбаи сержанти (старшина) ё прапоршик дода шуда бошад, дар ин ҳолат ба онҳо рутбаи махсуси ба рутбаи ҳарбии доштаашон мувофиқ дода мешавад.
Шахсоне, ки пештар бо рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ адои хизмат намудаанд, ҳангоми қабул шудан ба хизмат (дохилшавӣ барои таҳсил) бо рутбаи махсуси доштаашон ба мансаби ҳайати қаторӣ ё миёнаи роҳбарикунанда таъин карда мешаванд.

24. Рутбаи махсуси лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ ба шахсони ҳайати хурди роҳбарикунанда ва дигар шахсони маълумоти миёнаи касбӣ ё олии нопурра дошта, ки ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шудаанд, дода мешавад.
Рутбаи махсуси лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ дода мешаванд:
а) ба шахсоне, ки Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олӣ ё миёнаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилии дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро хатм намудаанд;
б) шахсони маълумоти олӣ дошта, ки ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шудаанд;
в) ба лейтенантони хурди милитсия ё лейтенантони хурди хизмати дохилӣ ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи хизмат дар он рутба, барои хатмкунандагони Академия, мактабҳои олии таълимии дигар вазоратҳо ва идораҳо бошад, сарфи назар аз собиқаи рутбаашон.
Хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳсилро бо баҳои аъло (дипломи сурх) ба итмом расонидаанд, рутбаи махсуси аввалин-лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохилӣ дода мешавад.

25. Ба шахсони ҳайати қаторӣ, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда, ки аз як хадамот (воҳидҳои сохторӣ) ба хадамоти дигар гузаронида шудаанд ва барои ҳайати шахсӣ рутбаҳои махсуси дигар муқаррар карда шудаанд, чунин рутбаҳо бо тартиби аз нав аттестатсия кардан дода мешаванд. Рутбаҳои махсуси додашуда аз рутбаҳои то аз нав аттестатсиякунӣ доштаашон, набояд паст бошад.
Тартиби аз нав аттестатсиякунии рутбаҳои махсус аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

26. Барои бомуваффақият иҷро намудани супоришҳо, инчунин барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизматӣ рутбаҳои махсуси навбатии ҳайати роҳбарикунанда пеш аз мӯҳлат ё ба як зина боло аз рутбаи махсус, ки мувофиқи вазифаи штатии ишғолкардаашон на бештар аз як маротиба дар тамоми мӯҳлати хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст, дода шуданашон мумкин аст.

Рутбаҳои махсус пеш аз мӯҳлат дода мешаванд:
а) барои мардонагӣ ва фидокорие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зоҳир намудаанд, сарфи назар аз мӯҳлати собиқаи дар рутбаи махсус муқарраршуда;
б) барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизматӣ баъди гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати собиқаи дар рутбаи махсус муқарраршуда;

Рутбаи махсуси навбатӣ ба як зина боло аз рутбаи махсус аз рӯи вазифаи ишғолкардаи штатӣ, ки пешбинӣ шудааст, дода мешавад:
а) ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва унвони илмӣ дошта ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи собиқа дар рутбаи махсус;
б) ҳангоми гузаштани на камтар аз якуним мӯҳлати собиқа дар рутбаи пешина.
в) ба шахсоне, ки дар як ҷой зиёда аз 10 сол хизмат намудаанд ба тариқи аттестатсионӣ ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраргардидаи собиқа дар рутбаи махсус.
Ба шахсоне, ки рутбаи махсуси ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда доранд, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо рутбаи махсуси навбатӣ ба як зина боло аз рутбаи махсус нисбати вазифаи ишғолнамудаи штатӣ то рутбаи «подполковники милитсия», «подполковники хизмати дохилӣ» метавонанд дода шаванд. Инчунин бо дарназардошти дар як вақт озод шудан ба истеъфо ё захира аз рӯи синну сол, собиқаи корӣ, беморӣ, вазъи маҳдуди саломатӣ, ихтисори штатҳо ба шарте ки онҳо собиқаи 20 сола ё зиёд доранд (бо ҳисоби имтиёзнок), ҳангоми таъин намудани нафақа барои собиқаи корӣ, ба муддати муайян дар рутбаи махсус хизмат намудаанд, агар ба таври мусбат аттестатсия шуда бошанд.

27. Мӯҳлати собиқа дар рутбаи махсус аз рӯзи имзо шудани ин рутба ҳисоб карда мешавад. Мӯҳлати дар рутбаи махсуси пасткардашуда қарор доштани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба мӯҳлати собиқа дар рутбаи барқароркардашуда ҳисоб карда намешавад.
Корманди мақомоти корҳои дохилие, ки рутбаи ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда дошта, ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шуда, барои додани рутбаи аввалини махсуси ҳайати миёнаи роҳбарикунанда сарфи назар аз мӯҳлати собиқа дар рутбаи мавҷуда пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми боздошти ғайриқонунӣ боздории додани рутбаи махсус, мӯҳлати собиқа дар рутбаи махсус аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлати собиқа дар рутбаи махсуси пешина ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат ба корманд таъминоти пулӣ ва молӣ, ки ӯ ҳангоми сари вақт гирифтани рутбаи махсус мегирифт, ҷуброн карда мешавад.

Боби 4. Интизоми хизматӣ

28. Интизоми хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ риояи иҷро намудани тартибу қоидаҳои иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда ва амалӣ намудани ваколатҳои доштаашонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони бевоситаи онҳо, қарордод дар бораи хизмат муайян намудааст, ба танзим медарорад.

29. Барои намунавор иҷро намудани вазифаҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар хизмат, барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намудҳои зерини ҳавасмандкунӣ пешбинӣ мешавад:
- сарфароз намудан бо унвонҳои ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мукофотонидан бо яроқи хосаи инъомӣ;
- мукофотонидан бо грамотаи фахрӣ;
- дохил намудан ба «Китоби (ё Лавҳаи) фахрӣ;
- пеш аз мӯҳлат додани рутбаи махсуси навбатӣ;
- додани рутбаи махсус ба як зина боло нисбати рутбаи пешбинишудаи вазифаҳои кории ишғолкардаашон;
- мукофотонидан бо нишонаҳои сарисангӣ;
- мукофотонидан бо тӯҳфаи қимматбаҳо;
- додани мукофоти пулӣ;
- миннатдорӣ баён намудан.
Бо сифати ҳавасмандкунӣ пеш аз мӯҳлат бекор намудани ҷазои интизомии додашуда низ истифода мешавад.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз намудҳои ҳавасмандкунии дар боло номбаршуда, инчунин зиёд намудани миқдори стипендияҳо ва додани рухсатӣ ё рухсатномаи кӯтоҳмуддат низ амалӣ карда мешавад.
Барои мардонагӣ ва шуҷоат нишон доданашон ҳангоми иҷрои қарзи хизматӣ ва дигар хизматҳои шоён кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд пешбарӣ шаванд.
Тартиби мукофотонидан бо грамотаи фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаҳои сарисангии идорӣ аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

30. Барои вайрон намудани интизоми хизматӣ ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ тибқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад танбеҳ муқаррар карда шавад.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз намудҳои танбеҳи номбаршуда, ба тариқи таъин намудан ба наряди (дастури) ғайринавбатӣ дар хизмат (ба истиснои таъин намудан ба посбонӣ ё навбатдор дар ҷузъу томҳо), инчунин хориҷ намудан аз он амалӣ мешавад.
Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарии сардори мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигаҳдории интизоми хизматӣ, инчунин тартиби истифодаи ҳавасмандгардонӣ ва додани танбеҳи интизомиро, Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳангоми вайрон намудани ин Низомнома оид ба хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани кафолат ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шахсони гунаҳкор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

31. Пастфурорӣ дар рутбаи махсус ба як зина мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун чораи танбеҳи интизомӣ амалӣ карда мешавад.
Шахсони ҳайати хурд, миёна ва калони роҳбарикунандае, ки дар рутбаи махсус паст карда шудаанд, ба рутбаи пешинаашон бо фармони сардороне, ки оид ба паст кардани онҳо дар рутба ба шахсони ба онҳо баробар ва боло қарор қабул кардаанд, сарфи назар аз вазифаи хизматии ишғолкардаашон на пеш аз як соли паст шуданашон, бо натиҷаи мусбати аттестатсия барқарор карда мешаванд.
32. Шахсони ҳайати роҳбарикунанда метавонанд аз рутбаҳои махсуси зерин маҳрум карда шаванд:
а) ҳайати хурди роҳбарикунанда-бо ҳукми суд, инчунин бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда-мувофиқи ҳукми суд;
в) ҳайати олии роҳбарикунанда-мувофиқи қонунгузории амалкунанда,
.
Боби 5. Шартҳои адои хизмат

33. Тартиботи дохилӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дар муассисаҳои таълимии (воҳидҳои таълимии) Вазорати корҳои дохилӣ оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқати ҷиддӣ бо қонунгузорӣ бо дарназардошти хусусияти фаъолияти хадамоти гуногун ва воҳидҳо муқаррар карда мешавад.

34. Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ давомнокии умумии вақти корӣ на бештар аз 40 соат дар як ҳафта муайян карда мешавад. Ҳангоми зарурат кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд ба хизмати аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин ҳангоми шаб, рӯзҳои истироҳат ва ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. Зимнан бо назардошти хусусияти кори мақомоти корҳои дохилӣ, пардохтро дар асоси соатҳои кор кардан аз вақти кории муайяншуда зиёд амалӣ менамоянд.
Ҳангоми барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, воҳидҳои дар асоси шартнома фаъолияткунанда, пардохти аз вақти муайяншуда зиёд аз ҳисоби маблағи ин воҳидҳо амалӣ карда мешавад.
Барои аз вақти муайяншуда зиёд ва инчунин ҳангоми шаб, рӯзҳои истироҳат ва ид бо ризоияти тарафайн метавонад бо додани рӯзҳои дигари истироҳат ҷуброн карда шавад.
Ҳангоми кори бастӣ (сменавӣ) давомнокии якхелаи бастҳои рӯзона, бегоҳӣ ва шабона муайян карда мешавад.
Шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда вазифадоранд хизмати худро дар ҷое, ки ба манфиати хизмат зарур буда, бо фармони сардорон муқаррар шудааст, гузаронанд.
Ҳаҷми умумии кор зиёда аз вақти муқарраршуда барои ҳар як корманд аз 120 соат дар як сол зиёд буда наметавонад.

35. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии меҳнатӣ бо нигоҳ доштани таъминоти пулӣ дода мешавад:
а) ҳарсола (навбатӣ);
б) кӯтоҳмуддат;
в) аз сабаби беморӣ;
г) таътилӣ ва баъди хатми муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохилӣ;
д) иловагӣ.
Ба ғайр аз ин, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқи қонунгузорӣ, рухсатии меҳнатии иҷтимоӣ дода мешавад (рухсатиҳо бинобар сабаби ҳомиладор ва нигоҳубини кӯдакон, эҷодӣ ва омӯзишӣ).
Давомнокии рухсатӣ бо шабонарӯз ҳисоб карда мешавад.
Рӯзҳои ид, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи корӣ ҳисоб намешаванд, ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатии меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ҳангоми ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ додани рухсатии кӯтоҳмуддати навбатӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ бо сабаби хатм намудани муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин рухсатӣ аз сабаби беморӣ, бо давомнокии аз мӯҳлати муқаррарӣ зиёд дода мешавад, ки ин вақти иловагӣ барои рафтан ба маҳалли истироҳат ва бозгашт аз он ҷо зарур аст.
Ҳангоми гузаронидани рӯзи истироҳат аз сабаби рост омадан ба рӯзҳои ид ин рӯзҳо ба рухсатии навбатӣ ҳамроҳ карда мешаванд.
Ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии меҳнатии асосии пардохташавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бе ҳисоб намудани вақти рафтан ба ҷои истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки дар маҳалҳои шароити иқлимиашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, рухсатии меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
Ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсолаи иловагӣ ба муддати зерин дода мешавад:
баъди 10 соли хизмат-5 рӯзи тақвимӣ;
баъди 15 соли хизмат-10 рӯзи тақвимӣ;
баъди 20 соли хизмат-15 рӯзи тақвимӣ;
Ба шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои илмию тадқиқотии мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии навбатии асосӣ ба тамоми ҳайати роҳбарикунанда ба таври умумӣ дода мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки дар вақти рухсатии меҳнатӣ бемор шудаанд, рухсатӣ барои табобат ба мӯҳлати рӯзҳои рухсатии истифоданашуда дароз карда мешавад.
Дар ин ҳолат давомнокии рухсатӣ аз тарафи сардори рухсатӣ дода, дар асоси ҳуҷҷатҳои мувофиқи аз тарафи духтури муолиҷакунанда ва сардори (сардухтури) муассисаи табобатӣ тасдиқшуда амалӣ мегардад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки аз кор дар мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби расидани синну сол, собиқаи меҳнатӣ, беморӣ, маҳдудияти вазъи саломатӣ ё ихтисори ҷойҳои корӣ (штатҳо) сабукдӯш карда мешавад, бо хоҳиши онҳо дар ҳамон сол рухсатии навбатӣ ба мӯҳлати муайяннамудаи банди мазкур дода мешавад ва дар ин ҳолат санаи сабукдӯш намудан охирин рӯзи рухсатӣ ҳисобида мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ (ба ғайр аз шахсони дар сархати аввали банди мазкур нишондодашуда), ки аз мақомоти корҳои дохилӣ сабукдӯш мешаванд, рухсатии истифоданашудаи онҳо дар ҳамон соли аз кор рафтанашон ба сифати ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти хизмати ҳамонсола пардохта мешавад.
Ба яке аз аъзои оилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли барои рафту омад ба маҳалли гузаронидани рухсатии меҳнатии навбатии ҳарсола метавонанд дода шаванд, ба шарте ки корманд дар соли сипаридашуда аз он истифода набурда бошад.

36. Бозхост намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз рухсатии навбатӣ мумкин нест. Дар ҳолати зарурати ниҳоии хизматӣ, бозхост аз рухсатии навбатӣ танҳо бо иҷозати хаттии сардоре, ки ин ҳуқуқро ба ӯ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, мумкин аст. Ҳангоми бозхост аз рухсатии навбатӣ қисми истифоданашудаи он дар давоми соли ҷорӣ дода мешавад. Агар қисми истифоданашуда 10 шабонарӯз ё аз он зиёдро ташкил диҳад, баъд ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли барои рафту омад ба ҷои гузаронидани рухсатии меҳнатӣ ва ба болои рухсатӣ барои роҳи сафар вақти иловагӣ низ дода мешавад. Бо хоҳиши кормандон қисми истифоданашудаи рухсатии меҳнатӣ ба рухсатии навбатии соли оянда ҳамроҳ карда мешавад.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки бо кадом сабабҳое дар давоми соли тақвимии ҷорӣ имконияти додани рухсатии меҳнатӣ ба миён наомадааст, дар охири сол фармони сардори дахлдор оид ба гузаронидани рухсатии онҳо ба соли оянда бо асосноксозии сабабҳои дода нашудани рухсатии меҳнатӣ дар соли ҷорӣ бароварда мешавад. Дар давоми ду сол паи ҳам дода нашудани рухсатии меҳнатии пардохташаванда манъ аст.

37. Рухсатии меҳнатии кӯтоҳмуддат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳалли масъалаҳои ногузири иҷтимоӣ маишӣ, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ, иҷрои қарзи хешовандӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок алоқаманд буда ба мӯҳлати 10 шабонарӯз дода мешавад.
Рухсатии кӯтоҳмуддат ба ҳисоби рухсатии навбатӣ дохил карда намешавад.

38. Рухсатӣ бо сабаби беморӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси қарори комиссияи ҳарбии тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Давомнокии рухсатӣ бо сабаби беморӣ аз хусусияти беморӣ муайян мегардад. Ҳисоби умумии мӯҳлати дар рухсатӣ ва табобат дар муассисаҳои тиббӣ қарор доштан набояд аз 4 моҳ зиёд бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки агар бо қонунгузории амалкунанда мӯҳлати аз он зиёдтар барои табобати бемориҳои махсус пешбинишуда бошад, ин мӯҳлат метавонад бо қарори сардоре, ки ба ӯ аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқ дода шудааст, дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ дароз карда шавад. Баъди гузаштани мӯҳлати муайяни муттасил қарор доштан дар рухсатӣ бо сабаби беморӣ ва табобат, кормандро аз муоинаи комиссияи ҳарбии тиббӣ барои ҳалли масъалаҳои коршоямии ӯ барои адои хизмат дар оянда мегузаронанд.
Муддати дар табобат қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби гирифтани захм, ярадорӣ ҳангоми адои вазифаи хизматӣ, лат хӯрдани сар (контузия) ё маъюбӣ бо мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.
Шахсони номбурда баъди тамом шудани табобат ё маълум шудани оқибати беморӣ ба муоинаи тиббӣ равона карда мешаванд.
Рухсатӣ бо сабаби беморӣ ба ҳисоби рухсатии меҳнатии навбатӣ дохил карда намешавад.

39. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки дар муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ дар шакли рӯзонаи таълимӣ таҳсил доранд, рухсатиҳои зерин дода мешаванд:
а) рухсатии таътили зимистона-бо давомнокии 14 шабонарӯз;
б) рухсатии таътили тобистона-бо давомнокии 30 шабонарӯз;
в) баъди хатми муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохилӣ бо давомнокии 45 шабонарӯз. Ин рухсатӣ, ба онҳо бояд то фиристода шуданашон ба ҷои адои хизмат дода шавад.

40. Рухсатии иловагӣ барои иҷрои вазифаҳо дар шароити зараровар мутаносибан ба давомнокии рухсатии шабеҳи барои гурӯҳи коргарон ва хизматчиён муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
Рухсатии иловагӣ барои хусусияти махсуси хизмат ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои барқарор намудани коршоямии касбӣ, ки хизмати онҳо бо баландии сарфи барзиёди ҷисмонӣ ва шиддати асабонӣ алоқаманд аст бо давомнокии то 15 шабонарӯз дода мешавад.
Ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои зараровар ва барои хусусияти махсуси хизматӣ, рухсатии иловагӣ бо интихоби онҳо танҳо ба як асос дода мешавад.
Давомнокии шароити додан ва пардохти рухсатиҳои иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.
Рухсатиҳои иҷтимоӣ бар замми рухсатии навбатӣ дода мешавад.

41. Таъминоти пулии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, иборат аст аз:
-маош аз рӯи мансаб;
-маош аз рӯи рутбаи махсус;
-маоши иловагӣ барои хизмати дарозмуддат;
-маоши иловагӣ барои дараҷа ва унвони илмӣ;
-арзиши озуқаи ҳӯрокворӣ;
-коэффитсиэнти ноҳиявӣ;
-маоши иловагӣ барои шароити махсуси хизматӣ;
-маоши иловагӣ барои хизмат дар объектҳои шароити меҳнатиашон зараровар ва махсусан зараровар;
-дигар пардохтҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Ба кормандони мақoмоти корҳои дохилӣ, ки дар воҳидҳои махсуси сохтори мақомоти корҳои дохилӣ адои хизмат менамоянд (Воҳиди махсус барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар самти ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони Олимақом, Гурӯҳи таъиноти махсуси милитсия, Гурӯҳи зудамали махсуси Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил, Хадамоти дидбонию пайраҳадории милитсия) бо назардошти мушкилӣ ва махсусияти кори онҳо ба сабаби дар тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштанашон, бар замми маоши мансабиашон иловапулии ҳармоҳа ба андозаи 25% аз маоши мансабӣ, пардохта мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ӯҳдадории мансабиашонро покдилона иҷро менамоянд, мувофиқи саҳми гузоштаи онҳо дар иҷрои супоришҳое, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодаанд, мукофоти пулӣ ба андозаи маоши мансабиашон ва маоши рутбаи махсуси (ҳарбии) доштаашон ҳар семоҳа пардохта мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои соли тақвимӣ, дар ҳудуди фонди музди меҳнат, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мукофотонидани ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба андозаи то ду маоши мансабӣ ва маош барои рутбаи махсус (ҳарбӣ) амалӣ гардонад. Пардохтани ҷубронпӯлӣ ба ивази табобати дамгирию шифоӣ (курортӣ-санаторӣ)-ба корманд ба андозаи маош аз рӯи таъмини пулӣ (маоши мансабӣ ва маош аз рӯи рутбаи махсуси ҳарбӣ) ва ба аъзоёни оила аз чор як ҳиссаи маоши таъминоти пулӣ, инчунин кумаки моддӣ ба миқдори ду маоши мансабӣ ва маош аз рӯи рутбаи махсуси додашуда расонида мешавад. Ба ғайр аз пардохти дар ин Низомнома пешбинишуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди маблағи ҷудонамуда Вазири корҳои дохилӣ метавонанд маоши иловагӣ ва дигар пардохти иловагӣ барои кормандони алоҳидаи мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар намоянд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон аз 25 то 50 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

42. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои воҳидҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ бо суғуртаи ҳатмии шахсӣ фаро гирифта мешаванд.
Зараре, ки ба моликияти корманди мақомоти корҳои дохилӣ, вобаста ба фаъолият ё вазифаи хизматии ӯ расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ё манбаҳои таъминотӣ дар асоси қарори суд талофӣ карда мешавад.
Дар сурати ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонидани зарари ҷисмонӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ ё вазифаҳои хизматӣ дар ҳаҷми пурра, новобаста ба андозаи нафақаи дар ин асос муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷет ё маблағҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ шартнома бастаанд, талофӣ карда мешавад.
Ҳангоми ҳалок гардидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми таъминоти пулии даҳсолаи ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ пардохта мешавад, ки минбаъд ҷуброни ин маблағ аз ашхоси гунаҳкор аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад.
Дар сурати ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми таъминоти пулии панҷсола аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз ҳисоби шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад.
Ҳимояи ҳаёт, саломатӣ, шаъну номус ва моликияти кормандон ва аъзои оилаи онҳо аз сӯиқасди ҷиноятӣ вобаста ба иҷрои вазифаи хизматии ин шахсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.

43. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ додани ҳуқуқ, имтиёз ва ҷубронпулиҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», инчунин ин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Вобаста ба хусусияти хизмат, маҳдудияти як қатор ҳуқуқҳои умумишаҳрвандӣ ва озодии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ин Низомнома муайян ва бо имтиёзҳои дахлдор ҷуброн карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст кафолатҳои иловагӣ пешбинӣ карда шавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар муассисаҳои таълимии омӯзиши касбӣ ба таври ғоибона таҳсил менамоянд, бо имтиёзҳои барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои мақсадҳои хизматӣ нақлиёти шахсии худро истифода мебаранд, бо андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои рафтуомади ройгон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавопаймо ва автомобилӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд:
- ҳангоми сафари хизматӣ ;
- ҳангоми гузаштан ба кор дар маҳалли дигар;
- ҳангоми гузаронидани рухсатии меҳнатӣ (табобат ва вобаста бо хониш);
- ҳангоми рухсатии кӯтоҳмуддат ва таътил барои рафтан ва бозгашт (ду маротиба дар як сол);
- баъди хатми муассисаи таълимии омӯзиши касбии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ба маҳалли истиқомати доимӣ;
- ҳангоми сабукдуш намудан аз мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муайяншуда;

Ҳангоми кӯчидан аз макони зисти пешина ба маҳалли нави истиқомат бо сабаби гузаштан ба кори дигар, инчунин озод шудан аз мақомоти корҳои дохилӣ бо сабабҳои расидани синну соли муайян, аҳволи саломатӣ ё бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ, онҳо ҳуқуқи бо ҳамаи намудҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ҳавоӣ) ройгон бурдани амволи шахсиашонро ба маҳалли зист то вазни 20 тонн доранд. Ин масрафҳо аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои дохилӣ пардохта мешаванд.
Аъзоёни оилаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои аз маҳалли истиқомат ба макони хизмати кормандон бо сабаби гузаронидани онҳо барои хизмат ба маҳалли дигар ва ё ҳангоми аз кор озод шуданашон ба ҷои зисти интихоб кардаашон барои рафтуомади бепул ҳуқуқ доранд. Ба ғайр аз ин кормандон ҳангоми дар сафари хизматӣ будан ва барои рафтан ба макони нави хизмат, аз он ҷумла ба маҳалли гузаронидани рухсатии меҳнатӣ, табобат, хониш ва бозгашт аз он ҷо ҳуқуқи бе навбат гирифтани чиптаҳоро ба ҳама гуна нақлиёт доранд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 20 сол ва зиёда аз он дар мақомоти корҳои дохилӣ (ба ҳисоби тақвими) хизмат кардаанд ва ё аз мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби беморӣ, ки он бо адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ алоқаманд аст, сабукдуш гардидаанд, қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагии боғдорию полезӣ (обчакорӣ) аз ҳисоби заминҳои истифоданашуда ё бо тартиби дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо ба масоҳати 0,06 га. ва дар минтақаи деҳот на камтар аз 0,15 га. ройгон дода мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 20 сол ва зиёда аз он (ба ҳисоби тақвимӣ) дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардаанд, инчунин кормандоне, ки иштирокчии ҷанг ва ҷанговар – интернатсионалист ҳастанд аз ҷумла дар қатори онҳо аъзоёни оилаи кормандони фавтида ё кормандони дар натиҷаи ярадорӣ, иллати сар (контузия), маъюбӣ ва беморӣ, ки бо амалӣ намудани фаъолияти хизматии қонуниашон алоқаманд вафот кардаанд, хонаҳои истиқоматии ишғолкардаашон новобаста ба андоза ва мансубияташон ба онҳо ройгон хусусӣ гардонида дода мешаванд.
Таъмини кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ дар намуди ҳуҷра ё хонаи алоҳида мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба танзим дароварда мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки хонаҳои истиқоматии доимӣ надоранд ё барои беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд ва ба коперативҳои сохтмони манзилӣ ва дигар ташкилотҳои корҳои сохтмони манзилӣ баранда, ки харидан ва сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродиро дар ҳудуди меъёри иҷтимоии масоҳати умумии манзили истиқоматӣ, ки Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ менамоянд дохил шудаанд, бо назардошти масоҳати умумии иловагии бинои истиқоматӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, аз ҷои кори онҳо ёрии моддӣ ба намуди додани қарз барои сохтмони манзили кооперативӣ ё инфиродӣ бо пардохти додан ба мӯҳлати 20 сол ва адо кардани 50 фоизи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор, дода мешавад.
Додани қарзи имтиёзнок ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки на камтар аз 5 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардаанд, бо пешниҳоди сардори хадамот ва бо қарори комиссияи манзилӣ-истиқоматӣ амалӣ мегардад.
Имтиёзҳои дар банди мазкур пешбинишуда барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба сабаби синну сол, беморӣ, маҳдудияти аҳволи саломатӣ ва ихтисори ҷои корӣ сабукдӯш шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
Ба кормандон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу имтиёзҳо дода мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъминоти молӣ фаро гирифта мешаванд.
Ҳангоми нопурра гирифтани намудҳои амволи ашёӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
Ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд пардохти масоҳати зист, тамоми хизматҳои коммуналӣ (ба истиснои пардохти газ ва барқ), пардохти гузаронидани, телефон, алоқаи муштариёна ва пардохти вақтбайъ (ба истиснои гуфтугӯи байнишаҳрӣ) новобаста ба мансубияти манзили истиқоматӣ 50 % кам карда мешавад. Барои он шахсоне, ки на камтар аз 20 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ бенуқсон хизмат кардаанд, бо расидани мӯҳлати синну сол, собиқаи корӣ, аҳволи саломатӣ, ихтисори ҷойҳои корӣ ва бо хоҳиши худ аз кор озод карда шудаанд, тамоми ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои дар банди мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешаванд.
Занони ҳомиладор ва модароне, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳастанд, инчунин падарон – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки фарзандони худро бе модар тарбия карда истодаанд (дар ҳолати вафот, ба мӯҳлати дуру дароз дар муассисаи тиббӣ қарор доштан ва дар дигар мавридҳои аз парастории модар маҳрум мондан) аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳои дар ҷумҳурӣ муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои занҳои ҳомиладор ва модарони сафи коргарӣ ва хизматчиён муайяншуда, истифода бурда метавонанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои хизматрасонии бепули тиббӣ (аз ҷумла таъминоти бо доруворӣ) дар муассисаҳои тиббӣ сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки рутбаи полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ ва аз он боло доранд, аз ҷумла шахсони дар ҳамин рутба аз кор озод кардашуда ҳуқуқи гирифтани масоҳати истиқоматии иловагӣ ё ҳуҷраи иловагиро доранд.
Инчунин кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки унвони илмӣ ё дараҷаи илмӣ доранд, онҳо низ дорои чунин ҳуқуқ ҳастанд. Тартиби пешниҳоди масоҳати истиқоматӣ ё ҳуҷраи истиқоматӣ ва масоҳати онҳо бо қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.
Таъминоти нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла онҳое, ки бинобар расидан ба синну соли муқарраргадида, собиқаи хизматӣ аз рӯи беморӣ, ихтисори ҷойҳои корӣ, аз рӯи маҳдудияти аҳволи саломатӣ аз сабаби хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқи гирифтани нафақа доранд, инчунин барои таъминоти худ ва аъзоёни оилаашон бо кумаки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нафароне, ки ба табобати курортӣ эҳтиёҷ доранд, дар муолиҷахонаҳо (санаторияҳо) ва хонаҳои истироҳатии ҳамин сохтор барои муолиҷа гирифтан ҳуқуқ доранд.
Агар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи соҳаи зарурӣ дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муолиҷаи санаторию курортӣ таъмин нагарданд, бо қарори комиссияи машваратии тиббии (КМТ) муассисаи тиббии мақомоти корҳои дохилӣ ё комиссияи интихобии санаторӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсад аз рӯи хароҷоти (сметаи) мақомотҳои дахлдори корҳои дохилӣ ҷудо кардашуда, ки тасдиқ шудааст, дар асоси розигии байни тарафҳои аҳдкунанда ба дигар муассисаҳои санаторӣ-курортӣ роҳхат (путёвка) ба даст оварда метавонанд.
Барои шаҳрвандоне, ки аз мақомоти корҳои дохилӣ бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида дар адои хизмат, беморӣ, ихтисори ҷойҳои корӣ ё маҳдудияти вазъи саломатӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ сабукдӯш шудаанду давомнокии умумии собиқаи кориашон бо ҳисоби имтиёзӣ 20 сол ва аз он зиёд буда аз рӯи давомнокии умумии собиқаи кориашон 25 сол ва аз он зиёдро ташкил медиҳад, сарфи назар аз асоси сабукдӯш шуданашон, ба онҳо ва аъзоёни оилаашон ҳуқуқ ва имтиёзҳои дар ин Низомнома нишондодашуда боқӣ мемонад. Ҳангоми аз рӯи хулосаи муассисаи тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани онҳо барои табобат ба муассисаҳои солимгардонӣ ва санаторию курортӣ, ин шаҳрвандон ва аъзоёни оилаи онҳо ҳуқуқи рафтани бепул то макони гузаронидани табобат (як маротиба дар як сол) ва бозгашт аз он ҷойро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Барои занон (шавҳарон) ва фарзандони кормандони ҳалокгардидаи (фавтидаи) мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин шахсоне, ки аз мақомоти корҳои дохилӣ бинобар расидан ба синну соли хизмати муқарраргардида, беморӣ, маҳдудияти вазъи саломатӣ ё ихтисори ҷойҳои корӣ аз хизмат озод шудаанд, имтиёзҳо барои расонидани ёрии тиббӣ ва табобати санаторию курортӣ нигоҳ дошта мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз хизмат бо ҳуқуқи гирифтани нафақа озод карда шуда, онҳо ва аъзоёни оилаҳояшон, ки аз рӯи ин Низомнома ҳуқуқ ба имтиёзҳо доранд, дар қатори ин имтиёзҳо аз имтиёзҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Ба шахсони номбаршуда ҳангоми ҳуқуқ доштан барои гирифтани як имтиёз аз рӯи якчанд асос, ба онҳо интихоби имтиёз дар як асос ба истиснои мавридҳои махсусан пешбининамуда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

44. Адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар делои шахсии корманд, ки аз тарафи хизмати кадрии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бурда мешавад, инъикос меёбад.
Ҳангоми гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба дигар сохторҳои қудратӣ ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ делои шахсӣ ба ҷои нави хизмат фиристода мешавад. Бурдани якчанд делои шахсӣ нисбати як корманди мақомоти корҳои дохилӣ манъ аст.
Тартиби бурдан ва нигоҳ доштани делоҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ишғол намудани ҷойҳои холӣ ба тарзи кирояи озод дар мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳи бастани шартномаи инфиродӣ амалӣ мегардад.
Мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи ин Низомнома бо роҳи бастани шартномаи инфиродӣ, ба шакли озмун, инчунин тавассути таъин намудан ба мансаб ишғол карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавридҳои зерин иҷрокунандаи вазифаи хизматӣ ба ҳисоб меравад:
а) иҷрои вазифа оид ба ҳимояи сохти конститутсионӣ ва риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла танзимкунандаи соҳаи фаъолияти он;
б) иҷрои талаботҳои муқаррарнамудаи оинномаҳои дахлдор, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) иҷрои фармонҳо, супоришҳо ва нишондодҳои аз тарафи мақомоти болоӣ бо тартиби тобеъияти сардорон дар ҳадди ваколати мансабиашон додашуда;
г) нигоҳдории (ҳифзи) сирри давлатӣ ва дигар сирҳои аз тарафи қонун ҳифзшаванда, инчунин ошкор накардани маълумотҳое, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансабиаш ба ӯ маълум гашта ба ҳаёти шахсӣ ва шаъну эътибори шаҳрвандон дахл доранд;
д) иҷрои вазифаҳои мансабӣ дар давоми вақти кории муайяншуда ё аз он зиёд агар онро зарурати хизматӣ тақозо кунад;
е) иштирок дар ҷамъомадҳо, машқҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо, ки бо омӯзиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо таҳсил дар адъюнктураи мактаби олии ҳарбӣ, докторантура ва дар рухсатии эҷодӣ будан вобаста аст;
ж) иштирок дар чорабиниҳои хизматӣ – оперативӣ мувофиқи нақшаҳои тасдиқнамудаи сардорони мақомоти корҳои дохилӣ;
з) рафтан ба ҷои хизмат, сафари хизматӣ, табобат ва бозгашт аз он;
и) дар сафари хизматӣ ё табобат будан;
к) амал намудан барои ҳимояи ҳаёт, саломатӣ, шаъну эътибори шаҳрвандон, инчунин барои бехатарии шахсӣ вобаста ба вазифаҳои хизматии онҳо ё берун аз онҳо;
л) дар асирӣ будан (ғайр аз мавридҳои ихтиёран ба асирӣ таслим шудан) дар шароити боздошт шудан ё ба сифати гаравгон гирифтан;
м) беному нишон буда, то бе ному нишон дониста шудани корманд ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида эълон намудани ӯ;
н) иштирок дар иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои ҷангӣ ва ҳолати фавқулодда, инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳона;
о) ҳангоми рафтан аз маҳалли истиқомат ба ҷои хизмат ё баръакс.
Дар асирӣ, дар ҳолати боздошт шудан ё ба сифати гаравгон қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санади дохилисохтории Вазорати корҳои дохилӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он ба ҳисоб меравад (созишномаҳои Женева аз 12 августи cоли 1949 ва Протоколҳои иловагии он), муайян мекунад.
Кормандони зерини мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи хизматии худро иҷронамуда, ҳисобида намешаванд:
а) кормандоне, ки дар рухсатии меҳнатӣ ё барои дамгирӣ ба хонаҳои истироҳатӣ рафтаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар ин Низомнома пешбинишуда;
б) нисбати шахсоне, ки дар рафти тафтишоти хизматӣ, аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд муқаррар карда шудааст, ки кирдори содирнамудаашон:
- дар ҳолати бадмастӣ, ки ҳангоми истифодаи маводҳои спиртӣ, нашъадор, психотропӣ ё мадҳушкунанда ба вуҷуд омадааст, алоқаи бевосита дорад;
- ҳамчун ҷинояти қасдона, қонунвайронкунии маъмурӣ банду баст карда шуданаш;
- худкушӣ ҳисобида шуданашон ва зимнан ба он беморӣ ё ба худкушӣ оварда расонидан сабаб нагардидааст.

Маҳдудияти бо хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ алоқаманд:
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ надорад:
а) бо дигар фаъолияти пардохташаванда ба ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ машғул шавад;
б) шахсон ё ба воситаи шахсони боваринок бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;
в) аъзои мақоми идоракунии ташкилотҳои тиҷоратӣ будан, агар чизи дигаре дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашуда бошад, ё бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ ба ӯ иштирок намудан дар идоракунии ин ташкилот супориш нашуда бошад;
г) истифода бурдани воситаҳои моддӣ техникӣ, молиявӣ ва таъминоти иттилоотӣ ва дигар моликияти мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин маълумоти хизматӣ бо мақсадҳои ғайрихизматӣ;
д) аз шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони воқеӣ гирифтани тӯҳфаҳо, мукофоти пулӣ, подош, пардохтҳои вақтхушӣ, харҷи нақлиёт ва дигар мукофотҳо, ки бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ алоқаманд аст;
е) бе иҷозати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул намудани мукофот, рутбаҳои махсус ва фахрии давлатҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмиллалӣ ва хориҷӣ;
ж) истифода бурдан аз мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои ғайрихизматӣ, шахсӣ ва гурӯҳии ӯ дахолат мекунад;
з) ба сафар рафтан ба хориҷа аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба ғайр аз сафари хизматӣ, ки бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаи дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомотҳои давлатии давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ё дар асоси созишномаи дутарафа дар бораи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад;
к) иштирок намудан дар корпартоиҳо;
л) истифода намудани мавқеи хизматии худ ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, созмонҳои ҷамъятӣ, барои тарғиботи онҳо;
м) бе иҷозати сардорони бевоситаи худ аз сафоратҳо ва дигар намояндагиҳо ва ташкилотҳои байналмиллалии давлатҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, дидан намудан ва бо шаҳрвандони хориҷӣ бе зарурати хизматӣ вохӯрдан.
н) фош намудани маълумотҳо, ки аз сирри давлатӣ ва хизматӣ, ки ҳангоми хизмат ва ё кор ба онҳо маълум гаштааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаи таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда маълумоти миёнаи махсус (олии нопурра) гирифтаанд, барои дохил шудан ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли таълими ғоибона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми аз давлати дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи дигар гузаштанашон рутбаҳои махсуси доштаашон (мувофиқи вазифаи ишғолкардаашон дода мешавад) боқӣ монда, инчунин нисбати онҳо тартиби ҳисоб намудани собиқаи корӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, агар чизи дигаре дар созишномаи дутарафа байни шартномабастагон нишон дода нашуда бошад, истифода мегардад.
Сардорони бевосита вазифадоранд ба тобеонашон барои истироҳат, пешравӣ дар хизмат, баландшавии сатҳи маълумот ва касбу маданят, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишӣ шароити мусоид фароҳам оваранд. Сардорони мазкур ва дигар шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ барои дуруст риоя намудани талаботҳои ин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрӣ дар масъалаҳои адои хизмат ва кор бо кадрҳо масъулияти шахсиро ба ӯҳда доранд. Ҳуқуқи вайронкардашудаи корманд бетағир барқарор карда шуда, шахсони мансабдоре, ки бо айби онҳо чунин хатоӣ ба вуҷуд омадаст, дар мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ва бо ҷуброни зарари моддии расонидашуда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда вобаста ба вазифаи ишғолкардаашон ва шахсоне, ки бенуқсон мувофиқи шартҳои дар ҳуҷҷатҳои муқарраршуда пешбинишуда ҳангоми пур кардани (анкета) маълумотҳои саҳеҳ инчунин мувофиқи шартҳои дар шартномаи байналмиллалӣ пешбинишуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, на камтар аз 3 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат кардаанд, барои такмили ихтисос дар давлатҳои хориҷӣ ҳуқуқ доранд. Шахсоне, ки Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо баҳои аъло хатм намудаанд, барои хондан ба адъюнктура фиристода шуданашон мумкин аст.
Ҳангоми дохил шудан барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
а) аризаи шахсӣ;
б) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
в) дафтарчаи меҳнатӣ;
г) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот;
д) ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд).
Дастгоҳи кадрии мақомоти корҳои дохилӣ шахсони барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ дохилшавандаро барои муоинаи тиббӣ, ташхиси руҳӣ (психодиагностика ва супоридани меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ равона мекунанд).
Дар мавриди муайян намудани ҳолатҳое, ки барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ дохил шудани шаҳрванд монеа мешаванд, шахси номбурда ба тартиби муқарраршуда оиди сабабҳои рад шудани ӯ барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ хабардор карда мешавад.
Ҷойивазкунии мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ҳангоми мувофиқати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корманди мақомоти корҳои дохилӣ) ба талаботҳои тахассусии барои дараҷаи мансабҳои муносиб муқарраршуда амалӣ мегардад.
Тартиби интихоби шаҳрвандон барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дохил шудан ба муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии олии касбии омӯзишии давлатиро хатм намудаанд, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии давлатҳои хориҷа, инчунин шахсони ба ҳайати мансабҳoи роҳбарикунанда таъиншуда, ҳангоми хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз қайди ҳарбии комиссариатҳо бароварда шуда ба қайди махсус дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда мешаванд.
Тартиб ва хусусияти қайди ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ адои хизмат менамоянд, ихтисоси ҳарбии ба қайдгириашон аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқкунӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

45. Ба кори дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мегардад:
а) ба мансаби болоӣ – бо тартиби болоравӣ дар хизмат бо назардошти дараҷаи тайёрии касбӣ бо розигии корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва бо тартиби аттестатсионӣ;
б) ба мансаби баробараҳамият – ҳангоми зарурати иваз намудани мансаби дигар ё барои бомақсад истифода намудани корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти хусусиятҳои шахсӣ, хизматӣ ва тайёрӣ аз рӯи ихтисоси нав ё аҳволи саломатӣ ва синну сол – бо розигии корманди мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо ташаббуси худи корманд ё шароити оилавӣ ва бо тартиби аттестатсионӣ;
в) ба мансаби поёнӣ – ҳангоми ихтисори ҷойҳои корӣ ё барҳам додани мақомоти корҳои дохилӣ, дар ҳолати набудани имконияти гузаронидан ба мансаби баробараҳамият, бо розигии корманди мақомоти корҳои дохилӣ, мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ бо сабаби аҳволи саломатӣ, бо хоҳиши шахсӣ (аз рӯи номувофиқии хизматӣ нисбати мансаби ишғолкардааш) бо тартиби аттестатсионӣ мувофиқи хизмат набудани мансаби ишғолкарда, бо тартиби ҷазои интизомӣ;
г) ҳангоми дохил шудан ба таҳсил бо озод намудан аз мансаби штатии ишғолкарда;
д) баъди адои таҳсил дар намуди рӯзона ҳангоми таъин намудан ба мансаб, он аз мансаби пеш аз таҳсил ишғолкардааш набояд паст бошад;
е) бо розигии корманд бо тартиби махсус равон намудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо.
Ҳангоми ба мансаб гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ӯ ба кор аз рӯи ихтисосҳои асосӣ ба он наздик ё ин ки мувофиқи таҷрибаи доштааш таъин карда мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани зарурати истифодаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба мансаби ихтисоси барои ӯ нав, корманд бояд дар курсҳо (ҷамъомадҳо) тайёрии пухта гирифта бошад.
Дар ҳама ҳолатҳо аз як кор ба кори дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар хизмат бо фармони сардори дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ бо нишон додани сабаби гузариш ба расмият дароварда мешавад.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 15 сол ва аз он зиёд собиқаи корӣ доранд, андозаи маоши мансабиашон аз рӯи ҷои охири хизмат барои онҳо нигоҳ дошта мешавад. Гузаронидани онҳо ба кори дигар бо маоши хурд дар ҳолати барҳам додани мақомоти корҳои дохилӣ (воҳидҳои он) бо сабаби аҳволи саломатӣ ё ихтисори ҷойҳои корӣ (штатҳо) ба амал меояд.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба мансаби поён гузаронида шудааст, дар оянда бо назардошти ихтисоси хизматӣ, таҷрибаи корӣ сифатҳои шахсӣ ва аҳволи саломатӣ метавонад бо зинаи хизматӣ пеш равад.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ метавонад аз рӯи мансаб иҷрокунандаи вазифа таъин гардад. Дар ин ҳолат мӯҳлати иҷрои вазифаи холии мансабӣ на зиёда аз ду моҳ ва вазифаи холӣ на зиёда аз чор моҳ (ба истиснои иҷрокунанда ба вазифаи холии мансабӣ ҳангоми пешниҳоди рухсатӣ бо сабаби ҳомилагӣ ва таваллуд, инчунин нигоҳубини кӯдак) зиёд набошад.
Гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои кор ба дигар минтақа бо ташаббуси сардори мақомоти корҳои дохилӣ танҳо бо розигии корманд ба шарте, ки чизи дигар дар қарордод муайян нашуда бошад, амалӣ мегардад. Ба минтақаи дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои хизмат, аз ҷумла бо сабаби тағйири мавқеъи мақомоти корои дохилӣ танҳо бо розигии корманд, агар чизи дигаре дар қарордод наомада бошад, амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба минтақаи дигар барои хизмат, ба ӯ ва аъзои оилааш бинои истиқоматии ишғолкардааш дар маҳалли зисти доимӣ дар давоми муддати хизматаш бо тартиби муайяншуда ҷудо карда мешавад.
Дар як вақт дар ҷои кори нав ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзоёни оилаи ӯ бинои манзилгоҳ пешниҳод карда мешавад, ё ин ки ҷубронпулии ҳармоҳа барои иҷора ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзоёни оилаи онҳо барои харҷи рафтуомад ва ҳамлу нақли ҷиҳози шахсиашон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ҷубронпулӣ аз ҳисоби маблағи мақомоти корҳои дохилӣ ҳақ доранд.
Рафтуомад ва ҳамлу нақли ҷиҳози корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзои оилаи ӯ ҳангоми гузаронидан ба ҷои кори дигар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳoи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

46. Таъин ва ба вазифаи дигар гузаштани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар хизмат аз тарафи сардорони бевосита мувофиқи салоҳияташон амалӣ гашта аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Бо вуҷуди он бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд:
а) истифодаи кормандон бояд аз рӯи ихтисоси асосӣ ё ба он наздик ё мувофиқи таҷрибаи доштаашон амалӣ гашта, ҳангоми зарурат дар вазифаҳои барои ихтисоси онҳо нав бояд дар курсҳои (ҷамъомадҳои) дахлдор аз нав тайёркунӣ гузаронида шавад;
б) болоравии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар хизмат дар асоси интихоби вобаста ба дараҷаи тахассусӣ, собиқаи хизматӣ, натиҷаҳои ба даст оварда дар минтақаҳои супурдашуда, барои иҷрои вазифаҳои баланди мансабӣ маҳорат нишон додаанд, инчунин хулосаҳои аттестатсионӣ, амалӣ мегардад;
в)мӯхлати муттасили иҷрои муваққатии вазифа аз рӯи вазифаи холӣ на бояд аз ду моҳ ва ғайриҳолӣ аз чор моҳ зиёд бошад;
г) ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штатӣ, шахсони ҳайати роҳбарикунанда ба мӯҳлати на зиёда аз ду моҳ ба ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ таъин шуданашон мумкин аст.
Дар мавриди алоҳидаи ҳолатҳои махсус ба вуҷуд омада дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ аз 2 моҳ зиёд ва на зиёда аз 4 моҳ бо тасдиқи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Давраи дар рухсатии меҳнатӣ (ғайр аз рухсатии меҳнатии вобаста ба нигоҳубини кӯдак) ва ҳангоми табобат дар муассисаҳои тиббӣ ё ин ки беморӣ будан мувофиқи ин Низомнома ба мӯҳлати дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ қарор доштани ӯ ҳисоб карда намешавад.;
д) шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки байни худ қаробати хешутаборӣ ё қудогӣ доранд (волидайн, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, падару модарони зану шавҳар) ва дар як мақомоти корҳои дохилӣ адои хизмат намуда, хизмати онҳо бо тобеъияти яке ба дигаре алоқаманд аст мумкин нест;
е) таъинот ва ҷойивазкунӣ ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ба феҳраст дохилшаванда, ки ба танзими даровардани иҷозати махсусро ба корҳои муҳим ва корҳои ҳуҷҷатҳои махфӣ тақозо менамояд, танҳо баъди мувофиқати мақомоти амният амалӣ карда мешавад.


Боби 6. Қатъ намудани хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ

47. Асосҳои барои қатъ намудани хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ инҳо мебошанд:
а) озодкунӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ;
б) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) бо тартиби муқарраршуда бе ному нишон ҳисобидани корманд;
г) вафоти (марги) корманди мақомоти корҳои дохилӣ.

Аз хизмат озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мегардад:
а) ба эҳтиёт (бо истодан дар қайди ҳарбӣ) – агар сабукдӯшшудагон ба ҳадди синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои дар қайди эхтиётӣ истодани шахсоне, ки рутбаи дахлдори ҳарбӣ дошта аз рӯи аҳволи саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ коршоям ҳастанд, нарасидаанд;
б) ба истеъфо (бо баровардан аз қайди ҳарбӣ) – агар сабукдӯшшуда ба ҳадди синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои дар қайди эҳтиётӣ истодани шахсоне, ки рутбаи дахлдори ҳарбӣ доранд ё аз тарафи комиссияи тиббии ҳарбӣ аз рӯи аҳволи саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ корношоям ҳастанд, расидаанд, бо баровардан аз қайди ҳарбӣ.

48. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо асосҳои зерин (бо истодан дар қайди ҳарбӣ) аз хизмат ба эҳтиёт озод карда шуданашон мумкин аст:
а) бо хоҳиши худ;
б) бо расидан ба ҳадди синну соле, ки Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ муайян намудааст;
в) бо расидани мӯҳлати собиқаи хизматӣ, ки ба нафақа ҳуқуқ медиҳад (бо ташаббуси корманди милитсия ё бо розигии ӯ);
г) баъд аз тамом шудани мӯҳлати хизмат, ки дар қарордод нишон дода шудааст;
д) бо сабаби вайрон намудани шартҳои қарордод;
е) бо ихтисори штатҳо (ҷойҳои корӣ);
ж) аз сабаби беморӣ – дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ дар бораи корношоямӣ барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ;
з) аз сабаби маҳдудияти аҳволи саломатӣ – дар асоси хулосаҳои тиббии ҳарбӣ оид ба маҳдудияти коршоямӣ ба хизмат ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ аз рӯи аҳволи саломатӣ мувофиқи мансаби ишғолкарда, ҳангоми набудани имконияти ҷойивазкунӣ дар хизмат;
и) аз рӯи натиҷаҳои аттестатсионӣ маълум намудани нокифoягии тахассусӣ ва мувофиқат накардан бо мансаби ишғолкарда;
к) ҳангоми мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ;
л) барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди мақомоти корҳои дохилӣ доғ меорад;
м) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд.

Номгӯи мазкури асосҳои аз хизмат озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мукаммал мебошад.
Кормандон ба истеъфо аз хизмат бо баровардан аз қайди ҳарбӣ озод карда мешаванд:
а) аз рӯи синну сол – шахсоне, ки ба ҳадди синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои дар эҳтиёт будан ва доштани рутбаи дахлдори ҳарбӣ;
б) аз сабаби беморӣ – дар асоси қарори тиббии ҳарбӣ оид ба корношоямӣ барои хизматӣ ҳарбӣ бо баровардан аз қайди ҳарбӣ.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҷиноят содир намудаанд, баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд оид ба маҳкум шуданашон барои содир кардани ҷиноят, аз хизмат озод карда мешаванд.

Курсанте (ҷинси мард), ки барои ақибмонӣ ва беинтизомӣ аз муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарбӣ фиристода мешавад, ба шарте, ки агар ҳангоми хориҷ шудан мӯҳлати муқаррарии хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо накарда бошад ё барои хондан барқарор карда нашуда бошад.
Муддати таҳсил дар муассисаи таълимӣ бо ҳисоби як моҳи хониш баробар ба як моҳи хизмати ҳарбӣ бо даъват ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми пеш аз мӯҳлат аз кор озод шудани кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки мувофиқи қарордод адои хизмат менамоянд, дар асосҳои пешбининамудаи бандҳои 47 ва зербандҳои «д», «к», «л», «м», «н»-и банди 48 ин Низомнома аз маблағи пардохти яквақтаи мегирифтаашон барои мӯҳлати боқимондаи санаи ба охир расидани қарордод мутаносибан нигоҳ дошта мешавад.

49. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ғайриқонунӣ аз хизмат озод ё ба мансаби паст гузаронида шудаанд, дар вазифаи пештара ё ба он баробар барқарор карда мешаванд. Барқароркунӣ дар хизмат (мансаб) на дертар аз як моҳи рӯзи муроҷиат намудан амалӣ мегардад, ба шарте, ки он дар давоми шаш моҳи қабули қарори ғайриқонунӣ оид ба озод ё паст кардан дар мансаб бо огоҳ намудани он шахс ба вуҷуд омада бошад.
Мӯҳлате, ки шахс дар асоси ҳукми суд ё озодкунии ғайриғонунӣ дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ қарор надошта, дар натиҷа барқарор карда шудааст, ба стажи корӣ (бо ҳисоби тақвимӣ), собиқаи меҳнатӣ дар рутбаи махсус ба истиснои ҳолатҳое, ки аз вақти ҳукм 10 сол ё зиёд гузашта бошад, ҳисоб карда мешавад.

50. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда доранд, метавонанд то синни 45 солагиашон дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат кунанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки рутбаи махсуси ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда доранд, вобаста ба рутбаи ба онҳо додашуда метавонанд дар мақомоти корҳои дохилӣ то расидан ба синни:
а) аз лейтенантони хурди милитсия, лейтенантони хурди хизмати дохилӣ то подполковникҳои милитсия, подполковникҳои хизмати дохилӣ – 50 солагӣ;
б) полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ – 55 солагӣ;
в) генерал-майори милитсия, генерал-майори хизмати дохилӣ –58 солагӣ;
г) генерал-лейтенанти милитсия, генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ – 60 солагӣ;
д) генерал-полковники милитсия, генерал-полковники хизмати дохилӣ – 63 солагӣ хизмат кунанд.
Барои кормандони илмӣ - педагогӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ-илмӣ ва таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дараҷаи илмӣ ё унвони илмӣ доранд ҳадди синну соли хизмат дар мақомoти корҳои дохилӣ то 65 солагӣ муайян карда шудааст.
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда,ки ба синну соли муайяншуда расидаанд, ба истеъфо ё эҳтиёт (бо мондан дар қайди ҳарбӣ) бароварда мешаванд. Дар ҳолатҳои махсусан зарур шахсони алоҳида бо назардошти аҳволи саломатӣ, бо хоҳиши худ ва муносибат ба хизмат, дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ба муддати 5 сол дар вазифаи роҳбарикунанда, ки ба ин шахсон ҳуқуқи таъин шудан ба ин мансаб дода шудааст, метавонанд нигоҳ дошта шаванд.
Дар ҳолатҳои фавқулодда мӯҳлати дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ гирифта мондани шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда баъди гузаштани комиссияи тиббии ҳарбӣ (КТҲ) ва барои давом додани хизмат коршоям дониста шуданашон такроран ба муддати 5 сол бо шартҳои болоӣ дароз карда шуданаш мумкин аст.
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки дар хизмат нигоҳ дошта шудаанд, метавонанд то гузаштани мӯҳлат ба эҳтиёт (бо мондан дар қайди ҳарбӣ) ё истеъфо равона карда шаванд.

51. Аз кор озод намудани (кормандони мақомоти корҳои дохилӣ) шахсони ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда аз тарафи сардороне, ки ба онҳо ҳуқуқи қабул намудани кормандон ба хизмат дода шудааст, амалӣ карда мешавад.
Озод намудани шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда барои ба истеъфо ё ба эҳтиёт рафтан амалӣ карда мешавад:
а) то подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ, аз он ҷумла шахсони ҳайати олии роҳбарикунанда аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хизмати ҳарбӣ 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзӣ) ҳангоми озодкунӣ ба истеъфо ё эҳтиётӣ бо фармони сардороне, ки озодкуниро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни мақомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи озодкунии оянда ба истиснои озодкунӣ дар зербандҳои «б», «в», «г», сатри якуми банди 47 ва «д», «и», «к», «л» ва «м»-и қисми якуми банди 48 ин Низомнома пешбинишуда аз тарафи сардорони дахлдор на дертар аз ду моҳ пеш аз пешниҳод намудан ба озодкунӣ огоҳ карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки бо хохиши худ аз кор рафтанианд, бояд аз мақсади худ сардори бевоситаи худро на камтар аз ду моҳ пеш огоҳ намоянд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки фавтида, ҳалокшуда, беному нишон гумшуда ё бо тартиби муайян аз рутбаи махсус маҳрумшуда дониста шудаанд, аз руйхати (шахсии) ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки аз хизмат ба қатори эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудаанд, аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди ҳарбӣ гирифта мешаванд.
Тартиби адои хизмати шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар замони ҷанг бо қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

52. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо таъин намудан ба ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ ба мӯҳлати на зиёдтар аз ду моҳ бо нигоҳ доштани таъминоти пулӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин аз мансаби ишғолкардааш озод карда шавад:
а) гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штатӣ, яъне ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штатӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ то гузаштани мӯҳлати пешбинишуда барои таъмин намудан бо кор ё ин ки озод намудан аз сабаби ихтисори штатҳо дар ҳолати набудани имконияти таъмини ӯ бо кор, ба мансаби дигар ё мақомоти дигари корҳои дохилӣ бояд ба хизмат қабул карда шавад.
б) озод намудан аз мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси пешбининамудаи зербандҳои «а», «б», «в», «г», «и» банди 48 ин Низомнома бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз мансаб мувофиқи зербанди «б» банди мазкур бо таъин намудани ӯ ба ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ баъд аз гузаштани ду моҳи гирифтани огоҳинома оид ба озод кардан (бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ) ва бо гузаштани ду ҳафта (ҳангоми додани аризаи озод намудан) танҳо ҳангоми номумкин будани озодкунии ӯ баъди мӯҳлати нишондодашуда (рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва рухсатӣ) амалӣ мегардад.
Мӯҳлати дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ қарор доштани корманд ба мӯҳлати на зиёда аз ду моҳ ба ҳисоби собиқаи корӣ барои баровардан ба нафақа дар асоcи имтиёзӣ ҳисобида шуда, аз он зиёда мӯҳлати муқарраршуда бо ҳисобкунии тақвимӣ амалӣ мегардад.
в) фиристодани корманд аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ.
Муддати дар рухсатии меҳнатии навбатӣ ё иловагӣ инчунин дар табобат ва рухсатӣ будани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба мӯҳлати қарор доштани ӯ дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ ҳисобида намешаванд.
Дар ҳолатҳои зерин кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд муваққатан аз вазифа дур карда шаванд :
а) дар давраи тафтишоти хизматӣ маълум гардидани вайронкунии дағали интизоми хизматӣ, ки барои иҷрои вазифаи хизматиашон имконият намедиҳад;
б) барои содир намудани ҷиноят ба сифати айбдор ҷалб карда шудан то бо асоси барқароркунӣ қатъ карда шудани парвандаи ҷиноятӣ ё ин ки то баромадани қарори суд оид ба парвандаи мазкур.
Барои муддати аз мансаб дур карда шудани корманд ба ҳаҷми пурра таъминоти пулӣ ба ӯ пардохта мешавад.
Дар ҳолати ҳабс намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пардохти таъминоти пулӣ қатъ карда мешавад. Ҳангоми қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ дар асоси барқароркунӣ ба корманд барои тамоми муддати дар ҳабс будааш таъминоти пулӣ пардохта мешавад.
Аз рӯзи хотима ёфтани асос барои қатъ кардани хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи корманд қарордоди нав оид ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ баста шуда, инчунин метавонад бе қарордод таъин карда шавад, ё мувофиқи тартиб ва асосҳои дар ин Низомнома пешбинишуда аз хизмат озод карда мешавад.

53. Дар ҳолати аз мақомоти корҳои дохилӣ озод кардани кормандон дар асоси зербандҳои пешбинишудаи «д», «к», «л» банди 44 Низомномаи мазкур арзиши либоси низомии ба ӯ додашуда бо назардошти фарсудагӣ ситонида мешавад.
Шахсони зерин маблағе, ки дар давраи хониш барои хӯрок, либоси низомӣ, истиқомат дар хобгоҳ, техникаҳои криминалистикӣ ва дигар техникаҳои махсус аз ҷумла хароҷотҳои барои маоши омӯзгорон масрафшударо бечунучаро талофӣ менамоянд:
- курсантҳои (шунавандагони, адъюнктони, докторантони) шӯъбаи рӯзона, ки аз сабаби сустхонӣ ва беинтизомӣ (ё бо сабаби то бастани қарордод) аз муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудаанд ё бо сабаби то бастани қарордоди хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ бо хоҳиши худ озод шудаанд;
- инчунин, курсантҳо (шунавандагон, адъюнктҳо, докторантҳо), ки аз бастани қарордод даст кашидаанд ё баъди бастани қарордод хоҳиши давом додани хониш, супоридани имтиҳонҳо ва хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро надоранд;
- кормандоне, ки барои вайрон кардани талаботҳои қарордод бо гуноҳи худи корманд то гузаштани 3 сол баъди хатми муассисаи таълимии омӯзиши касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар муассисаи таълимии омӯзиши касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки музди хонишашон пардохта шудааст, аз кор озод карда шудаанд.

54. Барои дафни корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва нафақахӯрон - собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оилаи онҳо (падар, модар, ҳамсар ва фарзандон) кӯмаки якдафаъаинаи пулӣ дар ҳаҷми маблағи пулии панҷмоҳаи охирин вазифаи ишғолкарда, на ба андозаи аз он кам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пардохта мешавад.

Боби 7. Бо нафақа таъмин намудани кормандони
мақомоти корҳои дохилӣ

55. Нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шуда бо қонунҳoи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳисобкунии андозаи нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз хизмат бо расидан ба синну соли муқарраршуда, аз сабаби беморӣ ё собиқаи меҳнатии мӯҳлати хизмат, озод карда шудаанд, аз таъминоти пулии умумии онҳо ба амал меояд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар натиҷаи ҷароҳати меҳнатӣ гирифтан ё ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ маъюб шудаанд, нафақаи онҳо аз рӯи маҷрӯҳӣ сарфи назар аз стажи умумии кориашон таъмин карда мешавад.
Дар ҳолати вафоти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъминоти нафақаи аъзоёни оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» амалӣ мегардад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ба стажи корӣ барои таъин намудани нафақа ва пардохти фоизи иловагӣ барои собиқаи меҳнатӣ ва муддати хизмати онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба сифати хизматчӣ, агар вазифаи ишғолкардаи онҳо баъдан ба шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда иваз шуда, онҳо ба ин вазифа таъин шуда бошанд, инчунин хизмати онҳо дар дигар мансабҳо дар ҳамин қисми мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳисобкунии тақвимӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
Барои шахсоне, ки аз сохторҳои судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мaқомоти корҳои дохилӣ барои давом додани хизмат омадаанд, ба стажи меҳнатии онҳо барои таъин намудани нафақа ва ҳисоб намудани изофӣ барои собиқаи меҳнатӣ ба ҳисоби як соли стажи умумии корӣ ба як соли хизмат ҳисоб карда мешавад.
Барои шахсоне, ки баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ бо ихтисоси худ дар ташкилотҳои ғайринизомӣ кор карда дар мақомоти корҳои дохилӣ хизматро бо ихтисоси асосӣ давом додаанд, собиқаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизматӣ барои таъин намудани нафақа ва баровардани ҳисоби фоизӣ, барои хизмати дарозмуддат ба ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатӣ ба як соли хизматӣ ҳисоб карда мешавад.
Мӯҳлати дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ будани кормандон ба собиқаи умумии бефосилаи онҳо, инчунин ба собиқаи меҳнатӣ аз рӯи ихтисос дар асоси имтиёзҳои зерин ҳисоб карда мешавад: як соли хизмат аз як соли собиқаи меҳнатӣ иборат буда, давраи хизмат дар ноҳияҳои шароити иқлимӣ ва экологиашон вазнин, мувофиқан як соли хизмат мувофиқи номгӯи ихтисосҳо ва маҳалҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, баробар ба ду соли собикаи корӣ ҳисобида мешавад.

05.02.2016 14:39
36