Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
30-юми июни соли 2025, тахминан соати 02:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-318”, Саидов Абдулфатоҳ Саиднизомович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони И.Сомонӣ ба самти маҳаллаи Борбад, ҳангоми расидан дар роҳи яклухти автомобилгарди маҳаллаи 1-уми Майи шаҳри мазкур қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳи автомобилгард бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Саидов А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
30-юми июни соли 2025, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Султонов Мансурхон Муҳаммадович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, бо ду нафар мусофир Асоев Абдусаттор Тешабоевич, соли таваллудаш 1975 ва Ҳошимов Сайумрон Абдуғафорович, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Рашт, ҳангоми дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ҳаракат намуданаш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз як самти ҳаракат ба самти ҳаракати дигар гардиш мекунад, ки дар ин вақт бо автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс ML 350”, ки ба Хусрави Муҳаммадҷон тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра” Султонов М.М. ва мусофирони ӯ Асоев А.Т. ва Ҳошимов С.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















