Ҳалокати якчанд нафар дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ
27-уми июни соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри”, Таҷибаев Шамсиддин Парвизович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми бо роҳи мошингарди кӯчаи М.Мастонгулов аз самти кӯчаи Кари Манн ба самти кӯчаи А.Дониш ҳаракат намуданаш, дар рӯ ба рӯи ошхонаи “Ҳавопаймо” пиёдагард Ҳоҷиев Ширин, соли таваллудаш 1943, сокини пойтахтро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ҳоҷиев Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
28-уми июни соли 2025, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолсваген», таҳти идораи шаҳрвандаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Холбоев Муҳаммадӣ Марибҷонович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми ҳаракат дар километри 332,2-и роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз самти ноҳияи Мастчоҳ ба самти ноҳияи Б.Ғафуров, бо автомашинаи дар як самт бо номбурда ҳаракат кардаистодаи тамғаи «Тойота Королла», таҳти идораи ронанда Муҳиддинов Ҷаҳоншоҳ Саидмирович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Мастчоҳ сабқат намуда, ба қисми қафои автомашинаи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки аз самти ноҳияи Б.Ғафуров ба самти ноҳияи Мастчоҳ таҳти идораи ронанда Уразбеков Воҳид Ҳакимович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Истиқлол, ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётии мазкур ронандагон ва мусофирони зерин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд:
1. Холбоев М.М., ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолсваген»;
2. Мусофири автомашинаи тамғаи «Фолсваген», шаҳрванди Холбаев Анварҷон Марибҷонович, соли таваллудаш 1968,
3. Уразбеков В.Ҳ., ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»;
4. Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Уразбеков Зоҳир Ҳакимович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истиқлол.
5. Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Уразбеков Зарифҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истиқлол.
6. Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ноболиғ Уразбеков Ҷавлонбек Воҳидович, соли таваллудаш 2010.
7. Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ноболиғ Уразбекова Сумая Воҳидовна, соли таваллудаш 2017.
Ғайр аз ин дар натиҷаи садамаи нақлиётии мазкур ронандаи автомашинаи «Тайота Королла», Муҳиддинов Ҷ.С., мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Муҳиддинзода Анас Нуроншоҳ, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Мастчоҳ, мусофири автомашинаи тамғаи «Фолсваген», Холбаев Ҷӯрабек Маҳаммадиевич, соли таваллудаш 1990, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
28-уми июни соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-200», Ҳанифов Маҳмадали Нозимҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи мазкур, ки аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Одинаев Муҳаммад Ҳоҷиқурбонович, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Одинаев М.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















