Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 38-сола бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз соли 2009 то моҳи декабри соли 2024 дар ҶДММ «Грин Юнайтед Груп» ба ҳайси ронанда фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ин ҷамъият аз тарафи директори ширкати мазкур ду адад автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”-ро бо мақсади иҷрои  корҳои ширкат ба номаш ҳуҷатгузорӣ  намудааст.
Гумонбаршаванда дар навбати худ автомашинаҳои мазкурро барои иҷрои корҳои ширкат ва шахсиаш истифода намуда, бо баҳонаи пардохт нашудани музди меҳнаташ автомашинаҳои мазкурро, ки дар тавозуни корхона қарор доштанд, бе иҷозати роҳбарияти ширкат ба дигар нафарон, ҷамъ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи мазкурро ба хазинаи ширкат ворид накарда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.06.2025 8:25
38