ҚАРОР
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси
ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2013, №2201 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 15 майи соли 2014 № 321
ш. Душанбе