Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
23-юми июни соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Саидов Назирҷон Чупонқулович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати пеши автомашина ба канори роҳ баромада дар тани теппаҳо задааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Саидов Н.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
24-уми июни соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи трактори тамағаи «Т-28», Лангариев Маҳмадали Рамазонович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Шарифободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи трактораш набаромада, дучархарони ноболиғ Ибронов Абдураҳмон Алимаҳмадович, соли таваллудаш 2018, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ибронов А.А. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми июни соли 2025, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Баротов Усмон, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ, ҳангоми расидан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, автомашинаро дар канори чапи роҳ чаппагардон намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Холиқов Сайидшоҳ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири дигари автомашинаи мазкур Воҳидзода Далер Муродали, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















