Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавонзани 20-сола барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми июни соли 2025, тахминан соати 13:00, дар хонаи истиқоматиаш бинобар ба миён омадани нофаҳмӣ бо шавҳараш ҷавони 25-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками шавҳараш зарба задааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи  ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати «Вазнин» ба саломати мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.06.2025 8:11
49