Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми авбошӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми июни соли 2025, тахминан соати 23:10-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди кӯчаи Кайҳони ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, аз дохили мағозаи хӯроквориаш як адад кордро гирифта ба тарафи рости шиками ҷабрдида як маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.