Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарғиби тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирии бадрафторӣ дар байни наврасон

21-уми июни соли 2025 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он» мувофиқи нақшаи якҷояи Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ва Дафтари Барномаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи ҳаёти солим» семинари омӯзишӣ ва мусобиқаи футбол барои наврасон таълимгирандагони мактабҳои варзишӣ, аз ҷумла мактаби махсуси футболи вилоят баргузор гардид. Чорабинии тарғиботӣ дар Мактаби камонварии вилояти Суғд доир гашт.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин рӯз миёни тарбиятгирандагони аз 12 то 14 солаи Мактаби махсуси футболи Суғд мусобиқаи футбол гузаронида шуд. Ҳайати тарбиятгирандагон ба се даста, дастаҳои «Сирдарё», «Эсхата» ва «Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд» ҷудо шуда байни ҳам сабқат карданд. Ҷараёни мусобиқа нишон дод, ки бозии футбол дар минтақа рушд кардааст. Наврасон аз қоидаҳои футболбозӣ огаҳии хуб дошта дар намуди мусобиқаи даставӣ ҳадафмандона бо якдигарфаҳмӣ ва нишон додани маҳорати инфиродӣ бозиро пеш мебаранд. Футболбозони наврас дар натиҷаи тамринҳои мақсаднок услуби тезкори бозӣ, тубпартоиҳои ҳадафрас бо ҳаракатҳои касбӣ бозӣ мекарданд, ки он аз тамринҳои доимӣ гувоҳӣ медод.
Ҳарчанд сабқати ниҳоии мусобиқа байни дастаҳои Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд ва «Эсхата» мусовӣ анҷомид, задани зарбаҳои 11 метра ғолибро маълум кард. 
Футболбозони дастаи Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд бо нишон додани бартарии варзишӣ дар задани зарбаҳои 11 метра аз болои ҳарифони худ дастаи «Эсхата» ғолиб омаданд. Ҳамин тавр мақоми аввалро Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд ва ду зинаи баъдиро дастаҳои «Эсхата» ва Сирдарё соҳиб шуданд.
Қисмати расмии семинар бо маърӯзаҳои тарбиявию дастурӣ ва маълумотдиҳанда оғоз ёфт.
Нахуст сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Абдумаҷид Ҷалилов дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар давраи 5 моҳи сипаришудаи соли 2025 дар мутаносибӣ ба ҳамин давраи соли 2024, коргузории милитсия дар самти пешгирии қонуншиканиҳо ва вобаста ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат баҳри тарбия ва роҳнамоии насли наврас ба донишандӯзиву интихоби тарзи ҳаёти солим сухан кард. Дар вақти таътили тобистона машғул нашудан ба оворагардӣ ва дигар амалҳои халалдоркунандаи раванди тарбия ва солимгардонӣ даъвати намояндаи мақомот аз наврасон буд. Ӯ аз ҷумла зикр дошт, ки танҳо амали шоиста ва донишҳои ҳаматарафа шахсро дар зиндагӣ соҳибэҳтиром мегардонад.
Муовини аввали раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, устоди варзиши байналмилалӣ полковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён оид ба дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маълумот дода, наврасонро баҳри расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ ҳидоят намуд. Муваффақият дар сурате даст медиҳад, ки чи дар соҳаи варзиш ва чи дар дигар соҳаҳо шахс пайваста дар пайи таълиму тарбия бошад. Маҳорати худро сайқал диҳад ва пуртоқатиро пеша намуда аз беҳудагардӣ, дустӣ бо шахсони бадрафтору нохалаф худдорӣ намояд. Мисолҳои воқеъӣ дар ин бобат оварда шуданд. Гуфта шуд, ки варзиш метавонад ҷавононро муттаҳид сохта аз ҷиноятпешагӣ ва одатҳои бад дур созад. 
Эҳтироми волидайн, арҷ гузоштан ба заҳмати омӯзгор, интихоби дӯстони содиқу солимфикр, баланд бардоштани савияи дониш, донистани забонҳои хориҷӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти наврасон аз тарафи Аслиддин Шоҳиён матраҳ гардида таъкид гардид, ки инсон дар ҳоле ба зинаҳои муваффақият мерасад, ки дар баробари ҷисми обутобёфтаи солим доштан дорои хислатҳои нек бошад. Аз наврасон талаб карда шуд, ки дар вақтҳои холигӣ бештар ба варзиш машғул шаванд. Зеро варзиш шахсро дар рӯҳияи солимӣ тарбия мекунад.
Намояндаи дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақшаҳои ҳамкории созмони мазкур бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти солимгардонии ҷомеа, пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, барҳам задани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва роҳнамоии шаҳрвандон ба амалҳои шоиста маърӯза карда, диққати ҳозиринро ба расидан ба қадри осоиштагӣ ва хизмат ба халқу Ватан даъват кард.
Дар идома сардори амбулаторияи Шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд капитани хизмати дохилӣ Далер Султонзода оид ба таъсири манфии воситаи нашъадор ба рӯҳу ҷисми инсон, оқибати нашъамандӣ ва вобастагӣ ба он маърӯза кард. Гуфта шуд, ки нашъамандӣ хатарноктарин беморие мебошад, ки инсон аз ҳаёти ҷамъиятӣ дур шуда, бо дасти худ талаф меёбад.
Кадршиносии футболбозони наврас хотимабахши чорабинӣ гардид. Ҳамин тавр дастаҳои беҳтарин ва маҳорати инфиродии аъзоёни дастаҳо бо Ифтихорнома, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар ва ҳамлагари беҳтарин муаррифӣ  ва ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳо такдим гардид.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

24.06.2025 16:58
8