Форуми байналмилалӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
23-юми июни соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ таҳти унвони "Панҷ сол то соли 2030: суръат бахшидани хизматрасониҳои давлатӣ барои ояндаи устувор" ба кори худ оғоз намуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Чорабинӣ бо мақсади ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути иқтидори инсонӣ ва технологияҳои бахши давлатӣ аз ҷониби Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон ташкил карда шуда, дар кори он намояндагони зиёда аз 50 давлатӣ дунё иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур то 25 июни соли 2025 идома меёбад.