Маросими расмии ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид
20-уми июни соли 2025 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ маросими расмии ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Бинои мазкур аз таҳхона ва 6-ошёна дорои 56-утоқи корӣ, маҷлисгоҳ барои 240 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити муосир ва инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти милитсия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ин иқдом дар доираи тадбирҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти тартиботи ҷамъиятӣ амалӣ гардида, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти милитсия мусоидат хоҳад кард.