Дастгир гардидани як гурӯҳ бо гумони роҳзанӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19, 23, 24, 22, 19 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияҳои Варзобу Темурмалик ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷиннояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 13-уми июни соли 2025, тахминан соати 00:20-дақиқа, ҳангоми дар дохили боғи фарҳангию фароғатии ба номи “А.Фирдавси”-и кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанашон дидаанд, ки дар ҷайби назоратбарандаи мошинчаҳои хизматрасони дохили боғ ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Данғара маблағҳои пулӣ мавҷуд мебошад.
Сипас онҳо бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пулӣ ҷавони 23-сола нақшаро бо ҳамаслаконаш тақсим намуда, ба онҳо ниқобҳои сиёҳи латтагинро пӯшонида, берун аз дарвозаи боғи мазкур ҷабрдидаро мунтазир шудаанд. Тахминан соати 00:30-дақиқа, ҷабрдида аз дохили боғи мазкур баромадааст, ки дар ин маврид ҷавони 23-сола аз фурсати муносиб истифода бурда, бо корд ба ӯ ҳуҷум намуда, кордро ба қафаси синаи ҷабрдида гузошта, аз ӯ талаби додани маблағҳои пулиашро кардааст.
Дар ин ҳолат шариконаш, ки дар рӯйҳояшон ниқоб доштаанд ба онҳо наздик шуда, аз ду тарафи ҷабрдида истода ба ӯ ҳуҷум намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, аз ҷайбҳояш 1 ҳазору 500 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Роштқалъа ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш 23-юми ноябри соли 2015, тахминан соати 04:30-дақиқа, бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии бародараш ва дигарон, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 68-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, воқеъ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гардида, бо истифода аз ашёҳои ба таппонча ва корд монандбуда нисбати ҷабрдида таҳдиди зӯроварӣ намуда, аз ӯ ҷойи ҷойгиршавӣ ва рамзи сейфи оҳанини дар манзили истиқоматиаш бударо талаб кардаанд.
Ҷабрдида аз тарс ҷойи сейф ва рамзи онро ба гумонбаршавандагон нишон дода, баъди ба даст овардани маълумоти зарурӣ гумонбаршавандагон сейфро кушода, аз дохилаш 6 миллиону 236 ҳазору 123 рубли русӣ ва дигар ашёҳои қимматбаҳоро рабуда, ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, кирдори содирнамудааш аз қисми 4 моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ба банди «б» қисми 4 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шуда, тафтишот идома дорад.
















