Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд

8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д’Азури шаҳри Нитса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва маросими муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Сарвари давлати мо ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.

08.06.2025 16:43
0