Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.184; с.2010, №12, Қ.1, мод.808), (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11.2023, №1992)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии таъмини бехатарӣ аз сӯхторро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, ҳамчунин байни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар ин соҳа ба танзим медарорад.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бехатарӣ аз сӯхтор – таъмини ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯхтор;
- сӯхтор – оташи назоратнашаванда, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар ва ба ҷамъияту давлат зиёни моддӣ мерасонад;
- талаботи бехатарӣ аз сӯхтор – шартҳои махсуси техникие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, мақомоти ваколатдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор муқаррар карда шудаанд;
- риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор – иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани талаботи меъёру стандартҳо, қоидаву дастурҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
- низоми бехатарӣ аз сӯхтор – қоидаҳои муқарраршудаи рафтори шаҳрвандон, тартиби ташкили фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, шароити нигоҳубини бинову иншоотҳо, иморат (ҳудуд), таҷҳизоти истеҳсолӣ ва махсус, ки риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишониро пешгирӣ менамоянд;
- низоми махсуси бехатарӣ аз сӯхтор - муқаррар намудани талаботи иловагӣ ҳангоми зиёд шудани хатари сӯхтор дар ҳудудҳои дахлдор;
- чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор – амалҳо оид ба таъмин ва иҷрои талаботи бехатарӣ аз сӯхтор;
- системаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор - маҷмӯи қувва ва воситаҳо ва ҳамчунин чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникие, ки барои мубориза бо сӯхтор равона гардидаанд;
- хадамоти оташнишонӣ (муҳофизат аз сӯхтор) – бо тартиби муайян таъсис додани маҷмӯи мақомоти идоракунӣ, қувваю воситаҳо, аз ҷумла воҳидҳои оташнишонӣ, ки барои ташкили пешгирии сӯхтор ва хомӯш намудани он, гузаронидани корҳои таъхирнопазири наҷотдиҳӣ аз фалокат таъин гардидаанд;
- назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор - намуди махсуси фаъолияти назорати давлатие, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва роҳ надодан ба риоя накардани он анҷом дода мешавад;
- тарғиботи бехатарӣ аз сӯхтор – иттилоотонии ҷамъият оид ба масъалаҳо ва роҳҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабақаҳои иҷтимоӣ, тавассути нашр ва интишор кардани адабиёти махсус ва маҳсулоти реклама, ташкил намудани намоишу бозбиниҳо, конференсияҳо ва чорабиниҳои оммавӣ; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- пешгирии сӯхтор – маҷмӯи тадбирҳои бехатарӣ, ки барои истиснои имконияти сар задани сӯхтор ва маҳдуд сохтани оқибати он равона шудаанд;
- тадбирҳои аввалияи бехатарӣ аз сӯхтор – амалӣ намудани меъёру қоидаҳои бо тартиби маъмулӣ қабулгардида оид ба пешгирии сӯхтор, наҷот додани одамон ва молу мулк аз сӯхтор, ки ин як қисми маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ташкили оташнишонӣ мебошад; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- таҷҳизоти техникии оташнишонӣ – таҷҳизоти махсуси техникӣ, барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла техникаю таҷҳизот, лавозимоти оташнишонӣ ва маводи муҳофизат аз оташ, воситаҳои алоқаи махсус ва идоракунӣ, барномаҳои мошинҳои ҳисоббарори электронӣ ва манбаъҳои маълумот, ҳамчунин дигар воситаҳои пешгирии сӯхтор ва оташнишонӣ; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- гарнизони хадамоти давлатии оташнишонӣ – маҷмӯи мақомоти ҷойгиронии ҳудуди муайяни идоракунӣ, воҳидҳои муҳофизат аз сӯхтор, муассисаҳои техникӣ-оташнишонӣ, тадқиқоти илмӣ ва муассисаҳои таълимии техникии оташнишонӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравии оташнишонӣ;
- объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон - марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасониҳои маишӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои динӣ, тавақуфгоҳҳои ҳама намуди нақлиёт ва биноҳои муассисаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин меҳмонхонаҳо ва иншооти будубоши мувақатии одамон; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- ташкили хомӯш намудани сӯхтор - маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-тактикӣ ва муҳандисӣ-техникӣ (ба истиснои чораҳо оид ба таъмини чораҳои аввалияи бехатарӣ аз сӯхтор), ки ба наҷоти одамон ва молу мулк аз сӯхтор ва хомӯш кардани он нигаронида шудаанд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Моддаи 3. Вазифаҳои асосии таъмини бехатарӣ аз сӯхтор
Вазифаҳои асосии таъмини бехатарӣ аз сӯхтор аз инҳо иборатанд:
- ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, моликият, сарвати миллӣ ва муҳити зист дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- пешакӣ муайян кардани ҳадди хатари фаъолияти ташкилоту шаҳрвандон, таълими чораҳои пешгирӣ ва амалӣ гардонидани тадбирҳои пешгирӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- зарурати оташнишонӣ, ташкили хомӯш намудани сӯхтор, анҷом додани корҳои аввалияи садамавӣ-наҷотдиҳӣ аз фалокат ва дигар корҳои зарурӣ, расонидани ёрии тиббӣ, ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон ва кормандони осебдида, ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи сӯхтор ба саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, муҳити зист ва ба субъектҳои хоҷагидорӣ расидааст. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Моддаи 4. Системаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Мақомоти асосии системаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарӣ аз сӯхтор иштирок мекунанд.
Вазифаҳои асосии системаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор аз инҳо иборатанд :
- танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои давлатӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- таъсиси хадамоти оташнишонӣ ва ташкили фаъолияти он; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- таҳия ва амалӣ гардонидани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор;
- амалӣ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулият дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- гузаронидани тарғиботи бехатарӣ аз сӯхтор ва ба аҳолӣ омӯзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор;
- мусоидат намудан ба фаъолияти дастаҳои (дружинаҳои) ихтиёрии оташнишонӣ ва иттиҳодияҳои оташнишонӣ, ҷалб кардани аҳолӣ барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор;
-таъмини иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- ба амал баровардани назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар вазифаҳои назоратӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор;
- истеҳсоли маҳсулоти техникии оташнишонӣ;
- иҷрои кору хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- хомӯш намудани сӯхтор ва зимни он анҷом додани корҳои аввалияи садамавӣ-наҷотдиҳӣ аз фалокат;
- баҳисобгирии сӯхтор ва оқибатҳои он;
- муқаррар намудани низоми махсуси бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ ва маҳалҳои аҳолинишин.
Боби 2. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Моддаи 5. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор:
- назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро ба роҳ мемонад, тартиби фаъолияти он ва баҳисобгирии давлатии сӯхтор ва оқибатҳои онро муайян мекунад;
- тартиби иттилоотонӣ, таблиғи дониш, таълими аҳолӣ ва мутахассисонро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор муайян менамояд;
- шумораи кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро, ки хароҷоташ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ амалӣ мегардад, муқаррар мекунад;
- ташкил ва тартиби таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро муайян менамояд;
- ҳамкории байналмилалиро ба роҳ мемонад ва тартиби фаъолияти ташкилот ва шаҳрвандони хориҷиро оид ба пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхтор дар қаламрави ҷумҳурӣ муайян мекунад;
- номгӯи корхона, ташкилоту муассисаҳоеро тасдиқ менамояд, ки дар онҳо хадамоти оташнишонӣ ҳатман таъсис дода мешавад.
Моддаи 6. Ваколати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор дорои ваколатҳои зеринанд:
- сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии идоравиро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ба амал мебароранд;
- меъёру стандарт ва қоидаҳои соҳаи бехатарӣ аз сӯхторро таҳия ва барои мувофиқа ба мақомоти марказии иҷроияи давлатӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод менамоянд;
- комиссияҳои соҳавии сӯхтору техникӣ ва воҳидҳои оташнишониро таъсис медиҳанд, ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекунанд ва корҳои фаҳмондадиҳии оммавиро мегузаронанд;
- дар объектҳои махсусан муҳим ва дорои хатари сӯхтору таркиш ҳатман гурӯҳҳои пешгирӣ, дастаҳои низомии оташнишонӣ барпо намуда, навбатдории шабонарӯзии онҳоро ба роҳ мемонанд;
- назоратро ба ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор муқаррар карда, барои пешгирии сӯхтор ва рафъи он чора мебинанд;
- тарғибу ташвиқи дониш, таълими шаҳрвандон ва мутахассисонро доир ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ташкил мекунанд;
- ҳаҷми маблағҳои дахлдорро барои дастгирии соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои идоравӣ ҳар сол муқаррар менамоянд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор дохил мешаванд:
- ташкили иҷрои чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва амалӣ гардонидани онҳо;
- таҳия, тасдиқ ва таъмин намудани иҷрои барномаҳои мақсадноки минтақавӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ;
- қабул кардани қоидаҳои ҳатмӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ ҳангоми сар задани сӯхтор, пешгирӣ ва рафъ намудани он;
- ташкили чораҳои пешгирӣ ва рафъ кардани сӯхтор;
- иттилоотонии аҳолӣ ва ташкили чорабиниҳои соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор;
- иштирок дар иҷрои барномаҳои мақсадноки бехатарӣ аз сӯхтор;
- таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ оид ба хароҷоти бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла ташкил ва таъмини хадамоти муҳофизат аз сӯхтор дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- мусоидат ба фаъолияти воҳидҳои ихтиёрии оташнишонӣ ва хадамоти оташнишонии идоравӣ.
Боби 3. Хадамоти оташнишонӣ
Моддаи 8. Намудҳо ва вазифаҳои асосии хадамоти оташнишонӣ
Хадамоти оташнишонӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
- Хадамоти давлатии оташнишонӣ;
- Дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ.
Вазифаҳои асосии хадамоти оташнишонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор инҳоянд:
- ташкили пешгирии сӯхтор;
- хомӯш намудани сӯхтор;
- наҷот додани одамон ва молу мулки онҳо ҳангоми сар задани сӯхтор. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Қувваю воситаҳои мақомот ва воҳидҳои хадамоти оташнишонӣ наметавонанд ба иҷрои корҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ накардааст, ҷалб карда шаванд.
Моддаи 9. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии мустақили оперативии бехатарӣ аз сӯхтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иҷрои барномаи давлатии соҳаи бехатарӣ аз сӯхторро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад;
- тадбирҳои давлатӣ, танзими меъёрҳоро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор таҳия ва амалӣ мегардонад;
- назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ мегардонад;
- муҳофизати маҳалҳои аҳолинишин ва корхонаҳоро аз сӯхтор ва дигар кору хизматрасониро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор бо тартиби маъмулӣ ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;
- хомӯш намудани сӯхторро таъмин ва амалӣ мегардонад;
- фаъолияти тадқиқоти илмӣ, тарғиби дониш, омӯзиши шаҳрвандон ва мутахассисонро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ташкил мекунад;
- кори вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ташкилот ва муассисаҳоро, новобаста аз шаклҳои моликият, дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ҳамоҳанг месозад;
- бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ меъёру стандартҳо ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро тасдиқ ва мувофиқа менамояд, баҳисобгирии давлатиро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ба роҳ мемонад;
- фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва сертификатониро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор амалӣ менамояд;
- ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шаклҳои моликият ва ба шаҳрвандон дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор амрнома ва дигар санадҳои меъёрии иҷрояшон ҳатмӣ медиҳад;
- фаъолияти мақомоти идора ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишониро аз ҷиҳати молиявӣ ва моддию техникӣ таъмин менамояд;
- фаъолияти дигар намудҳои хадамоти оташнишониро ҳамоҳанг месозад;
- оид ба бехатарӣ аз сӯхтор тавсия медиҳад ва машварат мегузаронад; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- чорабиниҳои таълимиро оид ба бехатарӣ аз сӯхтор бо шахсони масъули вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият мегузаронанд; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони хадамоти давлатии оташнишониро ба роҳ мемонад;
- дигар вазифаҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 10. Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор
Роҳбари мақоми марказии идоракунии хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа, ҳамзамон сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати бехатарӣ аз сӯхтор ва муовинонаш - мутобиқан муовинони сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати бехатарӣ аз сӯхтор мебошанд.
Шахсони мансабдори мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми амалӣ гардонидани назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳуқуқ доранд:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии оид ба бехатарӣ аз сӯхтори иҷрояшон ҳатмӣ ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои меъёриро, ки тартиби таҳияву истеҳсол ва истифодаи таҷҳизоти техникии оташнишониро ба танзим медароранд, ба роҳ монанд, мустақилона ё худ ҳамроҳи мақомоти бехатарӣ аз сӯхтор тасдиқ намоянд; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро барои риоя намудани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо ва ҳамчунин аз тарафи шахсони мансабдору шаҳрвандон амалӣ гардонанд;
- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бораи иҷрои тадбирҳои бехатарӣ аз сӯхтор таклифҳо пешниҳод намоянд;
- бо мақсади назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҳудуд, бино ва иншоот, биноҳои корхона ва иншоотҳои дигарро вобаста ба аҳамият ва ҳолати хавфи сӯхтор доштани онҳо, аз ҷумла дар соатҳои ғайрикорӣ таҳқиқу тафтиш намоянд;
- дар сурати мавҷуд будани маълумоти аниқ доир ба риоя нагардидани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, ки хавфи сар задани сӯхторро дорад ва (ё) ба бехатарии одамон таҳдид менамояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзил ва дигар биноҳо, қитъаҳои замини шаҳрвандон бемамониат дароянд; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- дар кори комиссияҳои оид ба интихоби мавзеъи (роҳи) сохтмон ва ҳамчунин комиссияҳо оид ба қабули иншооти сохтмон (тармим)-ашон анҷомёфта иштирок намоянд;
- лоиҳаҳои биною иншоотро дар мавриди асоснок баромадан аз меъёр ва ҳангоми дар меъёрҳои амалкунандаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ мавҷуд набудани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор баррасӣ на мувофика намоянд;
(ҚҶТ аз 29.12.10с №646)
- дар корхонаҳое, ки корҳои лоиҳакашӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯиро иҷро мекунанд, оид ба мувофиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ ва лоиҳакашию сметавӣ ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор тафтишоти интихобӣ гузаронанд;
- ба роҳбарони корхонаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои иҷрои ҳатмӣ оид ба рафъи вайронкунии талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, таъмини бехатарӣ аз сӯхтори мол (кору хизматрасонӣ), аз истеҳсолот бардоштан, қатъ кардани истеҳсол ва боздоштани фурӯши моли (кору хизматрасонии) ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор номувофиқ амрномаҳо диҳанд;
- кори корхонаҳо (истеҳсолоти ҷудогона), қитъаҳои истеҳсолӣ агрегатҳо, истифодаи бинову иншоот ва хонаҳо, иҷрои баъзе намудҳои корро дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, ки хавфи сар задани сӯхторро дорад ва (ё) ба бехатарии одамон таҳдид менамояд, ҳамчунин дар ҳолати иҷро накардани ин талабот ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, тармим, васеъ кардан, аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонидани корхонаҳо, биноҳо, иморат ва иншоотҳои дигар пурра ё қисман қатъ намоянд; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро оид ба сӯхтор ва риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор таҳқиқ намоянд;
- ба мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро аз рӯи парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки доир ба сӯхтор таҳти таҳқиқ қарор доранд, даъват намоянд, аз онҳо баёноти тавзеҳот, маълумоту ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳоро талаб карда гиранд;
- ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурӯшандагон), барои риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳамчунин барои дигар ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла барои иҷро накардан ё саривақт иҷро накардани амрномаю қарорҳои шахсони мансабдори хадамоти давлатии оташнишонӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ намоянд.
Мақомоти минтақавии идоракунӣ ва воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаву ахбор ва дигар маълумотро доир ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки вобаста ба сӯхтор расидаанд, ба қайд мегиранд ва вазифадоранд аз рӯи онҳо саривақт чораҳои дахлдори пешбининамудаи қонунгузориро андешанд.
Шахсони мансабдори мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми амалӣ гардонидани назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳое, ки моликияти шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё корхонаҳои дорои сармояи хориҷианд, аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда истифода мекунанд.
Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангалзорҳо аз тарафи мақомоти Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иншоотҳои зеризаминӣ ва ҳангоми иҷрои корҳои ба тарконидан алоқаманд аз тарафи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Назорати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи нақлиёти ҳавоӣ, киштии дарёӣ ба зиммаи хадамоти ин ташкилот мебошад.
Иҷрои амру дастурҳои шахсони мансабдори мақомоти болоии идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ барои шахсони мансабдори мақомоти поёнии идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми аз тарафи онҳо амалӣ намудани назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳатмист. Дар айни замон ба дахолати дигар шахсони мансабдор ба фаъолияти онҳо роҳ дода намешавад.
Мақоми назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор барои ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори корхонаю ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз шаклҳои моликият масъулият надорад.
Санҷишҳо дар самти бехатарӣ аз сӯхтор дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Моддаи 11. Дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва хомӯш намудани сӯхтор дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ ӯҳдадоранд дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ ё бо мувофиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои ҳарбикунонидашудаи оташнишонӣ ташкил намоянд.
Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳое, ки дар онҳо ин дастаҳо (дружинаҳо) ташкил карда шудаанд, амалӣ гардонида мешавад.
Ҳаёти аъзои дастаҳои (дружинаҳои) идоравии оташнишонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилотҳо суғурта карда шуда, дар ҳолати маъюб шудан ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ё садама суғуртапулӣ ба маблағи музди маоши миёнаи яксола (дар ҳолати фавтидан суғуртапулӣ ба аъзои оилаи онҳо) пардохт карда мешавад.
Боби 4. Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор
Моддаи 12. Таҳия ва амалӣ кардани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор
Чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор, ҳамчунин дар асоси таҷрибаи оташнишонӣ, арзёбии хатари сӯхтордоштаи маводу воситаҳо, равандҳои технологӣ, таҷҳизот, конструксияи биною иморатҳо таҳия карда мешаванд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Истеҳсолкунандагони (таъминкунандагони) маводу воситаҳо, маснуоту таҷҳизот дар ҳуҷҷати техникии дахлдор хавфу хатари ин маводу воситаҳо, маснуоту таҷҳизотро ва ҳамчунин чораҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳангоми муносибат кардан бо онҳо бояд нишон диҳанд.
Таҳия ва амалӣ кардани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор барои корхонаҳо, биноҳо, иморатҳо ва дигар иншооти ҷойгиршавии омавии одамон, аз ҷумла дар мавриди банақшагирии онҳо бояд дар сурати сар задани сӯхтор роҳҳои бехавфу хатар аз онҳо баровардани одамон ҳатман пешбинӣ карда шаванд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Барои корхонаҳо ҳатман нақшаҳои хомӯш кардани сӯхтор тартиб дода мешавад, ки онҳо роҳҳои таъмини бехатарии одамонро пешбинӣ менамоянд.
Моддаи 13. Хомӯш намудани сӯхтор
Хомӯш намудани сӯхтор амалиёти касбиест, ки ба наҷот додани одамон, молу мулк ва барҳам додани сӯхтор равона карда шудааст. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Тартиби ташкили хомӯш намудани сӯхторҳо дар гарнизонҳои оташнишонӣ аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ муқаррар карда мешавад.
Хомӯш намудани сӯхтор аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ройгон аст.
Барои даъвати воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шабакаҳои телефонии сар то сари ҷумҳурӣ рақамҳои бепули ягонаи 01 ва рақами телефони ширкатҳои мобилӣ 101 муқаррар карда мешавад. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор кормандони Хадамоти оташнишонӣ ҳақ доранд ба ҳамаи биноҳои истиқоматӣ, истеҳсолӣ, объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон ва дигар иморатҳо новобаста аз шакли моликияташон бемамоният ворид шуда, ҷиҳати наҷот додани шаҳрвандон, пешгирии паҳншавии сӯхтор ва рафъи он чораҳо андешанд. Ҳамчунин дар ҷойи ҳодисаи сӯхтор даромадани одамон ва ҳаракати нақлиётро маҳдуд ё манъ намоянд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Барои иштирок намудан дар рафъи сӯхтор ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ӯҳдадоранд бо талаби хадамоти давлатии оташнишонӣ техникаҳои оташхомӯшкунӣ, обкашӣ, наҷотдиҳӣ, таҷҳизот, модда ва маводҳои оташхомӯшкунӣ ва воситаҳои алоқаи дар ихтиёри худ доштаро ҷудо намоянд. Тартиби ҷалб намудани техникаю таҷҳизотро барои оташнишонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ҳамаи воҳидҳои Хадамоти давлатӣ ва идоравии оташнишонӣ тобеи роҳбари оташхомӯшкунӣ мебошанд. Ҳеҷ кас, ба ғайр аз шахсони мансабдори ваколатдори хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҳақ надорад, ки ба амалиёти ӯ дахолат намояд ё худ амру фармони ӯро ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор бекор кунад.
Зиёни моддӣ, ки ҳангоми оташнишонӣ расидааст, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад. Ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар иштироккунандагони оташнишонӣ, ки аз рӯи зарурат (ноилоҷӣ) амал кардаанд, аз додани товони зиён озод карда мешаванд.
Моддаи 14. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ
Таъминоти моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар асоси маблағҳои ҷудогардидаи ҳарсолаи буҷетӣ ва захираҳои моддию техникӣ ва аз ҳисоби дигар фаъолиятҳои хоҷагидорӣ амалӣ карда мешавад.
Нигоҳ доштани ҳайати шахсӣ, харидории техникаю лавозимоти сӯхторхомӯшкунӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, воситаҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, либосҳои махсус ва таҷҳизоту лавозимоти техникии наҷотдиҳӣ барои ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин мувофиқи хароҷоти истифода аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва барои хадамоти оташнишонии идоравӣ - аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилот, инчунин маблағҳои ҷудошаванда аз пардохти суғуртаи давлатӣ, даромадҳо аз фаъолияти молиявию хоҷагии худи хадамоти оташнишонӣ ва дигар даромадҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолифат намекунад, амалӣ карда мешавад.
Ба кормандоне, ки дар шароити хатарнок ҳангоми хомӯш намудани сӯхтори маводу маҳсулоти аз худ газҳои заҳрноки барои саломатӣ хатарнок (аз ҷумла хлор, аммиак ва масолеҳи сохтмонии намуди пластика) ихроҷкунанда иштирок менамоянд, 20 дарсад ба маоши вазифавӣ иловапулӣ дода мешавад. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Моддаи 15. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Кору хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор дар асоси шартнома ба ҷо оварда мешавад, ғайр аз ташкилотҳои давлатие, ки аз буҷети давлатӣ бо мақсади амалӣ гардонидани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, ҳамчунин бо мақсади пешгирии сӯхтор ва хомӯш намудани он маблағгузорӣ карда мешаванд.
Ба кор ва хизматрасонии соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор инҳо мансубанд:
- муҳофизат кардани маҳалҳои аҳолинишин ва корхонаҳо аз сӯхтор, новобаста аз шаклҳои моликият дар асоси шартнома;
- истеҳсол кардан, санҷидан, харидорӣ намудан ва фиристодани таҷҳизоти техникии оташнишонӣ; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ, гузаронидани машваратҳои илмию техникӣ ва экспертиза;
- озмоиши маводу воситаҳо, маснуот, таҷҳизот ва олот бо мақсади тобоварии онҳо дар сӯхтор;
- ба аҳолӣ омӯзонидани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор;
- ба роҳ мондани тарғиботи пешгирии сӯхтор, нашри адабиёти махсус ва маҳсулоти реклама;
- корҳои муҳофизатии оташдону дудбаро аз сӯхтор;
- васл кардан, хизматрасонии техникӣ ва таъмири системаҳо ва воситаҳои муҳофизат аз сӯхтор;
- таъмир ва нигоҳубини асбобу анҷом ва воситаю олоти оташхомӯшкунӣ, барқарор кардани сифати воситаҳои оташхомӯшкунӣ;
- додани хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- сохтан, таъмир ва тармими иморату иншоот, биноҳои хадамоти оташнишонӣ.
Моддаи 16. Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор маълумотро дар бораи дараҷаи таваккал ва хавфи имконпазири сӯхтордоштаи фаъолияти ташкилотҳо, бехатарии зарурӣ, натиҷаву оқибат, чораҳои пешгирӣ ва рафъи сӯхтор дар бар мегирад. Вай барои дар системаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ташкил ва истифода кардани системаҳои махсуси иттилоотӣ ва манбаъҳои маълумот (минбаъд-системаи иттилоот), ки барои иҷрои вазифаҳо заруранд, амалӣ карда мешавад.
Хадамоти обуҳавосанҷӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ӯҳдадоранд, ки Хадамоти давлатии оташнишониро аз ҳодисаҳои барои бехатарӣ аз сӯхтор ногувору номусоид бетаъхир ва ба таври ройгон огоҳ намоянд.
Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд бо талаби Хадамоти давлатии оташнишонӣ таъҷилан маълумоти фавриро аз рӯи масъалаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ройгон ба табъ расонанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд аҳолиро аз қарорҳои қабулгардида доир ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор хабардор кунанд ва ба интишори маълумоти техникии оташнишонӣ кӯмак намоянд.
Моддаи 17. Тарғибот ва таълими чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва интишори маълумоти техникии оташнишонӣ
Омӯзонидани шаҳрвандон оиди чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷойи кор ва макони зисти онҳо гузаронида мешавад.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимӣ оид ба омӯзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро пешбинӣ менамояд, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ-касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, факултаҳо, курсҳо, донишкадаҳои такмили ихтисоси назди вазорату идораҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият корро оид ба омӯзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба таълимгирандагон, шунавандагон ва кормандон ташкил менамоянд.
Талаботро нисбати мазмуну мундариҷаи барнома ва тартиби омӯзондани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 18. Баҳисобгирии сӯхтор ва оқибати он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи давлатии баҳисобгирии сӯхтор ва оқибати он амал мекунад.
Баҳисобгирии расмии оморӣ ва ҳисоботи давлатии оморӣ оид ба сӯхтор ва оқибати он ба зиммаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ вогузор карда мешавад.
Тартиби ба ҳисоб гирифтани сӯхтор ва оқибати онро Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мувофиқаи мақомоти давлатии омор ва мақомоти дигари манфиатдори ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад.
Иҷрои тартиботи муқарраргардидаи баҳисобгирии сӯхтор ва оқибати он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми сатҳҳо, ташкилот, корхона, муассисаҳо ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони машғули фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмист.
Вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои моликият, ба мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бораи сӯхтор ва оқибати он ҳисобот пешниҳод мекунанд. Шакли ҳисобот аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Низоми махсуси бехатарӣ аз сӯхтор
Дар ҳолати зиёд шудани хатари сӯхтор дар ҳудудҳои алоҳида бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳудудҳои дахлдор метавонад низоми махсуси бехатарӣ аз сӯхтор муайян карда шавад.
Дар давраи амали низоми махсуси бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳудудҳои дахлдор талаботи иловагии бехатарӣ аз сӯхтор бо мувофиқа бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 20. Таъминоти илмию техникии бехатарӣ аз сӯхтор
Таъминоти илмию техникии бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби муассисаҳои тадқиқоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар асоси шартнома бо корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Корҳои илмию техникӣ барои амалигардонии вазифаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ иҷро карда мешаванд.
Ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ба зиммаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ вогузор карда мешавад.
Боби 5. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Моддаи 21. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:
- ба ҳимояи ҳаёту саломатӣ ва молу мулки худ дар мавриди сӯхтор;
- аз хатари сӯхторе, ки дар маҳалҳои муайяни будубоши худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дучор шуда метавонанд ва ҳам аз чораҳои зарурии бехатарӣ огоҳӣ дошта бошанд;
- ба ҷуброни зиёни аз сӯхтор ба саломатӣ ва молу мулкашон расида, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд:
- талаботи бехатарӣ аз сӯхторро риоя намоянд;
- дар сурати ошкор кардани сӯхтор зуд ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар диҳанд;
- ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар хомӯш намудани сӯхтор ёрӣ расонанд;
- амру дастур ва талаботи қонунии мақомоти Хадамоти давлатии оташнишониро иҷро намоянд;
- барои ҳарчи зудтар ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор расондани воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ мусоидат намоянд; (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11. 2023, №1992)
- ба мақомоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои гузаронидани муоинаю тафтиш дар биноҳои истеҳсолӣ, хоҷагӣ, истиқоматӣ ва дигар бинову иморатҳои мутааллиқи онҳо бо мақсади назорат оид ба риоя намудани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам оваранд.
Моддаи 22. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корхонаю муассиса ва ташкилотҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ бевосита ба зиммаи роҳбарони ташкилоту корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, гузошта мешавад.
Ташкилоту корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муайян, аз ҷумла дар асоси шартнома бо мақомоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо тартиби муқарраргардида воҳидҳои оташнишонӣ барпо намоянд, онҳоро аз нав ташкил кунанд ва барҳам диҳанд, ки таъминоташ аз ҳисоби худашон мебошад;
- ба мақомоти давлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор таклифҳо пешниҳод намоянд;
- барои муқаррар намудани сабабу ҳолатҳои сӯхторе, ки дар иншооту ташкилотҳояшон сар задааст, чораҳо андешанд;
- чораҳои ҳавасмандии иҷтимоӣ ва иқтисодиро оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳудуди муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд;
- аз рӯи масъалаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти оташнишонӣ маълумот гиранд.
Ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, ӯҳдадоранд:
- талаботи бехатарӣ аз сӯхторро риоя намоянд ва ҳамчунин амру дастур ва дигар талаботи қонунии мақомоти Хадамоти давлатии оташнишониро риоя намоянд;
- чораҳои таъминоти бехатарӣ аз сӯхторро таҳия ва амалӣ намоянд;
- тарғиботи пешгирии сӯхторро ба роҳ монанд ва ҳамчунин ба кормандонашон чораҳои бехатарӣ аз сӯхторро таълим диҳанд;
- система ва воситаҳои оташнишониро дар ҳолати коршоям нигоҳ доранд, ба ғайри таъинот истифода шудани онҳо роҳ надиҳанд;
- ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар хомӯш кардани сӯхтор, муқаррар намудани сабабу ҳолати сар задан ва аланга гирифтани он ва ҳамчунин ошкор намудани шахсоне, ки ба риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва сар задани сӯхтор гунаҳкоранд, кӯмак расонанд;
- оид ба татбиқи воситаҳои автоматикии ошкор ва хомӯш кардани сӯхтор, барои ҳолати коршоямии техникии онҳо тадбирҳо андешанд;
- дар рафти хомӯш намудани сӯхторҳо барои Хадамоти давлатии оташнишонӣ қувваю воситаҳои зарурӣ муҳайё намоянд;
- ба намояндагони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон барои ворид шудани онҳо ба корхонаю ташкилот ва муассисаҳо аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шароиту имконият фароҳам оваранд;
- ба мақомоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бораи ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла хатари сӯхтор доштани маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҳамчунин аз сӯхторҳои дар ҳудудашон рӯйдода ва аз оқибати онҳо маълумот ва далелу ҳуҷҷат пешниҳод намоянд;
- ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз сар задани сӯхтор, аз носозиҳои системаю воситаҳои муҳофизат аз сӯхтор, аз тағйир ёфтани ҳолати роҳу даромадгоҳҳо зуд хабар диҳанд.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 23. Тартиби баррасии баҳсҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор
Баҳсҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхторро Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз рӯи тобеият ё худ судҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёр ва қоидаҳои соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 247; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24; мод. 333; Фасли ХVIII; соли 2001, №4, мод. 158; соли 2007, №7, мод. 664) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 марти соли 2008
№ 363