ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ»
Лоиҳа
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №23-24, мод. 462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, №4, мод. 62; с. 1998, №10, мод. 119; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 161; с. 2003, №45 мод. 142; с. 2008, №6, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 92; с. 2014, №11, мод. 660, Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 с. №1264) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- қисми чоруми моддаи 2 хориҷ карда шавад;
- аз моддаи 10 калимаҳои «(ба истиснои шахсони дар қисми чоруми моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда)» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон