Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

12-уми июни соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Ҳайдаров Умарали Холмуминович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Н.Хусрав ба самти ҷамоати деҳоти Қайқубоди ноҳияи мазкур дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Равшанободи ҷамоати деҳоти Н.Хусрави ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада ба канори рости роҳ баромадааст.
Дар натиҷа, сараш ба замин бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
13-уми июни соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафолов Ҷумабек Исломович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ба самти муқобили роҳ баромада ба мототсикл таҳти идораи Худойбердиев Аҳмат Ҷамокович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Панҷ, ки бо ҳамсараш Холова Гулдаста Нураковна, соли таваллудаш 1966, будаанд, бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи мототсикл бо ҳамсараш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардида, баъдан дар беморхона Холова Г.Н. ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

14.06.2025 8:59
23