Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми июни соли 2025, тахминан соати 01:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Зарнисор, назди бинои истиқоматии №14 қарор доштанаш бо ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе вохӯрда, бо истифодаи таҳдиди зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон ХР”-ро, ки арзишаш як ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад,  тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

14.06.2025 8:57
19