Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати якчанд нафар
Нисбати марди 33-солаи сокинони ноҳияи Хуросон бо қисми 2 моддаи 110 ва қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати мардони 45, 31 ва ҷавони 19-солаи сокинони ноҳияи Хуросон бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Гумонбаршавандагон 8-уми июни соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар деҳаи Хуросон байни якдигар баҳсу муноқиша намуда, якдигаро лату кӯб намудаанд.
Сипас марди 33-сола аз дохили автомобил корди қатшавандаро гирифта, қасдан дар қисмати тарафи рости қафаси синаи марди 45-сола як маротиба задааст, ки охирин ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи марди 45-сола дар намуди ҷароҳати халандаю буррандаи қафаси сина аз рост байни қабурғаҳои 5-6-ум, дар намуди зарари вазнин ба саломатӣ тааллуқ доранд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.