Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
12-уми июни соли 2025, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мирзошарифзода Фарҳод Рамазон, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Мирзошарифзода Фарҳод Рамазон ва мусофири дохили автомашина Аҳмадов Ҳидоятулло Эраҷович, соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
12-уми июни соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Шодиев Равшанқул, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур ба самти маркази шаҳри Турсунзода аз уҳда идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашинааш дар чархи қафои тарафи чапи автомашинаи тамғаи «Зил», таҳти идораи Наъимов Зиёдулло Қосимович, соли таваллудаш 1968, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Шодиев Р. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.