Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз моҳи феврали соли 2024 то ин ҷониб дар ҶДММ Авесто гуруҳ «Сиёма» ба ҳайси дархостчӣ кору фаъолият намуда, дар як вақт аз 15-уми апрели соли 2025 то 31-уми майи соли 2025, аз мағозаҳои вилояти Суғд 50 ҳазор сомонии маблағҳои пулии ҶДММ-и мазкурро ҷамъоварӣ намуда, ба хазина насупорида маблағҳоро азонихуд намудааст.
Оид ба ин ҳодиса бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 2-юми январи соли 2025, то ин ҷониб дар ҶДММ «Формула-55»-и ноҳияи Ҷ.Расулов ба ҳайси хазиначӣ кору фаъолият намуда, маблағҳои пулии ҶДММ-и мазкурро ҷамъоварӣ намуда, дар умум 181 ҳазору 600-сомониро аз хазина тариқи электронӣ ба ҳамёнӣ худ гузаронида маблағҳоро азонихуд намудааст.
Оид ба ин ҳодиса бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.06.2025 8:41
30