Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Лоиҳа
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро ба танзим дароварда, салоҳият ва вазифаҳои мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатие, ки фаъолияти омориро дар соҳаи омори ҳуқуқӣ иҷро мекунанд, танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо - тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, мақомоти амаликунандаи мурофиаи маъмурӣ ва судҳо, ҳамчунин тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва пешниҳоди маълумоти он дар мақомоти корҳои дохилӣ;
-
- маҳзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо – маркази иттилоотӣ-техникии дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки маҷмӯи маълумотро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар бар мегирад;
- омори давлатии ҳуқуқӣ – соҳаи омори давлатие мебошад, ки ба низоми марказонидашудаи баҳисобгирии идоравии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ асос ёфтааст;
- иттилооти хукуқии оморӣ - маълумоте, ки субъектони омори давлатии ҳуқуқӣ ба мақоми ваколатдор ҷиҳати истифода намудан ба мақсадҳои оморӣ пешниҳод мекунад;
- маълумот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ – маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба мақоми ваколатдор ҷиҳати истифода намудан ба мақсадҳои оморӣ пешниҳод мекунанд;
- ҳуҷҷати иттилоотии баҳисобгирӣ - ҳомили моддии (қоғазии, магнитии, оптикии) иттилооти ҳуқуқии омории намунааш муқарраргардида, ки дар асоси он маълумоти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ташаккул дода мешавад;
- қабул намудани иттилоот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо- амали шахси мансабдор, ки ваколати қабул намудани ариза, маълумот, шикоят ва дигар иттилоотро дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дорад;
- бақайдгирӣ, аз ҷумла бақайдгирии электронии иттилоот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо- дар китоби бақайдгирии аризаҳо, хабарҳо, маълумот ва дигар иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба таври мухтасар дарҷ намудани маълумот оид ба мазмуни иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ба ҳар як ариза, хабар ва дигар иттилооти воридшуда дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ додани рақами бақайдгирӣ;
- баҳисобгирии иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ - дарҷ намудани маълумот оид ба қабул ва баррасии иттилоот дар бораи ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва инъикос намудани онҳо дар ҳисобот;
- баррасии иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ - аз ҷониби шахси мансабдор дар доираи ваколатҳои худ вобаста ба ариза ва хабар дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ ва мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон қабул намудани қарори мурофиавӣ бо онҳо;
- интизоми бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ - аз ҷониби тамоми субъектҳо ба таври ҳатмӣ риоя намудани меъёр ва қоидаҳои муқарраркардашудае, ки тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии ариза, хабар ва дигар иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиб ва муҳлатҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иттилоотии баҳисобгириро ба танзим медароранд;
- ҳуқуқвайронкуниҳо - ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
- бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо - аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, мақомоти амаликунандаи мурофиаи маъмурӣ ва судҳо ба маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо додани рақами бақайдгирӣ ва сабт намудани он;
- баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо - аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба маҳзани ягонаи ҳуқуқвайронкуниҳо ҷойгир намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, мақомоти амаликунандаи мурофиаи маъмурӣ ва судҳо ба қайд гирифта шудааст;
- баҳисобгирии идоравӣ-ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, танзим, тасниф ва нигоҳдории маълумот дар бораи шахсон, ашё ва ҳодисаҳо ҷиҳати таъмини фаъолияти дохилиидоравии мақоми давлатӣ;
- субъектҳои омори ҳуқуқӣ - мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти ҳуқуқии омориро ба мақоми ваколатдор бо мақсадҳои омори давлатии ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқвайронкуниҳо истифода мегардад, пешниҳод мекунанд;
- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки дар доираи салоҳияти худ фаъолияти омориро дар соҳаи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба амал мебарорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, ки аз рӯйи мақоми худ ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ масъуланд, ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 4. Вазифаҳои асосии низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Вазифаҳои асосии низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ин ҷамъоварӣ, коркард, ҷамъбаст, захира кардан, нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин пешниҳод кардани онҳо ба мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ мебошад.
Моддаи 5. Принсипҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:
- таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо;
- қонуният;
- ягонагии идоракунии низоми давлатии ҳуқуқии иттилоотии оморӣ;
- объективӣ, саҳеҳ ва муқоисашаванда будани иттилоот;
- то ҳадди муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва ошкоро будани иттилоот;
- ҳатмӣ ва якхела будани бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо.
Моддаи 6. Ташаккул додани омори ҳуқуқӣ
Тартиб, меъёрҳо, андоза, ҳаҷм ва муҳлатҳои ташаккул додани омори ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 7. Қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирии аризаҳо, хабарҳо ва дигар иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва ҳодисаҳо
Қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирии аризаҳо, хабарҳо ва дигар иттилоот дар бораи ҷиноятҳо ва дигар ҳодисаҳо, инчунин баррасии онҳо аз ҷониби субъектҳои омори ҳуқуқӣ дар шаклҳои қоғазӣ ё электронӣ, бо риояи тартиби баҳисобгирии онҳо ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдори иттилоотии баҳисобгирӣ амалӣ карда мешавад.
БОБИ 2.
САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОИ
ДАВЛАТӢ, КИ ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ
БАҚАЙДГИРӢ, БАҲИСОБГИРИИ ҶИНОЯТҲО ВА ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРИРО ТАЪМИН МЕНАМОЯНД
Моддаи 8. Мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро таъмин менамоянд
Фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ таъмин менамоянд.
Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.
Ба ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- ташаккули маҳзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳоро таъмин менамояд;
- назорати фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятии зертобеи худ ва мақомоти амаликунандаи мурофиаи маъмурӣ дар самти бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
- таъмини нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳоро дар мақомоти корҳои дохилӣ;
- аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ риоя гардидани тартиби пешниҳод намудани маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳоро, ки дар маҳзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд, таъмин мекунад;
- ҷиҳати пурра, объективӣ, саҳеҳ, кофӣ будани маълумоти омори давлатии ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии махсус, ки аз ҷониби субъектҳои омори ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии махсус пешниҳод мешаванд, назоратбарӣ намуда, методикаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, коркард, захира кардан, ҷамъбаст намудан, нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумотро дар ин соҳа муайян менамояд;
-ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи омори ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 10. Ваколати мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ оид ба таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва мақомоти амаликунандаи мурофиаи маъмуриродар самти бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин оид ба нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳоро амалӣ менамоянд.
Моддаи 11. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳудудии он
1. Мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳудудии он дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
- аз субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба таври ройгон иттилооти ҳуқуқии омориро оид ба масъалаҳои омори давлатии ҳуқуқӣ, ҳисоботи идоравӣ ва шаклҳои бақайдгирии ибтидоӣ, инчунин дигар иттилоотро барои ташаккул додани иттилооти оморӣ дастрас намоянд;
- таъмини пурра, объективӣ, саҳеҳ ва кофӣ будани иттилооти ҳуқуқии омориро, ки аз ҷониби субъектҳои низоми давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, назоратбарӣ намояд;
- маҷмӯи чораҳои назоратиро, ки барои ошкор ва бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ равона шудаанд, роҳандозӣ намоянд;
- баҳри бартараф кардани вайронкунии талаботи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои омори ҳуқуқӣ ба субъектҳои низоми давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешниҳод ирсол намоянд.
2. Мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳудудии он дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд:
- ҷамъоварӣ, коркард, захира кардан, ҷамъбаст ва таҷдиди иттилоотро дар соҳаи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ анҷом диҳанд;
- мақомоти давлатиро бо иттилооти ҳуқуқии оморӣ таъмин намоянд;
- субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро то андоза, ҳаҷм ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон бо иттилоот ва маълумоти ҳуқуқии оморӣ таъмин намоянд;
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ то андоза, ҳаҷм ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии иттилоотӣ-маълумотдиҳиро таъмин кунанд;
- нигоҳ доштани маълумоти дастрасшударо, ки дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, таъмин намоянд;
- низоми иттилоотиро аз дастрасии ғайриқонунӣ, вайрон ё нобуд сохтани маълумот доир ба объектҳои омори ҳуқуқӣ ҳифз кунанд;
- ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро ҳангоми ташаккул додани омори давлатии ҳуқуқӣ риоя ва таъмин намоянд.
Моддаи 12. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
1. Субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
- оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати такмил додани омори давлатии
ҳуқуқӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои идоравии ҳуқуқии оморӣ ва баҳисобгирии оперативӣ, идоравиро, ки барои таъмини фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва хизматӣ пешбинӣ гардидаанд, амалӣ намоянд;
2. Субъектҳои низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд:
- ба мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳудудии он ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ-баҳисобгирӣ, дигар маводҳо ва маълумоти заруриро бо тартиб, то андоза, ҳаҷм ва дар мӯҳлатҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- пурра, объективӣ, саҳеҳ ва кофӣ будани иттилооти ҳуқуқии омориро таъмин намуда, дар доираи ваколатҳои худ назорати пурра ва саҳеҳ дарҷ ёфтани иттилооти ҳуқуқии омориро амалӣ созанд;
- нигоҳ доштани маълумоти дастрасшударо, ки дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, таъмин намоянд.
БОБИ 3.
ҶИНОЯТҲО ВА ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРӢ, КИ БОЯД БА
ҚАЙД ВА ҲИСОБ ГИРИФТА ШАВАНД
Модддаи 13. Ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд:
- ҷиноятҳо бо тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки нисбати онҳо қарорҳо оид ба таъйин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудаанд.
Моддаи 14. Маълумот оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд.
Маълумот оид ба ҷиноятҳо, ки бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд дар Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ ва бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони содирнамудаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешбинӣ карда мешаванд.
Ҳангоми бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар сархати дуюми моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- маълумот дар бораи қарорҳои мурофиавӣ оид ба таъйин намудани ҷазои маъмурӣ, дар бораи ба тариқи назоратӣ бекор (эътироз) кардани қарори бо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабулшуда, инчунин маълумот дар бораи қарорҳои мурофиавӣ, ки дар натиҷаи баррасии шикояти (эътирози) ба қарори дахлдори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ овардашуда қабул гардидаанд;
- номи мақомоти амаликунандаи мурофиаи маъмурӣ, судҳо, ки карорҳои мурофиавӣ баровардаанд, сана ва асоси бароварда шудани ин қарорҳо;
- сабаб ва асоси оғоз гардидани мурофиаи маъмурӣ;
- рақами бақайдгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ҷой, сана, вақт ва ҳолатҳои содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- насаб, ном ва номи падар, сана, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, таҳсилот, ҷойи кор (таҳсил), вазифаи ишғолнамуда ва ҷойи истиқомати шахси воқеӣ, ки нисбати ӯ қарор дар бораи таъйин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудааст;
- насаб, ном ва номи падар, сана, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, таҳсилот, ҷойи кор (таҳсил), вазифаи ишғолнамуда ва ҷойи истиқомати соҳибкори инфиродӣ, ки нисбати ӯ қарор дар бораи таъйин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда шудааст, рақами баҳисобгирии ӯ ҳамчун пардохткунанда;
- номи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ қарор дар бораи таъйин намудани чазои маъмурӣ бароварда шудааст, маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами баҳисобгирии он ҳамчун пардохткунанда, тобеият, санаи қайди давлатӣ, насаб, ном ва номи падари роҳбар, муассис (муассисон).
БОБИ 4.
ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИ, БАҲИСОБГИРИИ ҶИНОЯТҲО ВА ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРӢ ВА ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
Моддаи 15. Тартиби бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, фиристодан ва пешниҳод намудани маълумот дар бораи онҳо
Тартиби бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, фиристодан ва пешниҳод намудани маълумот доир ба онҳо, ки дар маҳзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 5.
МАБЛАҒГУЗОРИИ ХАРОҶОТ ВОБАСТА БА БАҚАЙДГИРӢ ВА
БАҲИСОБГИРИИ ҶИНОЯТҲО ВА ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРӢ. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ БАҚАЙДГИРИ ВА БАҲИСОБГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
Моддаи 16. Маблағгузории хароҷот вобаста ба бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, инчунин фиристодан ва пешниҳод намудани маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо
Маблағгузории хароҷот вобаста ба бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, инчунин фиристодан ва пешниҳод намудани маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки барои таъминоти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо фаъолияти ягонаи низоми давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро таъмин менамоянд, пешбинӣ гардидаанд, инчунин аз дигар сарчашмаҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида анҷом дода мешавад.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
Барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Хориҷ шуд.
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
- Моддаи 19 хориҷ шуд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон