Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти муҳофизавӣ"

Лоиҳа

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти муҳофизавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба масъалаҳои ҳифзи объектҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) фаъолияти муҳофизавӣ – фаъолияти мақомоти аз ҷониби давлат ваколатдоршуда оид ба ҳифзи объектҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз суиқасди ҷиноятӣ ва воридшавии ғайриқонунӣ, инчунин лоиҳакашӣ, насб, танзим ва хизматрасонии техникии таҷҳизот ва воситаҳои муҳофиза, роҳбаладии борҳои қиматнок ва хавфнок;
2) бори қиматнок – сарват, аз ҷумла тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений ва осмий), алмос, ёқут, зумуррад, сапфир, лаъли асир ва александрити табиӣ, ҳамчунин гавҳари табии хом ва суфта, пул ва дигар қоғазҳои қиматнок, инчунин асноди дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ё фарҳангӣ, ки дар шароитҳои махсус ҳамлу нақл карда мешавад;
3) бори хавфнок – боре, ки бо хусусияти ба худ хос ҳангоми мавҷудияти омилҳои муайян, дар вақти ҳамлу нақл тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зимни иҷрои корҳои боркунӣ, борфарорӣ ва нигоҳдорӣ метавонад сабаби ба вуҷуд омадани таркиш, сухтор, заҳролудшавии кимиёвӣ ё дигар намуди заҳролудшавии муҳити атроф гардад, ё ин ки боиси зарар дидани воситаҳои техникӣ, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва дигар объектҳои нақлиёти роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва ҳавоӣ шавад, ҳамчунин метавонад ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ё муҳити атроф хатар оварад;
4) ҳифзи объектҳо – чорабиниҳо оид ба таъмини ҳимояи объектҳои ҳифзшаванда аз суиқасди ғайриқонунӣ;
5) лоиҳакашӣ, васлу насб, танзим ва хизматрасонии техникии воситаҳо ва мунназами муҳофиза – коркарди маҷмӯи ҳуҷҷатгузорӣ оид ба васлу насби воситаҳои техникӣ ва низоми муҳофиза, муқаррар намудани воситаҳои техникӣ ва низоми муҳофиза тибқи лоиҳае, ки дар рафти таҳияи санади муоинавӣ, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи техникӣ тартиб дода шудааст, корҳои танзимкунанда оид ба воридот ва истифодабарии воситаҳо ва низоми муҳофиза, таъмини самаранок фаъолият намудани онҳо, хизматрасонии техникии воситаҳо ва низоми мазкур барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани онҳо;
6) воситаҳои муҳофиза – силоҳи оташфишон, воситаҳои махсус, таҷҳизоти аз ҷиҳати сохт мукаммал, ки вазифаҳои муҳофизавии мустақилро иҷро менамоянд, аз ҷумла таҷҳизоти дастгоҳиву барномавӣ, ки барои таъмини ҳимояи объектҳои ҳифзшаванда аз суиқасди ғайриқонунӣ истифода мешаванд;
7) низоми муҳофиза – маҷмӯи воситаҳои муҳофизавии якҷояамалкунанда, ки дар объектҳои ҳифзшаванда насб карда шуда, ба воситаи низоми шабакаву коммуникатсияҳои муҳандисӣ (низоми бонги хатар, хабаррасонӣ, назорат ва идораи дастрасӣ, низоми телевизионии мушоҳидаи видеоӣ ва дигар намуд) муттаҳид гардонида шудаанд;
8) воситаҳои муҳандисию техникии муҳофиза – воситаҳое, ки барои таъмини мухолифати механикӣ бар зидди суиқасди ғайриқонунӣ ба объектҳои муҳофизатшаванда (кабинаҳои ҳимоявӣ, дару тиреза, оинаву панҷара, тасмапарда, қулф, воситаҳои маҳкамкунанда, сандуқи оҳанӣ, маҳзани ашёи қиматбаҳо, девораву монеаҳои механикӣ ва воситаҳои дигари муҳофиза) истифода мешаванд;
9) реҷаи гузарномадиҳӣ – тартибе, ки бе назорат воридшавии (баромадани) шахсон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ворид намудан ва баровардани молу мулкро ба ҳудуди (аз ҳудуди) объектҳои ҳифзшаванда манъ менамояд ва бо мақсади ҳимояи объектҳои ҳифзшаванда аз суиқасди ғайриқонунӣ муқаррар карда мешавад;
10) реҷаи дохилииншоотӣ – маҷмӯи чорабиниҳо ва қоидаҳое, ки аз ҷониби шахсони дар дохили объектҳои ҳифзшаванда фаъолияткунанда иҷро гардида, тартиботи дохилии меҳнат ва бехатарӣ аз сӯхторро риоя менамоянд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои фаъолияти муҳофизавӣ татбиқ мегардад.
2. Қонуни мазкур нисбати корхона, муассиса ва дигар ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар воҳидҳои кории онҳо хадамоти амниятӣ, муҳофизавӣ ва посбонӣ фаъолият менамоянд, татбиқ намегардад.
3. Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти муҳофизаи хусусӣ татбиқ намегардад.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти муҳофизавӣ
Фаъолияти муҳофизавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ташкилотҳо ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти муҳофизавӣ;
3) роҳбарии мутамарказ;
4) муттасилӣ, муназзамӣ ва маҷмӯӣ будани татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, муҳофизавӣ, низомӣ, техникӣ ва иттилоотӣ;
5) дидбонишаванда ва назоратшаванда будан.

Моддаи 5. Субъектҳое, ки фаъолияти муҳофизавиро амалӣ менамоянд
1. Субъектҳое, ки фаъолияти муҳофизавиро амалӣ менамоянд, инҳо мебошанд:
1) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Субъектҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида фаъолияти муҳофизавиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
3. Фаъолияти муҳофизаи хусусӣ дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва нисбати молу мулки шахсони воқеӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Фаъолияти муҳофизаи хусусӣ дар вазорату кумитаҳо, идораҳо ва сохторҳои поёнии онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилоти давлатӣ, ҳамчунин фаъолияти муҳофизавии ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ
ФАЪОЛИЯТИ МУҲОФИЗАВӢ
Моддаи 6. Танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
1. Танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои амаликунандаи фаъолияти муҳофизавӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, сохтори махсусгардонидашудаи муҳофиза дар доираи ваколатҳои онҳо амалӣ гардида, иборат аст аз:
1) ҳифзи объектҳое, ки таҳти муҳофиза қарор мегиранд;
2) назорат, бурдани ҳисоби ягона ва назорати сохторҳои амалисозандаи фаъолияти муҳофизавӣ;
3) назорати техникии фаъолияти ташкилотҳо оид ба лоиҳакашӣ, насб, танзим ва хизматрасонии техникии таҷҳизот ва воситаҳои техникии муҳофизавӣ;
4) муайян намудани тартиби хизматрасонии муҳофизавӣ;
5) андешидани чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои поёнии он, корхона, муассиса ва дигар ташкилоти давлатӣ лоиҳакашӣ, насб, танзим ва хизматрасонии техникии таҷҳизот ва воситаҳои техникии муҳофизавӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ манъ аст.

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ дохил мешаванд:
1) амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ;
2) қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти муҳофизавӣ;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ;
4) тасдиқи феҳристи объектҳое, ки ба таври ҳатмӣ муҳофиза карда мешаванд;
5) тасдиқи низомномаи сохтори махсусгардонидашудаи муҳофиза;
6) тасдиқи тартиби бозрасӣ намудани воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон;
7) муқаррар намудани тартиби амалигардонии назорати техникии фаъолияти ташкилотҳо оид ба лоиҳакашӣ, насб, танзим ва хизматрасонии техникии таҷҳизот ва воситаҳои техникии муҳофизавӣ аз ҷониби сохтори махсусгардонидашудаи муҳофиза;
8) амалисозии салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ваколатҳои зеринро амалӣ мегардонад:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ;
2) идоракунӣ ва назорати фаъолияти сохтори махсусгардонидашудаи муҳофиза;
3) тасдиқи сметаи ҳарсолаи даромад ва хароҷоти сохтори махсусгардонидашудаи муҳофиза;
4) тасдиқ намудани дастурамал оид ба роҳбаладӣ намудани борҳои қиматнок ва хавфнок, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ интиқол дода мешавад;
5) таъсиси аудити дохилӣ;
6) тасдиқи дастурамал оид ба тартиби муоинаи объектҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
7) муайян намудани ташкил ва тартиби омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ;
8) тасдиқи намунаи жетони корманди сохтори махсусгардонидашудаи муҳофиза;
9) амалисозии ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Вазифаҳои сохтори махсусгардонидашудаи муҳофизаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
1. Сохтори махсусгардонидашудаи муҳофизаи мақоми ваколатдори давлатӣ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ;
2) назорат, бурдани ҳисоби ягона ва назорати сохторҳои амалисозандаи фаъолияти муҳофизавӣ дар доираи объектҳое, ки ба таври ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ муҳофиза карда мешаванд;
3) ташкил намудани воҳиди корӣ дар ҳайати кормандон, ворид намудани тағйирот ба он;
4) таъмин намудани ҳайати шахсии сохтори махсусгардонидашуда бо шаҳодатномаҳои хизматӣ;
5) бозрасӣ ва додани амрномаҳо оид ба фаъолияти муҳофизавӣ ба вазорату идораҳо, корхона, ташкилоту муассисаҳое, ки ҳифзи объектҳои онҳо ба зиммаи ин сохтор вогузор шуда, дар феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида дохиланд;
6) муқаррар ва тасдиқи нархномаҳои хизматрасонии муҳофизавӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ;
7) таъсис додани хазинаи захиравӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти муҳофиза бо мақсади харидорӣ ва истифодаи воситаҳои алоқа ва техникаи махсус, воситаҳои нақлиёт, моликият, маводи сӯзишворӣ, манзил барои кормандон, сохтмони биноҳо ва хароҷоти дигар;
8) амалӣ намудани вазифаҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Сохтори махсусгардонидашудаи муҳофизаи мақоми ваколатдори давлатӣ

БОБИ 3. НАМУДҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ МУҲОФИЗАВӢ
ВА ТАРТИБИ АМАЛИСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ ОН
Моддаи 10. Намудҳои хизматрасонии муҳофизавӣ
Намудҳои зерини хизматрасонии муҳофизавӣ иҷозат дода мешавад:
1) интиқоли борҳои қиматнок ва хавфнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ;
2) ҳифзи объектҳо, молу мулки дар объектҳо мавҷудбуда, аз ҷумла молу мулки шахсони воқеӣ;
3) анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, насб ва хизматрасонӣ оид ба истифодаи воситаҳои техникии муҳофиза;
4) машваратдиҳӣ ва таҳияи тавсияҳо ба муштариён оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи кормандонашон аз суиқасди ғайриқонунӣ;
5) таъмини тартибот дар объектҳои муҳофизатшаванда ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ;
6) таъмини реҷаи гузарномадиҳӣ ва дохилииншоотӣ дар объектҳои муҳофизатшаванда.

Моддаи 11. Хизматрасонии муҳофизавӣ ва тартиби амалисозии фаъолияти он
1. Хизматрасонии муҳофизавӣ дар асоси шартномаи хаттӣ амалӣ мегардад. Дар шартнома маълумотҳои зерин бояд дарҷ гарданд:
1) сана ва ҷои бастани шартнома;
2) тарафҳо ва созиши онҳо вобаста ба бастани шартнома;
3) муқаррароти умумӣ (ҳудуди таъмини муҳофиза, ҳатмӣ будани иҷрои талаботҳои шартнома, пардохти ҳаққи хизмати муҳофиза ва дигар масъалаҳо вобаста ба пардохти ҳаққи хизмат);
4) вазифаҳо ва уҳдадориҳои тарафҳо;
5) ҳолатҳои фавқулодае, ки мақомоти муҳофиза барои он ҷавобгар нест;
6) тартиби ҳалли баҳсҳо;
7) муҳлати амали шартнома;
8) шартҳои махсус ва муқаррароти хотимавӣ;
9) суроғаи ҳуқуқии тарафҳо.
2. Тартиби ба имзо расондан, тағйир додан, иҷро намудан, қатъ намудани шартномаи хизматрасонии муҳофизавӣ, масъулияти тарафҳо оид ба шартнома тибқи қонунгузории амалкунанда, бо дар назар доштани хусусиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
3. Намунаи шартномаи хизматрасонии муҳофизавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешавад.

БОБИ 4.ХИЗМАТ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МУҲОФИЗАВӢ,
ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН, КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУҲОФИЗАВӢ

Моддаи 12. Хизмат дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон
Хизмат дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон дар фаъолияти муҳофизавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 13. Кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандон дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
1. Корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ намояндаи ҳокимияти давлатии иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошад. Сӯиқасд дар ҳама гуна шаклҳояш ба корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ боиси фавран гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо тавассути воситаю усулҳое мегардад, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст.
2. Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, инчунин дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
3. Корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ кафолати ҳифзи судӣ дорад.
4. Ҳамаи кормандони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ бояд аз ҳисоби маблағҳои дахлдори мақомоти фаъолияти муҳофизавӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатии шахсӣ фаро гирифта шаванд.
5. Ҳангоми ҳалок гардидани корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 маоши таъминоти пулии ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори мақомоти фаъолияти муҳофизавӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблағ аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад.
6. Дар сурати ба корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ расонидани зарари ҷисмоние, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шудан имконнопазир аст, ба ӯ ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми 6 маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори мақомоти фаъолияти муҳофизавӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз ҳисоби шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад.
7. Дар сурати пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ аз хизмат дар натиҷаи бемории дар рафти адои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ пайдонамуда ба ӯ кӯмакпулии яквақтаина ба андозаи 5 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
8. Зараре, ки ба моликияти корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, аҳли оила ё хеши наздикаш вобаста ба фаъолияти хизматии ӯ расонида шудааст, бо тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аздастрафта низ талофӣ карда мешавад.
9. Ба шахсоне, ки барои хизмат дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ қабул шудаанду манзил надоранд, манзили истиқоматии хизматӣ дар шакли хонаи алоҳида ва ё ҳавлӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад.
10. Кормандони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, ки дар мақомоти фаъолияти муҳофизавӣ беш аз даҳ сол кор кардаанд, инчунин аъзои оилаи корманди вафоткардаи соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ бе додани манзили дигар набояд аз манзили хизматӣ бароварда шаванд.
11. Кормандони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, ҳуқуқ доранд барои сохтмони кооперативӣ ва инфиродӣ ба мӯҳлати 20 сол қарзи имтиёзнок гиранд, ки 50 фоизи он аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохта мешавад.
12. Мақомоти фаъолияти муҳофизавӣ ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби манбаи молиявии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои кормандони худ, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, манзил харида диҳанд.
13. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзили кормандони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, моликияти коммуналиро ҳангоми собиқаи хизматии беш аз бистсола доштан, инчунин ба аъзои оилаи онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, ба таври ройгон медиҳад.
14. Дар сурати ҳалок гардидани корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ, ба оилаи ӯ манзил дар ҳамон асосҳое, ки ҳангоми дар навбат истодани вай мавҷуд буданд баъди ҳалок шудани корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ бояд аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шавад. Барои кормандони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ва аъзои оилаи онҳо, аз он ҷумла оилаи корманди ҳалокгардида тахфифи панҷоҳфоизаи пардохти хонапулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ (ба истиснои маблағи истифодаи газ, барқ ва телефон) муқаррар карда мешавад.
15. Фарзандони кормандони соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ба муассисаҳои томактабии кӯдакона бояд дар давоми се моҳи ариза доданашон қабул карда шаванд.
16. Корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, ки дар сафари хизматӣ мебошад, ҳуқуқи бе навбат гирифтани чиптаро ба ҳама гуна нақлиёт, инчунин дар меҳмонхона аз рӯи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ҷойгир шуданро дорад.
17. Корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, ки бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, ба сабаби беморӣ ба нафақа меравад, ба имтиёзҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз ҷумла ба таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.
18. Андозаи нафақаи корманди соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ, ки бинобар расидан ба синни муқарраршуда ё бо сабаби беморӣ аз кор озод карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни харбӣ» ҳисоб карда мешавад.

БОБИ 5. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИЮ ИҶТИМОӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МУҲОФИЗАВӢ
Моддаи 14. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
Маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, маблағҳои аз ҳисоби шартномаи хизматрасонии муҳофизавӣ бадастомада, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пардохт мешавад.
Моддаи 15. Таъмини соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ бо биноҳои хизматӣ
Мақомоти ҳокимияти иҷроия мақомоти соҳаи фаъолияти муҳофизавиро бо тартиби муқарраргардида бо биноҳои хизматӣ ва дигар биноҳо таъмин мекунанд.
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР
СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МУҲОФИЗАВӢ
Моддаи 16. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муҳофизавӣ ва дигар субъектҳои амаликунандаи фаъолияти муҳофизавӣ мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои муҳофизаи молу мулк, роҳбаладии борҳо, гирифтани таҷҳизот ва воситаҳои муҳофизавӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори онҳо, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд.

БОБИ 7. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МУҲОФИЗАВӢ
Моддаи 17. Назорат ба фаъолияти муҳофизавӣ
Назорат ба фаъолияти муҳофизавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳофиза ва субъектҳои амаликунандаи фаъолияти муҳофизавӣ дар доираи салоҳияташон, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.02.2022 16:35
22