Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 51-сола бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия собиқ сардори ФҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Истаравшан марди 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июни соли 2022 бо масъулини ҶДММ «Саноат ва сохтмон»-и шаҳри Истиқлол, барои харидорӣ намудани 3 ҳазору 100 метр ноқили СИП-4 ба маблағи 220 ҳазору 875 сомонӣ ва моҳи сентябри соли 2022, бо масъулини ҶДММ «Тавфиқ» барои харидорӣ намудани як адад автомашинаи тамғаи «Шеврале-НИВА», ба маблағи 122 ҳазор сомонӣ ва як адад автомашинаи тамғаи «Тайота-РАВ 4», ба маблағи 247 ҳазор сомонӣ маслиҳати пешакӣ намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои сохта, бо роҳи нишон додани маблағи молу маҳсулот, дар маҷмуъ 291 ҳазору 475-сомониро тасарруф намудаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245, қисми 2 моддаи 295 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.06.2025 8:27
21