Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ворид гардидани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

         Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008 №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод 708, №11, мод. 955, №12, қ.1 мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132; №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275; №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1.Моддаи 3501 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“Моддаи 3501. Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ.

Барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, -

ба шахсони вокеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз чорсад то шашсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.”.

1.Дар матни моддаи 530, ном ва матни моддаи 533 калимаҳои “иҷрочии суд” ба калимаҳои “иҷрочии мақомоти иҷро” иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

                 ш. Душанбе

           20 июни соли 2019

                №1611

 

19.09.2019 15:00
15