Ҳалокати 3 ноболиғ дар натиҷаи сӯхтор
7-уми июни соли 2025, тахминан соати 23:51-дақиқа дар манзили истиқоматии шаҳрванд Холмуродов Карим Ашурович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 35 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст.
Дар натиҷа, аз дуди ғализ 3 фарзанди ноболиғи шаҳрванд Холмуродов К.А. фавтидаанд.
Сабаби сӯхтор беназорат гузоштани шамъ мебошад.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.