Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 12-уми феврали соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, ваъда додааст, ки бар ивази 638 ҳазор сомонӣ аз шиносаш 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ-Х7», соли бароришаш 2022-ро оварда медиҳад ва ҳамчун пешпардохт аз ӯ 330 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз моҳи март то моҳи ноябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, бо баҳонаи барои васеъ намудани фаъолияти соҳибкориаш ва аз Ҷумҳурии Мардумии Чин матоъҳои гуногун оварда ба фурӯш баровардан аз ҷабрдида 2 миллиону 470 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то моҳи январи соли 2025 маблағи гирифтаашро пурра пардохт менамояд, аммо маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.