Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани ҷароҳат бо доскала

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 28-уми майи соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар саҳрои хоҷагии деҳқонии №4-и ноҳияи Б.Ғафуров бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷангу ҷангҷол намуда, бо истифода аз доскала ҷабрдидаро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.06.2025 8:20
24