Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ  нисбати марди 60-сола барои исрофкорӣ ё азонихудкунӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 60-солаи сокини ноҳияи Восеъ аз соли 2011 то инҷониб дар вазифаи сардори қитъаи барқии “Даҳана ва Зиракӣ”-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, аз бепарвоӣ ва фориғболии худ як миқдор молу ашёҳои шабакаҳои барқиро тасарруф ва азони худ намудааст.
Гумонбаршаванда аз моҳи август то моҳи ноябри соли 2024 аз амбори Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб 15-адад “Флажок” ба маблағи 8 ҳазору 597 сомониву 10-дирам, 20-адад “Изолятори ИО-10” ба маблағи 5 ҳазору 105-сомонӣ, 50-адад “Изолятори ШС-10” ба маблағи 12 ҳазору 782-сомонӣ, 50-адад “Изолятори ШФ-10” ба маблағи 4 ҳазору 760-сомонӣ ва 2-адад “Рубилник 630Ам” ба маблағи 5 ҳазору 900-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 37 ҳазору 144-сомониро барои таъмир намудан гирифта, молу ашёҳои гирифташударо дар ҷойҳои муқарраршуда муҷаҳҳаз нагардонида несту нобуд кардааст.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки сардори қитъаи барқии “Даҳана ва Зиракӣ”-и Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб марди 60-сола молу ашёҳои дар боло зикркардашуда, ки арзиши 37 ҳазору 144-сомониро ташкил медиҳад, азонихуд ва исроф намуда, ба Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб зарари молӣ ва моддӣ расонидааст. 
Нисбати  гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.06.2025 8:40
25