Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо коршиноси байналмилалии Созмони байналмилалии муҳоҷират

4-уми июни соли 2025 вохӯрии Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо коршиноси байналмилалии Созмони байналмилалии муҳоҷират Татяна Котляренко баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон, инчунин кушишу тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон табодули афкор намуданд.

Гул Маҳбуба.

04.06.2025 20:30
193