Намоиш-фурӯши идона дар РВКД вилояти Суғд
4-уми июни соли 2025 дар арафаи иди Қурбон тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати таъминоти кормандон ба маҳсулоти ниёзи аввал дар саҳни бинои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ибтикори роҳбарияти Раёсат намоиш-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоти хурокворӣ ташкил карда шуд.
Маҳсулоти ниёзи аввал гушт, равған, тухм, макарон, орд, биринҷ, полезию сабзавот бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор аз 30 то 50% арзон пешниҳоди харидорон ва чорабинӣ дар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Ҳайати шахсӣ дар ин чорабинӣ иштирок ва вобаста ба талабот маҳсулот харидорӣ карданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.