Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи футбол дар Раёсати хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд

Ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҳайати шахсӣ,  роҳбарияти Раёсати ХД «Муҳофиза»-и ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи даставии раёсат дар байни шуъбаҳои минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд. Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ хабар доданд дар мусобиқаи мазкур 13 даста аз ҳисоби дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ аз рӯйи системаи олимпӣ дар майдончаи футболбозии шафати «Варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд байни ҳам нерӯсанҷӣ карданд. Ҷараёни мусобиқа нишон дод, ки дастаҳо омодагии хуб дидаанд. Аз ҷумла дастаҳои Раёсати вилоятии Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулов аз дастаҳое буданд, ки нисбат ба ҳарифон бозии натиҷаовар нишон дода то ба давраи ниманиҳоии мусобиқа расиданд.
Бозии даври ниманиҳоӣ байни дастаи Раёсат ва шуъбаи ХД “Муҳофиза” дар шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии дастаи Хуҷанд ва мусобиқа байни дастаҳои шуъбаи ХД “Муҳофиза” дар ноҳияи  Б.Ғафуров бо шуъбаи мазкур дар ноҳияи Ҷ. Расулов бо ғолибияти шуъбаи ХД “Муҳофиза” дар ноҳияи Б.Ғафуров анҷомид. Ду дастаи беҳтарин барои рақобати ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҳамин тариқ дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои раёсати ХД “Муҳофиза” ва ноҳияи Ҷ. Расулов қувваозмоӣ карда дастаи Раёсат бо ҳисоби 4:0 ҳарифи худро мағлуб ва ҷоизадори зинаи сеюми ифтихорӣ гашт.
Рақобати дастаҳои шуъбаҳои ХД “Муҳофиза” дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза” дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ҳисоби бузурги 6:1 ба ғалабаи дастаи Хуҷанд хотима ёфт ва дастаи ғолиб мақоми якуми ифтихориро соҳиб шуда ҷоизадори мусобиқа эътироф шуд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа, ки санаи 3 июн баргузор гашт сардори Раёсати ХД “Муҳофиза”-и ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ҷурақулзода Умед Маҳмадсаид ғолибони ин чорабинии варзиширо табрик намуда ба бозингарони ҳамаи дастаҳо ҷиҳати нишон додани бозии хубу зебо арзи сипос намуд. Футболбозони беҳтарини мусобиқа ва дастаҳои ғолибу ҷоизадор бо медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, ҳамчунин Ҷому ҷоизаҳо дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки  ҷараёни мусобиқаи доирнамудаи Раёсати ХД “Муҳофиза”-и ВКД дар вилояти Суғд имконият медиҳад, ки дастаи футболбозии хадамоти мазкур аз ҳисоби футболбозони бомаҳорат тартиб дода шавад.    
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

04.06.2025 19:22
17