Сафарбар шудани кормандон ба курсҳои такмили ихтисос
Ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар ҳама соҳаҳо муҳим буда имконият медиҳад, ки кормандон аз навгониҳои самти фаъолият бохабар ва донишҳои назаравию амалии худро мустаҳкам созанд. Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар ин самт таваҷҷуҳи махсус дода дар заминаи имкониятҳои таълимии Факултети 4 Академияи ВКД мунтазам ҳайати шахсиро вобаста ба самтҳои фаъолияти хизматӣ ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар менамояд.
Барномаи навбатии таълимӣ, гуруҳи кормандони ХШБ ва хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шуъбаҳои ВКД аз шаҳру ноҳияҳои вилоятро фаро гирифт. Ҳайати омӯзгорону профессорони муассисаи олии таълимӣ давоми як моҳи тақвимӣ аз навгониҳои раванди қонунгузорӣ, фармону дастурамалҳои соҳавӣ, технологияи комуникатсионӣ, муоширот бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияту хизматрасонӣ бо аҳолиро ба кормандони амалӣ омӯзониданд. Баъди омӯзиши барномаи пешбинишуда ва супоридани бомуваффақи санҷишу имтиҳоноти дахлдор таълимгирандагон соҳиби ҳуҷҷати тасдиқкунанда гардиданд.
Ба муносибати хатми курси омӯзишӣ чорабинӣ баргузор намуда роҳбарияти факултет дар баробари таманниёт ба мисли барору комёбӣ дар иҷрои рисолати касбӣ ва хизмат ба халқ, аз кормандон даъват ба амал овард, ки баҳри дар амал тадбиқ намудани донишҳои азхудкарда ва пайваста такмил додани маҳорату малакаи касбӣ талош намоянд.
Тавре таъкид рафт ба курси таълимӣ фарогирифташудагон кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон дар раванди таълим иштироки фаъолона доштанд. Аз ҳамин ҷиҳат қисме аз онҳоро барои иштироки фаъол дар дарсҳо, қобилияти зеҳнӣ ва ҳозирҷавобию боинтизомӣ бо Сипоснома қадршиносӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ба рушди маҳорату малакаи касбӣ таъсир расонида кормандон аз ҷиҳати назариявию амалӣ обутоб меёбанд.
Академияи ВКД ҳамчун муассисаи олӣ дар кишвар дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос натанҳо барои сохтори мақомоти корҳои дохилӣ балки дар таъмини кадрҳои соҳаи ҳуқуқу тартибот ва низомӣ баҳри дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ саҳмгузор аст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.