Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани марди 43-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 31-уми майи соли 2025, ҳангоми дар молбозори шаҳраки Шарора қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 43-солаи сокини ноҳияи Муъминобод содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

02.06.2025 8:24
50