Ошкор шудани якчанд кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022 марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31 ҳазору 10 доллари амрикоиро бо баҳонаи ривоҷ додани фаъолияти соҳибкориаш гирифта ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда маблағҳои гирифтаашро барнагардонида ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 255 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки то моҳи декабри соли 2024 маблағҳои гирифтаашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо ҳамагӣ 45 ҳазор доллари амрикоиро барнагардонида, боқимонда маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 210 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми январи соли 2025, тахминан соати 10:00, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 29 тонна хӯроки чорвои намуди кунҷораро ба маблағи 104 ҳазору 400 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки маблағашро дар муҳлати як шабонарӯз оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда хӯроки чорворо ба шахси ба тафтишот намаълум фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.