Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

27-уми майи соли 2025, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси», Абдурасулов Абдухалил Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «DAF», ки ба Мусоев Аҳадҷон Анварҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Бохтар тааллуқ дошта, дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси», Абдурасулов А.А. ва мусофири автомашинаи мазкур Мамадраҷабов Ҷавлон Бекназарович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Бохтар аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
28-уми майи соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Спритер», Садриддин Шамсиддинзода, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода пиёдагард Давлатов Сулаймон Бедимоғович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Давлатов С.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

29.05.2025 8:42
62