Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо қарорит маҷлиси умумии АИО (Асотсиатсияи истифодабарии об) «Мирзобаҳодур» аз 20-уми марти соли 2016 ба ҳайси раиси АИО «Мирзобаҳодур» таъин карда шуда, бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ сардори ИДБЗО (Идораи давлатии беҳдошти замин ва об)-и ноҳияи Б.Ғафуров марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҳисоби 27 нафар аъзоёни истифодабарандагони об маблағи ҳаққи истифодаи оби полезиро ҳамчун шахси масъул ба маблағи 22 ҳазору 573 сомониву 55 дирам ҷамъоварӣ намуда, маблағи мазкурро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст ба суратҳисоби системаи билингии «ID»-и коди ҳар як истифодабаранда насупорида, байни худ тақсим намуда, ба эҳтиёҷоташон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ дар асоси фармони роҳбари Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар аз 8-уми ноябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи сарнозири зеристгоҳи “Каҳрамон” 35/10 кВ шабакаҳои барқи ноҳияи Дӯстии филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар фаъолият намуда, ҳамчун шахси ҷавобгари моддӣ ба ҳисоб рафта, аз муштариёни тиҷоратии ноҳияи Дӯстӣ дар умум маблағи 27 ҳазору 400 сомонӣ ҳаққи истифодаи қувваи барқро тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ намуда, маблағҳои мазкурро ба суратҳисоби Шабакаҳои барқии ноҳияи Дӯстӣ ворид накарда, онро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш дидаю дониста, тавассути дастгоҳи (пост-терминал) ПАКС иттилооти баръало бардуруғро ба барномаи “Таль-биллин”, ки дар системаи шабакаи компютерӣ нигоҳ дошта шудааст, ворид намуда, истифодаи қувваи барқи аз 27 муштариёни тиҷоратии ноҳияи Дӯстӣ маблағи 27 ҳазору 400 сомонӣ кам ворид намуда, маблағҳои зикршударо азонихуд намуда, ба Шабакаҳои барқии ноҳияи Дӯстӣ ва давлат зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 ва қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷининоятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.