Ошкор шудани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи Темурмалик муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2024, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 260 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки мазили истиқоматии ҳаҷмаш калонтар гирифта медиҳад, аммо гумонбаршаванда, ба ваъдааш наистода, то ҳол ӯро фиреб карда гаштааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд қаблан соли 2023 бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, санаи 16-уми майи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи шаҳрвандаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар шаҳри Душанбе ба соҳибкорӣ машғул мебошад, даромада, худро ҳамчун соҳибкори пешқадам дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд муаррифӣ намуда, аз ӯ 156-адад таҷҳизоти гармӣ ва хунукидиҳанда “Кондитсионер”-ро ба маблағи 49 ҳазору 140 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро худи ҳамон рӯз пардохт мекунад, аммо таҷҳизотҳои мазкурро ба дигарон ба фурӯш бароварда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо маслиҳати пешакӣ бо падараш марди 58-солаи сокини ҳамон ҷо, ҷойи кораш директори ҶДММ «Шелон иншоот», 23-юми апрели соли 2025, тавассути миёнарав бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс ҶЛС», ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи «Мерседес Бенс», арзишаш 80 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус ЛС», арзишаш 50 ҳазор доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 215 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба миёнарав 3 ҳазор доллари амрикоӣ дода ва ба ҷабрдида 1-адад шартнома оид ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар сохтмони манзили истиқоматии баландошёнаи «Шелон иншоот», воқеъ дар кӯчаи Қазоқон баста, қайд кардаанд, ки аз якум ошёнаи бинои сохтмони нав дар ҳаҷми 310 метри мурабаъ мағоза медиҳанд, бо ҳамин бо ӯ шартномаро ба маблағи 3 миллиону 301 ҳазору 500-сомонӣ бастанд лекин, ӯ ба онҳо ҳамагӣ 218 ҳазор доллари амрикоӣ додааст, баъдан ҷабрдида огоҳ мешавад, ки гумонбаршавандагон ӯро фиреб дода, мағозаро аз якум ошёна нею балки аз таҳхонаи бинои мазкур додаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.