Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаппа шудани автомашина ба чуқурии 300 метр

26-уми майи соли 2025, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Бобоев Рустам Маҳкамович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар 66-ум километр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 300 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Бобоев Р.М. ва мусофиронаш Шарипова Меҳрона Шодиқуловна, соли таваллудаш 2004 ва Шоҳраҷабова Бибимоҳ Мирзораҷабовна, соли таваллудаш 1967, сокинони ноҳияи Айнӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, мусофирони дигари автомашинаи мазкур Азимзода Қаюмхоҷа, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Мастчоҳ ва Наврузова Пулод Ашурбоқиевна, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

27.05.2025 8:47
49