Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 41-сола барои ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 24-уми апрел то 15-уми майи соли 2025, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Гулистонро ба марди 35-сола ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Б.Ғафуров ва марди 32-сола ва ҷавонзани 26-солаи сокинони ноҳияи Спитамену шаҳри Хуҷанд барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш ҳамчун мукофот 600 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.05.2025 8:24
74