Варзишгарони "Динамо" дар чемпионати Осиё дар Қатар иштирок мекунанд
Аз 26 то 31-уми майи соли 2025 дар давлати Қатар чемпионати Осиё байни устодон оид ба вазнабардорӣ баргузор мегардад, ки дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ду нафар варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ Сангов Асомуддин ва Зиёев Абдуфатоҳ иштирок хоҳанд кард.
Ба ин муносибат муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо варзишгарони мазкурро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо дар мусобиқаи дар пешистода барору комёбиҳо таманно кард.