Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 54-сола барои ташкил намудани фоҳишахона 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 11-уми апрели соли 2025, хонаи истиқоматиро воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба иҷора гирифта, ба фоҳишахона табдил дода, ба ҷавони 25-сола ва зани 35-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 450 сомонӣ гирифтааст. 
Инчунин гумонбаршаванда 24-уми апрели соли 2025, хонаи истиқоматии воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, ба зани 28 ва марди 29-солаи сокинони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ёвон барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 500 сомонӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда 21-уми майи соли 2025, хонаи истиқоматии воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 28 ва зани 31-солаи сокинони шаҳрҳои Турсунзодаву Душанбе барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 600 сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

23.05.2025 8:12
56