Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи октябри соли 2024 дар кӯчаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини пойтахт даромада, барои рушду равнақи фаъолияти соҳибкориаш аз ӯ 257 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта ваъда додааст, ки дар мӯҳлати 4-моҳ маблағҳоро бо пуррагӣ бармегардонад. Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки аз моҳи феврали соли 2025 бо роҳи фиреб марди 46-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ба бовариаш даромада, аз ӯ дар 4 марҳилла 20 тоннаву 490 килограмм “Кунҷора” ба маблағи 5-сомонӣ барои 1 килограмм ҳисобӣ намуда, гирифта ваъда додааст, ки 102 ҳазору 450 сомонӣ баъдан оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

23.05.2025 8:10
497