Баргузор гардидани нишасти навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятии Тоҷикистону Эрон
20 майи соли 2025, дар толори маҷлисии бинои №1 МД «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Пурҷамшедиён, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ва ҳамроҳонаш нишасти навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур ҳамчун идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олии сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардида, дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.