Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Нидерландия манъи пӯшидани фаранҷӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эътибор пайдо кард

 

Рӯзи панҷшанбе дар Нидерландия қонуне, ки пӯшидани либоси пинҳониро маҳдуд мекунад, эътибор пайдо кард. Бино бар иттилои АМИТ «Ховар», хабаргузории «Казинформ» бо такя ба NL Times хабар додааст.

Аз имрӯз либосе, ки рӯйро ба пуррагӣ мепушонад дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.
Ин манъкунӣ ҳам ба фаранҷӣ ё ниқоб ва ҳам ба рӯпуш ва кулоҳҳои мотосиклронҳо, ки рӯйро комилан пинҳон мекунад, тааллуқ дорад. Агар шахс бо дархости қонун кушодани рӯйро рад кунад, метавонанд вуруди ӯро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ рад кунанд ва ё 150 евро ҷарима карда шаванд.
Чунин либосҳоро ҳоло ҳам дар кӯча пӯшидан мумкин аст, аммо полис метавонад барои муайян кардани шахсият барои кушодани рӯй дархост кунад.
Аввалин лоиҳаи қонун дар бораи манъи фаранҷӣ ба парлумони Ҳолланд 14 сол пеш пешниҳод шуда буд, аммо дар он замон, қисман бо сабаби табъиз будани он, дастгирӣ наёфт. Қонуни ҷорӣ дар бораи маҳдуд кардани пӯшидани либосҳои рӯйпуш моҳи июни соли гузашта аз ҷониби парлумони Ҳолланд қабул карда шуд. Аз он вақт инҷониб дар бораи чӣ гуна татбиқ шудани қонун муҳокимаи тӯлонӣ сурат гирифт.
Бознашр аз АМИТ «Ховар».

05.08.2019 11:41
13