Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Чехия мехоҳанд пӯшонидани рӯйро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кунанд

Сомонаи Idnes.cz иттилоъ дод, ки парламенти Чехия қонун дар бораи манъи пӯшонидани рӯйро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ омода менамояд.

Чунин қонун ба наздикӣ дар Дания мавриди амал қарор гирифт. Ҳамчунин манъи пӯшонидани рӯй дар Фаронса, Нидерландия, Норвегия ва Австрия амал мекунад.
Ин чораи маҳдудкунанда ба занон иҷозат намедиҳанд, ки бурқа ва ё ниқоб пӯшанд.
Дар Чехия лоиҳаи қонунро демократҳои христианӣ, Ҳизби ростини демократии Томио Окамури, сотсиал-демократҳо, ҳаракати STAN ва сарвазир Андрей Бабиш дастгирӣ менамоянд.
Муқобили он демократҳои шаҳрвандӣ ва ҳизби ТОП 09 баромад мекунанд.
Тарафдорони ин иқдом изҳор медоранд, ки қонун дар самти терроризм ва монеаэҷодкунии муайян кардани шахсияти инсон ба воситаи технологияи муосир равона гардидааст.
Зиддияткунандагон боварӣ доранд, ки барои Чехия чунин қонун масъалаи рӯзмара нест.

 

02.08.2018 11:09
9