Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 17-уми майи соли 2025, шахсони номаълум роҳи пинҳонӣ ба бинои навсохтмонаш даромада, аз онҷо 10-адад рулони ноқилҳои барқиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 39-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.