Ошкор шудани ду ҳолати ғоратгарӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 29-уми апрели соли 2025, тахминан соати 23:50-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар назди бозорчаи “Жилмассив” дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро аз баландии ду метр ба замин афтонида, мавриди лату кӯб қарор дода, аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-15-5ҷ”, арзишаш 2 ҳазору 300 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 18, 19 ва 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 17-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳри Бохтар шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-А51”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 300 сомонӣ ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.